иҷтимоиёт
ХУШУНАТ. МУШКИЛОТИ ИҶТИМОИЕ, КИ БОЯД РЕШАИ ОНРО БУРИД
Хушунат ва зӯроварӣ дар оила мушкилоти иҷтимоиест, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон алайҳи он муборизаву чораҳои пешгирӣ андешида мешаванд. Вале, бо вуҷуди ин, мушкилот дар ин самт ҳанӯз боқӣ монда, боиси пошхӯрии оилаҳо мегар-дад. Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нуҳмоҳаи соли гузашта ба Маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оилаи назди Кумита 1098 нафар (962 зан ва 136 мард) дар робита ба хушунат муроҷиат намудаанд.
Бо мақсади пешгирии хушунат ё худ зӯроварии хонаводагӣ нисбат ба занон ва дигар аъзои оила аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳо ва консепсияҳо қабул гардиданд. Кумитаи кор бо занон ва оила ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати гендерии Ҳукумати мамлакат дар асоси қонунгузорӣ ва бар-номаҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 ва дигар санадҳо ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ амал мекунанд.
Сабоҳати Рустам, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оила, зикр намуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани тамоюли болоравии хушунати хонаводагӣ дар назди Кумита маркази захиравӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии хушунат дар оила амал мекунад. Равоншиносону ҳуқуқшиносони марказ ҳамарӯза тариқи суҳбати рӯбарӯву телефонӣ ба таври ройгон маслиҳатҳои ҳуқуқиву психологии худро ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ мерасонанд. Барои огоҳ гаштан аз ҳуқуқҳои худ ва пешгирии хушунату зӯроварӣ миёни аҳолӣ вохӯриву фаҳмондадиҳиҳо ва аксияҳои иттилоотӣ бо тақсим намудани варақаҳои иттилоотӣ гузаронда мешаванд. Дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳолатҳои номатлуб, пошхӯрии оилаҳо, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, худкушӣ, зӯроварию хушанат дар оила ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон, мавриди гуфтугӯ қарор меги-ранд. Ҳамзамон, дар шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва миёнаи махсус бо до-нишҷӯёну хонандагон аз боби маърифати оиладорӣ ва пешгирӣ намудани тамоми омилҳои номатлуб, хоссатан пешгирии зӯроварӣ дар оила суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби Кумита анҷом дода мешаванд, то шаҳрвандон дар мавридҳои зарурӣ тавонанд, аз ҳуқуқҳои худ ҳимоят кунанд.
Дар пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои номатлуб мо бояд дастаҷамъона мубориза барем ва нагу-зорем, ки духтарону занони ҷавон аз таҳсил дур монда, ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайванданд ва ё ҳуқуқҳои онҳо дар оилаву ҷомеа поймол гардад.
Оламбегими НЕКҚАДАМ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.01.2023 №: 14 Мутолиа карданд: 571