Хабарҳо
ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД
Дар радифи дигар идораву муассисаҳову кумитаҳои давлатӣ соли 2022 барои аҳли заҳмати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли пур аз дастовардҳо дар самти таълим, равобити байналмилалӣ, ташкилӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидорӣ унвон мегардад. Соли рафта бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муассисаи таълимӣ ба Донишгоҳ табдил ёфта, мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Дар ин давра Литсейи касбии саноатии кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба Донишгоҳ пайвастанд. Иқдомоти мазкур ба раёсати ин муассиса имкон фароҳам меорад, ки кадрҳои баландихтисосеро дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода намояд.
Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022 дар назди Донишгоҳ аз рӯи ихтисосҳои «Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ», «Иқтисодиёти соҳибкорӣ» ва «Марке-тинг» шурои диссертатсионӣ таъсис ёфт.
Соли гузашта гузариши донишҷӯён аз дигар макотиби олии кишвар ба Донишгоҳ афзуда, дар ин давра 460 нафарро ташкил дод, ки ин аз таваҷҷуҳи бештари онҳо ба ихтисосҳои ин муассиса дарак медиҳад. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар баробари гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ ва русӣ боз 4 гурӯҳи таҳсил бо забони англисӣ ва 7 гурӯҳ бо забони русӣ таъсис дода шуд.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалигардонии нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» танҳо дар соли 2022 се маротиба олимпиада барои дарёфти Ҷоми раёсати ДБССТ баргузор гардид. Моҳи майи соли рафта олимпиадаи мазкур байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии мамлакат, моҳи сентябр олимпиадаи минтақавии хонандагони синфҳои 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ, умумӣ ва ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯи фанҳои математика, химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, география, забони рӯсӣ ва англисӣ баргузор шуд. Ғолибон бо Ҷоми раёсати ДБССТ, дипломҳо ва маблағҳои ҳавасмандӣ: ба ҳар кадоме ба андозаи аз 1000 то 5000 сомонӣ сарфароз шуданд. Дар ин давра 11 нафар донишҷӯ дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ва 3-юм гардид.
Як сол қабл, вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ тибқи арзёбӣ аз рӯи меъёри қоидаҳои муайянсо-зии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 5 – гонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шомил гашт.
Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият ба ҳисоб рафта, дар ин давра 11 нафар устод рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, дифои як рисолаи докторӣ ва 4 номзадӣ аз ҷониби устодон дар моҳи январи соли 2023 дар назар аст. Соли рафта раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳ бо 41 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ – тадқиқотии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Донишгоҳи менеҷменти Мумбай, Донишгоҳи Ҷавоҳарлал Неҳру, Донишгоҳи Панҷоми Ҳиндустон, Донишкадаи муҳандисӣ – технологии Сант Лонговали Ҳиндустон, Донишгоҳи Ситии Малайзия, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гурҷистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ – туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Тош-кент, Пажӯҳишгоҳи илмӣ – таҳқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонд, ки аз онҳо 21 шартномаи ҳамкорӣ ва 20 шарт-нома маҳз барои табодули академии донишҷӯёну такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад.
Дар ин давра ташрифи меҳмонони хориҷӣ ба Донишгоҳ бамаротиб афзуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи ҳисоботӣ сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва намо-яндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндагони Донишгоҳи Ситии Малайзия, Даби-ри кулли муколамаи Ҳамкории Осиё, сохторҳои тиҷоратии Юнон, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон ва дигарон ба муассиса ташриф оварданд.
Соли 2022 дар доираи созишномаҳои ҳамкории бадастомада, ташкили табодули академии 6 нафар до-нишҷӯ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л. Н. Гумилёв ва 32 нафар ба Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон сурат гирифт. Соли гузашта нисбат ба соли 2021 шумораи гирандагони Стипендияи прези-дентӣ дар Литсейи Донишгоҳ 6 нафар зиёд гардида, айни замон ин шумора ба 8 нафар расидааст.
Нигина РАҲМОН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 12789