Хабарҳо
ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД
Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат сокинони ниёзманди шаҳри Ҳисор марҳила ба марҳила соҳиби замин ва манзил мегарданд.
Бо иштироки раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз ҳисоби фонди манзили Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла-тии шаҳри Ҳисор дар мавзеи Чашмасори деҳоти Сомон ба 217 сокини ниёзманди дар навбатбудаи шаҳр, аз ҷумла омӯзгорону табибон, собиқадорони хизмати давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хонаво-даҳое, ки 3-4 ва ё бештар аз он оилаҳо дар он иқомат доранду аз ҷониби комиссияи ҷамъиятии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҳамчун ниёзманд эътироф шудаанд, замини наздиҳавлигӣ тақсим гардид. Тақсимот шаффофу одилона баргузор шуда, дар навбатбудагон бо усули қуррапартоӣ соҳиби талони рақамгузоришуда ва қарори замин гардиданд.
Раиси шаҳр шаҳрвандонеро, ки дар остонаи Соли нав соҳиби замин шуданд, муборакбод намуда, аз ҷумла изҳор дошт: «Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди саросар кӯҳсор будани кишвар ва мушкилоти кам будани замин барои бо манзил таъмин гардидани шаҳрвандони кишвар чораҳои зарурӣ меандешанд. Сокинонро мебояд дар такя ба дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат манзилҳои истиқоматии хешро бо усулҳои зебои меъморӣ бунёд намуда, минтақаҳои пешбинишударо барои сохтмони инфрасохтор, амсоли иншооти маорифу тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ тасарруф накарда, оқилона истифода намоянд».
Дар маҷмуъ, соли 2022 ба 641 оилаи ниёзманди шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим гардидааст, ки майдони умумии беш аз 40 гектарро ташкил медиҳад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 12861