logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ. АЗ ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА ТО ТАВАҶҶУҲ БА САРНАВИШТИ БОНУВОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ки аз хатарноктарин зуҳуроти ҷаҳони муосир шинохта мешавад, мавқеи оштинопазир ва мақоми пешоҳангӣ дорад. Ҷомеаи мо бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба хатар ва таҳдидҳои терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардида, оқибатҳои даҳшатбор ва харобиовари онро бо хисороти ҷонӣ ва молӣ дар марҳилаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ паси сар намуд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароиро мунтазам пайгирӣ намуда, бо такмили қонунгузорӣ муқовимат ба ин зуҳуротро ҳамеша тақвият мебахшад. 
Бо мақсади амалигардонии қонунгузории мамлакат барномаву стратегияҳои миллӣ бо инъикоси сиёсати мақсаднок ва ҳамоҳангшудаи давлатӣ дар самти муқовимат ба терроризму ифротгароӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд, ки марҳилаи дуюми қабул ва амалишавии Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 23 декабри соли 2022 дар ротиба ба тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм ва ҳанӯз ҳам идома доштани мағзшӯии шаҳрвандон аз сӯи ифротгароён ишора намуда чунин таъкид карданд: “Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ тарбия намоянд”.
Қобили зикр аст, ки маҳз дар партави сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати кишвар, зиёда аз 400 нафар шаҳрванди кишвар, асосан, занону кӯдакон, аз кишварҳои ҷангзада ва, ҳамзамон, теъдоди зиёди донишҷӯёни тоҷик, бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, аз муассисаҳои таълимии ғайриқонунии динии кишварҳои хориҷӣ ба Ватан баргардонда шуданд. Зимнан, ҷиҳати андешидани чораҳои офиятбахшӣ ва барқарорсозии онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, лоиҳаи барномаҳои давлатӣ низ дар ин самт таҳия шуда, дар раванди тасдиқ қарор доранд.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар бисёр мавридҳо таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори занон ба во-ситаи таъсиррасонии ашхоси аз ҳақиқат дур ва дигар аъзои оила сурат гирифта, боиси ҷалби занон ба ин гурӯҳҳо мегардад. Бонувон тавассути мубаллиғони тундрав, шавҳарон, падару бародарон ва технологияҳои иттилоотӣ фирефтаи ақидаҳои бегонапарастӣ мегарданд, ки таъсири бевоситаи он ба раванди муноси-батҳои оилавӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва воридшавии фарҳанги бегона ба ҷомеаи мо мебошад.
Аз ин хотир, Пешвои муаззами миллат дар ин самт изҳори нигаронӣ намуда, занонро ба тарбияи дуру-сти фарзандон, нигоҳдошти арзишҳои миллӣ ва риояи танзиму анъанаҳои кишвар даъват карда, хотирни-шон намуданд, ки кумаки модарон дар ин самт ба давлату Ҳукумати мамлакат бениҳоят муҳим ва зарур аст. Аз ин рӯ, дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат занонро мебояд, ки бо ақлу заковати модарона, дуран-дешӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи инсонии худ дар тарбияи дурусти фарзандон, мутобиқ ба талаботи имрӯза, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳалли мушкилоту монеаҳои дар ҷомеа мавҷудбуда, масъулияти ҷиддитар зоҳир намоянд, зеро пешрафти давлат ва тақдири ояндаи сулҳу суботи комили Ватани маҳбубамон маҳз аз сатҳи донишу маърифатнокии фарзандони тарбиятнамудаи зан - модари тоҷик вобастагии калон дорад.
 
Сафаргул БУХОРИЕВА, 
сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кор бо кадрҳои Кумитаи кор бо занон 
ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2023    №: 14    Мутолиа карданд: 527
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед