logo

сиёсат

ПАЁМ ВА ҶАҲОНИШАВИИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКОН

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳамеша дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи маориф, ки дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат мақоми  шоиста ва муҳимро касб менамояд, ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ маънидод намуданд. Сарвари давлат зикр карданд, ки мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.
Воқеан, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда  истодаанд.  Аз  ҷумла,  бо  ташаббуси  навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳадаф аз амалӣ сохтани ин иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад. 
Бояд  зикр  намуд, ки дар доираи иқдомоти ҷаҳонии Сарвари давлат 28 ноябри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш Иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки то 3 декабри соли гузашта идома ёфт. 1 декабр дар ҳамин Иҷлосия номинатсияҳои муштараки Тоҷикистон “Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ” ва “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардиданд. Ин иқдоми муҳим, бешак, барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Гузашта аз ин, маҳз бо саъю талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусиқии нодири мардуми тоҷик – Фалак 15 декабри соли 2021 дар Ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд. Аз ин пеш жанри мусиқии Шашмақом, ёдгории Саразм, Наврӯз ва Чакан ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гашта буданд. 
Дар ин масир, соли 2021 дар баробари номбандии муштараки «Роҳи Абрешим: долони Зарафшон – Қароқум» нуҳ мавзеи мероси таърихиву фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардид. Пешниҳоди Тоҷикистон оид ба ворид намудани 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» бошад, ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2022 – 2023 пазируфта шуд. Моҳи октябри соли 2021 аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Фаронса баргузор шуд, ки дар давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ гардид. Ин рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷаҳониён ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба фарҳанги ғании мо эҳтироми хос дошта, бостонӣ ва тамаддунофарин будани онро эътироф менамоянд.
Ҳамин тавр, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ифтихори ватандорӣ буда, ҳуҷҷати сабзи ормонҳои миллии мардуми тоҷик аст, ки яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Дар ин росто, ҳайати профессорону устодони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳар як нуктаи дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёншударо мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.
 
Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори Донишкадаи 
давлатии фарҳанг ва 
санъати Тоҷикистон 
ба номи Мирзо Турсунзода, 
доктори илмҳои филологӣ, 
профессор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2023    №: 15    Мутолиа карданд: 953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед