Хабарҳо
ҶИУ-ҶИТСУ
Меҳроҷ дар Чин нишони тилло гирифт
Варзишгари тоҷик Меҳроҷ Камолов дар мусобиқаи кушоди ҷиу-ҷитсу, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргу-зор гардид, мақоми аввалро касб намуд.
Дар ин бора аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи кишвар иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Чемпионати ҷаҳон (27 октябр – 10 ноябр, Амороти Муттаҳидаи Араб) варзиш-гарони тоҷик 10 медал гирифта буданд.
ГАРЕТ БЭЙЛ
Қаҳрамони 5-каратаи Лигаи чемпионҳо корномаашро ба охир расонд
Футболбози 32-солаи уэлсӣ Гарет Бэйл аз анҷоми корномаи варзишиаш хабар дод. Ӯ дастпарвари бошгоҳи «Саутгемптона» буда, дар тимҳои “Тоттенҳем” ва “Реал” (Мадрид) ва «Лос-Анджелес» бозӣ кардааст.
Бэйл дар ҳайати “Реал” қаҳрамони Лигаи чемпионҳо (5 бор), Чемпионати Испания (3 бор), барандаи Су-перҷоми Аврупо (ду бор), Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испания мебошад.
Ин бозигар беҳтарин нишонзани тими миллии Уэлс (41 гол) буда, тавонист тимашро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон (Қатар – 2022) барорад.
– Пас аз фикрҳои дуру дароз тасмим гирифтам, ки фаъолияти футболбозиамро қатъ намоям. Ман худро бениҳоят хушбахт меҳисобам, зеро тавонистам орзуямро амалӣ созам ва бо варзиши дӯстдоштаам машғул шавам, – гуфтааст бозигар дар шабакаи иҷтимоӣ.
Роберто Мартинес – сармураббии мунтахаби Португалия
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Португалия, Роберто Мартинеси испанӣ сармураббии тими миллии Португалия таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Фернандо Сантушро, ки аз соли 2014 то 2022 ба ҳайси сарму-раббӣ буд, иваз намуд.
Робертои 49-сола аз соли 2016 то 2022 сармураббии тими миллии Белгия буд ва пас аз Ҷоми ҷаҳонии Қатар ӯ ба истеъфо рафт. Натиҷаи аз ҳама баланди Мартинес дар фаъолияти мураббигиаш ба даст овар-дани медалҳои биринҷии Ҷоми ҷаҳон (2018, Россия) мебошад.
Маҳмуд БАҲРОМ,
шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 13928