иқтисод
ТОҶИКИСТОН – МАНБАИ «ЭНЕРГИЯИ САБЗ»
Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон яке аз давлатҳои асосии истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» мебошад. Шароити ҷуғрофию табиии Тоҷикистон имкон додааст, ки 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, мамлакат аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба кишвари шашумини пешсафи сайёра табдил ёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи рушди энергетикаи обиро яке аз мақсадҳои асосии худ дар самти сиёсати давлатӣ қарор додааст. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ, ҳанӯз соли 2016, ба тариқи зайл иброз дошта буданд: «Ҳукумати мамлакат захираҳои гидроэнергетикиро сарвати миллӣ мешуморад. Бинобар ин, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ муайян карда, дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ таъмиру навсозӣ ва сохтмони иншооти энергетикиро идома медиҳем».
Истифодаи самараноки захираҳои бойи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар давоми бистсолаи охир зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи халқи тоҷик натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Ба қатори шаш кишвари истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» табдил ёфтани Тоҷикистон гувоҳи ин гуфтаҳост.
Ноил шудан ба пешрафти «энергияи сабз» метавонад дар рушди «иқтисоди сабз» мусоидат кунад. Имрӯз бо истифода аз манбаъҳои тозаи гидроэнергетикии худ Тоҷикистон дар минтақа ба яке аз давлатҳои тавлид ва содиркунандаи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил ёфтааст.
Сарвари давлат ба масъалаи мавриди назар ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти тараққиёти соҳа чораҷӯиҳои зиёд намудаанд. Ахиран, дар Паёми навбатии хеш ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, чунин иброз доштанд: «... ҷиҳати таблиғу муаррифӣ кардани бартарии экологии маҳсулоти саноатии бо истифода аз «энергияи сабз» истеҳсолгардидаи кишвар зарур аст, ки корхонаҳои ватанӣ барои гирифтани сертификати «истеҳсоли сабз» аз мақомоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ чораҷӯӣ намоянд».
Воқеан, ин таъкид барои рушди ояндаи истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки бо қувваи барқи ватанӣ коркарду тавлид мешаванд, мусоидат менамояд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ ва рӯз ба рӯз бештар гардидани талаботи мардум ба воситаҳои техникӣ, махсусан воситаҳои нақлиёт, зарурати бештар намудани истеҳсолоти ин навъи маҳсулот гардидааст. Аз рӯи таҳлили коршиносони соҳа, солҳои охир истеҳсоли навъҳои гуногуни нақлиёт дар қиёс ба солҳои пешин бамаротиб афзудааст. Ин нишондиҳандаи хуб мебошад, аммо тавре маълум аст, воситаҳои гуногуни нақлиётии муқаррарии дизелӣ дар ифлосшавии муҳити зист таъсири манфӣ мегузоранд. Бо мақсади рафъи чунин мушкилот, аз тарафи баъзе ширкатҳо истеҳсоли нақлиёти барқӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз лиҳози экологӣ безарар мебошад.
Бо назардошти ин ва имкониятҳои хуби соҳаи гидроэнергетикии кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли гузашта, доир ба воридоти нақлиёти барқӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла чунин гуфта буданд: «Инчунин, бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардондани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд». Ин иқдоми Роҳбари давлат дар самти рушди соҳа мусоидат карда, дар ҳифзи муҳити зист, рушди иқтисоди миллӣ, сарфаи буҷаи хонаводагӣ ва ғайра таъсири мусбат мерасонад.
Бо гузашти як сол, аллакай, мушоҳида мешавад, ки корҳои ибтидоӣ дар ин соҳа амалӣ мешаванд. Инчунин, бо мақсади оммавӣ намудани ин намуди нақлиёт дар Паёми навбатии хеш Сарвари давлат ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва нақлиёт супориш доданд, ки ҷиҳати дар дохили мамлакат ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Аҳмадҷон ҲУСЕНОВ,
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгорони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2023 №: 15 Мутолиа карданд: 582