logo

Хабарҳо

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

 
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрд, – хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар рафти мулоқот муносибатҳои дуҷониба, татбиқи созишномаҳои тарафайн ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, саноат, илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, вакилони шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аъзои ин ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳисоби кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ Анҷумани XV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардид.
Тавре Фаридун Ҳусензода, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонон хабар дод, нахуст, ҳисоботи муовини раиси Иттифоқи ҷавонон Умед Раҳимзода оид ба фаъолияти дусолаи охири Иттифоқ шунида шуд. 
Ҳайати нави раёсати Иттифоқ иборат аз 16 нафар интихоб гашт. Ба ҳайси муовини якуми раиси Иттифоқ Шабнам Раҳимзода, муовинони раис Сураҷ Чоршанбезода ва Умед Раҳимзода интихоб шуданд.
 
 
Дар Хуҷанд ба сохтмони  кӯдакистон санги асос гузоштанд
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба бунёди кӯдакистони наву замонавӣ санги асос гузошта шуд. Бинои нави кӯдакистони рақами 9 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шуда, дар он 350 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола даҳҳо иншооти соҳаи маориф бунёд гардида, барои таълиму тарбияи насли наврас беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад.
 
 
Иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар бетартибиҳои Қазоқистон асос надорад
5 январи соли 2023 дар Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Қазоқистон Берик Асилов дар бораи даст доштани шаҳрвандони дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бетартибиҳои оммавӣ, ки моҳи январи соли 2022 ба вуқуъ пайваста буданд, изҳори назар шудааст. 
Дар ин росто, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон қатъиян рад менамояд, – омадааст дар иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ.
 «Ба ҳолати моҳи январи соли 2023 ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба расондани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои болозикр ворид нагардидааст», – зикр шудааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.
 
 
Кумита ҳушдор мекунад!
Аз 9 то 11 январ, бо сабаби воридшавии мавҷи ҳавои сард аз самти ғарби Федератсияи Россия дар бештари манотиқи Тоҷикистон сардшавии ҳаво дар назар аст, – иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносӣ.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чарондани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ намоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 14658
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед