иқтисод
БАДАХШОН. МАРҲИЛАИ НАВИ РОҲСОЗӢ МАРҲИЛАИ НАВИ ЗИНДАГИСТ
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари дигар қазияҳои пешомада, яке аз мушкилоте, ки дар роҳи таъмини ваҳдату субот, рушди иқтисодиёти бонизом ва баланд бардоштани вазъи иҷтимоии ҷомеа монеа эҷод менамуд, ин дар ҳолати буҳронӣ қарор доштани роҳҳои дохилию сарҳадии мамлакат буд. Аз рӯи таҳлилҳои коршиносон, ҳолати мавҷудаи соҳа дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд. Масалан, то соли 1997-ум ҳамагӣ 42 дарсад роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 20 дарсад роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мумфарш буданду аз он 73 дарсад дар ҳолати паст, 26 дарсад миёна ва танҳо 1 дарсад дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд.
Дар кишварамон бо сабаби кӯҳистон будан, ҳамасола қариб то шаш моҳ гардиши маҳсулот ва рафтуомади одамон аз як минтақа ба минтақаи дигар имкон надошт. Бо дарки чунин мушкилот, зери сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1997 сар карда, давра ба давра соҳа аз буҳрон раҳоӣ ёфта, айни замон дар ҳоли рушд қарор дорад.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳое буд, ки солиёни зиёд аз ҳолати буҳронии роҳу нақлиёт бештар хисорот медид. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи татбиқшавии як қатор барнома ва лоиаҳои давлатию байналмилалӣ, равобити вилоят бо марказ ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо таҷдид ва сохтмони роҳҳо давоми сол пурра таъмин карда шуд.
Роҳи асосие, ки вилоят ва умуман ҷумҳуриро то ҷое аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда тавонист, таъмиру барқароркунӣ ва сохтмони шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма мебошад. Гузашта аз ин, шоҳроҳи мазкур ҷузъи долони байналмилалии нақлиётии «Роҳҳои автомобилгарди Осиё № 66» аст, ки Тоҷикистонро бо Чин, Қирғизистон ва Афғонистон мепайвандад. Қисми аввали он: Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи Хумб соли 1999 аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Зимни ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш аҳамияти ин шоҳроҳро мавриди таҳлил қарор дода, аз ҷумла чунин гуфтанд: «Роҳи Кӯлоб – Қалъаи Хумбро на танҳо шоҳроҳи истиқлолият, балки шоҳроҳи ваҳдат низ номидан мумкин аст. Зеро он ду вилояти калонтарини ҷумҳурӣ – Бадахшону Хатлонро ба ҳам мепайвандад ва байни ин ду вилоят роҳи доимӣ барқарор мегардад». Сохтмон ва таъмири ин шоҳроҳ дар солҳои минбаъда низ идома ёфта, ҳар сол аз навгониҳои соҳаи роҳсозӣ дар ин самт ба мардуми ҷумҳурӣ муждаҳои нав мерасид. Яке аз қисмҳои аҳамиятноки ин шоҳроҳ роҳи Мурғоб – Кулма мебошад, ки Тоҷикистонро бо давлати Чин мепайвандад. Гарчанде ки маросими баистифодадиҳии ин шоҳроҳ 21 сентябри соли 2001 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мурғоб сурат гирифта бошад, аммо гузаргоҳи сарҳадии Кулма расман соли 2004 кушода шуд. Аҳамияти ин шоҳроҳро Пешвои миллат дар ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин нек арзёбӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Мо итминон дорем, ки эҳёи Шоҳроҳи нави Абрешим ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии ду кишварро ба сатҳи нав хоҳад бардошт».
Солҳои гузашта яке аз пурхавфтарин қитъаҳои роҳ дар масири Хоруғ – Ҷелондеҳ – Аличур – Мурғоб – Кулма ин роҳи ағбаҳои Кӯҳтезак ва Харгӯшӣ буд. Аз сабаби барфу тармаи зиёд роҳ вақтҳои зиёд баста мешуд. Айни замон бошад, дар натиҷаи хизматҳои содиқонаи муассисаҳои роҳу нақлиёти вилоят мушкилиҳои зикршуда, пурра бартараф гардиданд.
Ҳамасола барои таъмири шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва дигар роҳҳои ҳудуди вилоят маблағҳои муайян ҷудо мешаванд. Ҳамин аст, ки соҳаи роҳу нақлиёти вилоят ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Аз рӯи нишондодҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (23 декабри соли 2022), дар соли 2022 таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе – Кулма дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 км), оғоз гардидааст. Инчунин, ба корҳои лоиҳакашӣ оид ба таҷдиду бунёди роҳи мошингарди Рӯшон – Хоруғ – деҳаи Варшез (н. Шуғнон), ибтидо гузошта шуд.
6 ноябри соли 2022 нақби «Дарвоз» (дар ҳудуди деҳаи Ширговад ноҳияи Дарвоз) бо дарозии 364 метр ва паҳноии 8 метр ба истифода дода шуд. Бояд зикр намуд, ки нақби мазкур дар ҳудуди ВМКБ аввалин нақб буда, корҳои сохтмонии он аз 14 июни соли 2021 оғоз ёфта буданд. Нақби «Дарвоз» яке аз дастовардҳои калони замони соҳибистиқлолӣ дар вилоят мебошад.
Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаи «Тақвияти инфрасохтори муҳим барои тобоварӣ ба хатарҳои табиӣ», бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ давоми солҳои 2017 – 2023 сохтмони 17 пул дар ВМКБ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 10 пул мавриди истифодабарӣ қарор гирифааст. Илова бар ин, Пешвои миллат дар Паёми солонаи хеш иброз доштанд, ки соли 2023 татбиқи лоиҳаи сохтмони пулҳо дар болои дарёи Ғунд, Шорфдарё ва долонҳо дар минтақаи Барсем оғоз мегардад. Мувофиқи нишондоди Паёми соли 2021 то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, яъне солҳои 2022-2026 сохтмону таҷдиди роҳи мошингарди Рӯшон – Хоруғ – Кулма низ ба назар гирифта шудааст.
Ҳамин тавр, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо таъмир ва сохта, ба истифода додани шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва садҳо километр роҳҳои дигар, пулу нақбҳо хоҷагии халқи вилоят рӯ ба рушд оварда, тавассути он Тоҷикистон ба воситаи Чин ва Афғонистон ба дигар мамлакатҳои хориҷии дуру наздик робитаҳои гуногунҷанбаи хешро қавӣ намуд.
Моҳи июли соли 1993 Пешвои миллат дар аввалин сафари хеш ба ВМКБ, бо итминони комил чунин гуфта буданд: «Ман аминам, ки Бадахшонро ба яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷорат ва сайёҳии байналхалқии Тоҷикистон табдил медиҳем ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст барои ба ин мақсад ноил гардидан кумаки зарурии худро расонад». Имрӯз мо ин татбиқи воқеии гуфтаҳои Сарвари давлатро мушоҳида мекунем. Яъне, он орзую умедҳои неки дирӯз, имрӯз бо заҳмату кӯшишҳои худи Пешвои миллат ва халқи заҳматкаши Тоҷикистон амалӣ шуданд. Имрӯзҳо дар қиёс ба солҳои пешин, омадани меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳудуди вилоят афзудааст. Борҳо зебоии роҳҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшон, аз ҷониби сайёҳону коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ баҳои баланд гирифтааст. Бори охир шоҳроҳи Бадахшон (Помир) ё роҳи мошингарди Хоруғ – Ош на танҳо ба даҳгонаи зеботарин роҳҳои ҷаҳон дохил шуд, балки пас аз Фаронса ва ИМА дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Бист сол қабл аз ин, тамоми дастовардҳои имрӯзаи соҳаи роҳу нақлиёти ВМКБ-ро, ки ин ҷо мо аз баҳр қатраеро ёдовар шудем, касе ҳатто ба хаёл оварда наметавонист. Агар дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ва солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат Бадахшон бештар аз шаш моҳ аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷудо буд, имрӯз тавассути роҳҳои зебояш ҷону дили Тоҷикистон гаштааст. Дарвоқеъ, роҳҳо пайвандгари қалбҳоянд. Аз ин рӯ, имрӯз ҳар як сокини вилоят ва умуман ҷумҳуриро зарур аст, ки бо чашми ақлу хирад ин пешравиҳоро дида, шукргузори чунин ваҳдату ободии Ватан бошанд.
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори филиали Донишкадаи
ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони
соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2023 №: 15 Мутолиа карданд: 1054