logo

Хабарҳо

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

Дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти солонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Бахтиёр иштирок намуданд. 
Доир ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар соли 2022 муовини якуми раиси шаҳр Ватаншо Ҳабиб Гулбек зимни ахбори муфассал зикр кард, ки дар ин муддат дар тамоми самтҳо натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, дар умум нақшаҳо иҷро ва дар пешрафти иқтисодӣ – иҷтимоии шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази маъмурии вилоят қадамҳои устувор гузошта шуданд. 
Муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифӣ Бахтиёр низ аз фаъолияти солонаи МИМҲД-и шаҳри Хоруғ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ки бо дастури Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарпарастии шаҳри Хоруғро ба зимма дорад, кӯшиш менамояд, минбаъд низ баҳри вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ саҳми арзанда гузорад. Зикр шуд, ки дар доираи ҷашнгирии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ ва, умуман, ВМКБ бунёди даҳҳо корхонаҳои саноатии хурду бузург дар нақша аст, ки бо бунёди онҳо ҳам симои шаҳру деҳоти вилоят дигар мешавад ва ҳам сатҳи некуаҳволии сокинони ин минтақаи кӯҳии кишвар бамаротиб беҳтар мегардад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зикр кард, ки соли сипаришуда сарфи назар аз буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ба вазъи иқтисодӣ – молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беътасир намонда буд ва вазъиятҳои баамаломадаи маълуми охири соли 2021 ва нимсолаи аввали соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои атрофи он, барои вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ, соли бобарор ва таърихӣ ҳисобида мешавад. 
Тавре раиси вилоят арз дошт, дар масъалаи расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – Саноаткунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хоруғ пешравиҳо ба назар мерасанд. Айни ҳол аз 82 корхонаи саноатии вилоят 32- тоаш ба шаҳри Хоруғ рост меояд. Сохтмони корхонаҳои саноатӣ минбаъд низ, дар маркази вилоят вусъат дода мешавад. Танҳо соли равон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санги ҶДММ "Суман", фабрикаи пойафзолбарорӣ, корхонаҳои истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва нӯшокиҳои спиртӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ ва матбааи вилоятӣ, ки зиёда аз 100 нафар сокини вилоятро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамоянд, сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар баробари ин, раиси вилоят аз камбудиҳо дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва воҳидҳои сохтории зертобеи он изҳори нигаронӣ кард, ки риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” дар муассисаҳои томактабӣ, иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷумлаи он норасоиҳо буда, раиси вилоят ислоҳи бетаъхири онҳоро аз масъулин талаб намуд.
Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ зикр кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилоят чораҳои зарурӣ андешида, ба он ноил мегарданд, ки кор дар ҳамаи самтҳо беҳтар ба роҳ монда шавад. Барои анҷоми ин корҳо дар Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр захираву имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 12655
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед