Хабарҳо
БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД
Дар маркази иттилоотии Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода мулоқоти роҳбарони вилояти Хатлон бо ҷавонон, варзишгарон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», «Илм - фурӯғи маърифат» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, мудирони бахшу шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, ҷавонону наврасони фаъол, варзишгарон ва ғолибони озмунҳо ширкат намуданд.
Таъкид гашт, ки ҷавонони вилояти Хатлон дар радифи ҷавонони ҷумҳурӣ баҳри пойдории сулҳу субот, бунёдгарӣ ва пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми шоиста доранд ва маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.
Соли 2022 дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мардуми вилояти Хатлон соли барору комёбиҳо ва авҷи бунёдкориву созандагиҳо буд. Бояд гуфт, ки ғолиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардидани Шаҳло Сайдалиева, аз ноҳияи Данғара, боиси ифтихори ҳамагон аст. Ғолибии Эмомалӣ Нуралӣ аз намуди ҷудо дар мусобиқаи ҷаҳонӣ аз ноҳияи Хуросон, барандаи Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс байни ҷавонон дар Федератсияи Россия гаштани Шамшер Саидов ва Миҷгона Самадова аз ноҳияи Восеъ, қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта байни наврасон шудани Суннатулло Наврӯзов аз шаҳри Бохтар, инчунин, ҳамаи ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” намунаи ибрати тамоми ҷавонону варзишгарони вилоят мебошанд.
Дар вилоят бо мақсади шароити зарурӣ фароҳам овардан ба масъалаи таҳсилоти муносиби насли наврасу ҷавон 7 донишгоҳу донишкада, 32 коллеҷ ва 18 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият дорад, ки дар маҷмуъ, дар муассисаҳои зикргардида 81690 ҷавон ба таҳсилоти дастрасу босифат ва муносиб фаро гирифта шудаанд. Айни замон, аз байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ, миёна ва миёнаи касбӣ 1200 нафар беҳтаринҳо барандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Шумораи гирандагони стипендияи раиси вилояти Хатлон ба 130 нафар расидааст.
Дар радифи дигар озмунҳои ба рушди маънавиёти ҷомеа мусоидаткунанда, соли 2022 дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ин самт ҷиҳати дастгирӣ ва қадршиносии ғолибони даври вилоятӣ 237 ҳазор сомонӣ пешбинӣ кардааст.
Ҳадафи озмуни навбатӣ арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгон дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши бештари таърих, донистани ҳаводису воқеоти гуногуни бостонӣ, шинохти боз ҳам бештари бузургони миллат ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сатҳи донишварзии ҳар фарди ҷомеа маҳсуб меёбад.
Бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, варзишгарони Хатлон соли 2022 дар 29 мусобиқаи байналмилалӣ ва 133 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар умум 1101 медали тилло, 959 медали нуқра, 1166 медали биринҷӣ, ҷамъ 3226 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 438 медал зиёд мебошад.
Қабули Барномаи рушди футбол дар вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026, аз зумраи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди футбол ба ҳисоб меравад. Барои амалигардонии барнома аз буҷети маҳаллӣ 4 миллиону 736 ҳазору 500 сомонӣ ва аз Федератсияи футболи Тоҷикистон 11 миллиону 620 ҳазор сомонӣ, пешбинӣ гардидааст.
Дар Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон дастаҳои вилояти Хатлон: “Равшан”-и Кӯлоб, “Хатлон”-и Бохтар ва “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ натиҷаҳои хуб нишон медиҳанд.
Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор пеш аз муҳлат қаҳрамони Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум дар соли 2022 гардида, сазовори медали тилло шуд ва ба Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2023 роҳхат гирифт.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба ғолибони даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шаҳло Саидалиева, Динора Кароматзода, омӯзгорон Дилшод Шарифов, Зебунисо Қосимова, Мадина Сафарова ва ба дигар ғолибони мусобиқаҳои соҳавӣ туҳфаҳо тақдим шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 12838