logo

фарҳанг

КӮДАКОН ДАР БОҒЧА. ВАҚТИ ОНҲОРО ЧӢ ГУНА САМАРАНОК ГУЗАРОНЕМ?

 
Мо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ҳамеша аз он меандешем, ки вақти кӯдакон дар фазои боғча самаранок ва рангорангу пурмуҳтаво гузарад. Дар ин бобат ёрирасони асосии мо китобчаҳои махсуси кӯдакона аст, ки таркиби онҳо аз ҳикоячаҳои хурди ахлоқӣ, рақамҳо, рангҳо, бозиҳо ва шаклҳои гуногуни геометрӣ пур бошад, аммо сад афсӯс, ки чунин китобчаҳо чоп намешаванд ё чоп шаванд ҳам, бо шумораи кам, ки ба ҳар як муассиса намерасанд.
Дар робита ба ин масъала, адабиётшиносон, ноширон ва адибони бачагон бояд бештар фаъол бошанд. Дар телевизион, радио ва матбуоти даврӣ низ бештар аз адабиёти калонсолон ҳарф мезананду ба адабиёти кӯдак кам руҷуъ мекунанд. Илми адабиётшиносии мо ба ин бахши ниҳоят муҳими адабу фарҳанг ҳамчун як унсури умумии адабиёт менигарад. Ҳол он ки мушкилтарин кор барои кӯдак навиштану эҷод кардан аст. Вале аз мушкилӣ гурехтан, аз роҳи мураккабу пурмасъулият «парҳез» кардан, дар фазои тарбияи насли оянда холигиро ба вуҷуд меорад. Мо имрӯз наздик ба се миллион кӯдак дорем ва, мутаассифона, барои хониши иловагӣ ва беруназсинфии онҳо ба миқдори хеле кам китоб чоп мекунем.
Дар ҳақиқат, принсипи аз сода ба мураккаб гузаштани кӯдакони мо аксар маврид риоя намешавад. Ҳатто ҳастанд ҳолатҳое, ки баъзе матнҳои мушкилфаҳми китобҳои дарсӣ ва бадеии имрӯзро падару модарон низ намефаҳманд.
Дар бештари асарҳои барои кӯдак иншошуда содагӣ, забони равону фаҳмо, калимаҳои ба синну сол мувофиқ ва, аз ҳама муҳим, ҳикмату пандҳои тарбиявию ғоявӣ камтар мушоҳида мешаванд.
Дар замони муосир, ки шумораи чопхонаву ноширони хусусӣ афзудааст, фарқ гузоштан байни сараву носара низ мушкил шудааст. Аммо бо вуҷуди ин, агар дар оянда Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, нашриётҳои давлатии «Адиб», «Ирфон» ва «Адабиёти бачагона» табъу нашр ва сатҳу сифати китобҳои бачагонаро бештару беҳтар зери назорат гиранд, бовар дорем, ки ин мушкилиҳо тадриҷан ҳалли худро меёбанд.
 
Зевар ҒОЛИБШОЕВА,
омӯзгори МТМУ № 54 ба номи Лоиқ Шералӣ, ноҳияи Сино


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.01.2023    №: 13    Мутолиа карданд: 938
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед