logo

фарҳанг

ВАҚТЕ САРВАР САРИ ЯТИМЕРО СИЛА МЕКУНАД... ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

 

Дар Паёми навини Пешвои миллатамон гуфта шуд: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмуъ, бобарор буд”. Сарфи назар аз мушкилоти глобалии сайёра, вазъияти носолими сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, таҳдиди буҳронҳои иқтисодиву сиёсиву экологӣ ва бемориҳои шадид, Тоҷикистони азизи мо, халқи некманишу заҳматпарвари он тавонистанд ба дастовардҳои неки худ ноил шаванд. Мусаллам аст, ки ин маҳсули сиёсати неку башардӯстона ва ватандӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти некманиши он аст.  
Дар Паём аз дастовардҳову пирӯзиҳои соли сипаришуда муфассал бо далелҳои баэътимод сухан меравад, ки тамоми соҳаҳо ва паҳлуҳои зиндагиву хоҷагии халқи моро фаро гирифтаанд.  Мутолиаи Паём моро дилпур мекунад, ки кишвари азизи мо дар оянда дар ҷодаи созандагиҳову ободкориҳо ба пирӯзиҳои тоза хоҳад расид. Бунёди корхонаҳои нави  саноатӣ, идомаи сохтмон ва бунёду тармими роҳҳо, истифодаи самараноки обу замин, рушди соҳаи кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ, пешрафти илму технология, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, илму фарҳангу варзиш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғайраҳо далолат ва кафолат ба пирӯзиҳои нави миллӣ медиҳанд.
 Яке аз  масъалаҳои ҷолибе, ки дар Паём таъкид гардидаву дар сиёсати давлатдории Ҳукумат ва Пешвои миллат ҷойи хоса ишғол кардааст, масъалаи иҷтимоӣ, дастгирӣ аз табақаҳои камбизоати кишвар мебошад. 
Мо тасмим гирифтем, ки дар ин гузориши худ оид ба ҳамин мавзуи хеле муҳим, ки солиён аст аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон пайгирӣ карда мешавад: ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии  гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ андешаҳо баён намоем. Чунон ки медонем ва борҳо аз ҷониби худи Пешвои миллат таъкид шудааст, ҳадафи ниҳоии ҳама паёмҳои Пешвои миллатамон  якест, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон. Бояд гуфт, ки дар байни хислатҳои хуҷаставу ҷавонмардонаи Пешвои миллатамон, ки хеле зиёданду саҳифаҳои зиёдеро метавон бо онҳо  пур кард, яке аз дурахшонтарину ҳассостарин ва инсонитаринаш, ба андешаи банда, ятимпарварии Президенти муҳтарами мост. Ин хислат аз рӯзҳои нахустини ба арсаи сиёсат омадани Пешвои муаззам  зуҳури дурахшон дошт. Баъдан, пайваставу ҳамеша чун ҳолаи дурахшони муҳаббату инсонигарӣ дар симои Пешвои миллат ҷилвагар мегардиду ҷилвагар аст. 
Дар яке аз сафарҳои Пешвои миллатамон дар дохили кишвар, ки чандин сол пеш ба вуқуъ пайваста буду  банда, хушбахтона, дар он ҳузур доштам, дар ноҳияи Шаҳринав мо шоҳиди як муколамаи беназири Сардори давлат ва як тифли ятим гардидем. Писарбачае аз байни издиҳом боло шуду ба назди баландгӯяк омад ва бо истиқболи гарм ва суханони пур аз меҳру муҳаббат Пешвои миллатро хайра мақдам гуфт. Риққатовар он лаҳзае буд, ки писарбача аз хусуси ятими кул будани худ ва додару хоҳараш сухан карда, бо эҳсосоти баланд ашк дар дида изҳор намуд, ки  ба шарофати  дастгириҳои Пешвои миллат дар мактаб - интернати Шаҳринав таҳсил мекунаду руҳафтода нест. Ӯ аз он хусус ҳарф зад, ки вай ва хоҳару додараш худро ятим намедонанд, зеро Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро падари худ меҳисобанд ва ин беасос нест, зеро ғамхориҳои падаронаи ӯро эҳсос мекунанд. Ин лаҳза чунон таъсирбахш буд, ки дар чашми ҳама бо суханони самимонаи он писарбача ашк ҳалқа зад. Пурсу пос ва муколамаи самимонае дар байни Пешвои миллат ва он писарбача хеле ҷолибу таъсирбахш буд. Чун Президенти кишвар донистанд, ки ӯ ва аъзои хонаводаи онҳо ятиму бепарастор ва бехонаву дар буда, дар хонаҳои хешовандон зиндагӣ мекунанд, дар ҳамон ҷамъомад аз ҳисоби бинои нави истиқоматие, ки дар ноҳия омода гардида буд, як хонаи чандҳуҷрагӣ  ба ин ятимон тақдим намуданд. Ашки шодӣ дар чашмони он ятим ва дар чашмони ҳама онҷобудагон ҳалқа мезад. Дастгирии падаронаи Пешвои миллат аз ин хонавода идома дошту он ҷавон бо дастгирии Пешвои муаззам ба донишгоҳ қабул гардид.
Ин, албатта, танҳо як мисол аст, ҳол он ки мисолҳое шабеҳи ин хеле ва хеле зиёданд. Тасаввур кунед, ки тайи солҳои зиёди давлатдорӣ қариб дар ҳама сафарҳои худ ба гӯшаву канори кишвар дар барномаи сафари Сарвари давлат ҳатман вохӯрӣ бо ятимону бебизоатони он диёр дар нақша буду  ҳаст. Ва мо борҳову борҳо тавассути наворҳои телевизионӣ шоҳиди ин мулоқотҳои ҳаяҷонангез, шоҳиди дастгириҳои Сарвари кишварамон аз ятимону бебизоатон будаем.  Банда борҳо бо гӯши худ шунидаву дидаам, ки ҳама ятимону бепарасторон бо як забон мегӯянд, ки онҳо ятим нестанд, зеро Пешвои миллатро падари худ меҳисобанд. Ин аст, ки Роҳбари давлати моро метавон падари ғамхору дилсӯзи миллат, падари ғамхору дилсӯзи кулли ятимони Ватан донист. Ва ятимону бепарасторони кишвар ҳам ҳама ба “падари худ”, ба Пешвои миллат фарзандона эътимоду эътиқод доранд, зеро пайваста ғамхориҳои падаронаи он касро эҳсос мекунанд.
Пешвои миллати мо, ки аз байни халқ баромадаву дар худ ҳама хуҷастагиҳои миллии моро маҳфуз доштаанд, огоҳии хуб аз зиндагии мардуми одӣ ва хонаводаҳои камбизоат доранд. Аз ин рӯ, дар сиёсати ватандӯстонаашон мавзуи баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, равнақи иҷтимоии рӯзгори мардумро ҳамеша дар мадди аввал гузоштаанд.
 Дар хусуси он, ки садҳо наврасону ҷавонон ба шарофати дастгирии   Пешвои миллат аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба мактабҳои махсуси пойтахт оварда шудаву ба таҳсил фаро гирифта, бо хобгоҳу манзил ва шароитҳои хуб таъмин гардидаанд, метавон хеле далелҳо овард. 
Тули солҳои сипаришуда қисме аз ин ҷавонон аз мактабҳои миёна ба мактабҳои олӣ гузаштанду қисме, аллакай, пас аз хатми мактаби олӣ ва гирифтани тахассуси дилхоҳ дар корхонаву идораҳои кишвар садоқатмандона ба кор оғоз кардаанд. Ба ростӣ, ки як падари воқеӣ ҳам наметавонад ба фарзандони худ ин ҳама меҳрубониҳоро арзонӣ дорад.
Дар мавзуи дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фарзандони ниёздошта ба кумак, аз бебизоатон ва ятимони кул метавон садҳо мисоли дигар овард, ки ҳар яке мутаассиртар аз дигарест. Ба ростӣ, хушбахтии мост, ки чунин Пешвои ватандӯсту инсонпарвар дорем. Ҳамин сиришти неки Пешвои мост, ки сол то сол обрӯи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ афзунтар мешавад, ҳамин сиришти неку хайрхоҳонаи Роҳбари давлат аст, ки ватанамон сол ба сол ободу шукуфон мегардад, ҳамин бунёди шукуфону некбинонаи ӯст, ки мо имрӯз дар ҳолаи осоишу  амнияти миллӣ зиндагии осудаву фараҳбор дорем.
Ятимпарварӣ ва дастгирӣ аз хонаводаҳои бепарастору камбизоат аз ҷониби Сардори давлат  ба банда бетаъсир набудааст ва шеъре, ки дар поёни ин андешаҳо меорам, маҳсули ҳамин эҳсосот ва бардошт аст.
 
АШКИ ЧАШМОНИ ЯТИМ
 
Оҳ, сӯзон асту сангин ашки чашмони ятим,
Кист, то марҳам шавад бар захми пинҳони ятим?
 
Суннати неки ниёкони шарифи мо бувад,
Раҳму шафқат, дастгирӣ, хайру эҳсони ятим.
 
Пешвои миллати мо дасти шафқат мебарад,
Ҳар куҷое бо дили реш аст як ҷони ятим.
 
Сарвари фархундаи мо хайрхоҳи миллат аст,
Дар нигоҳаш медурахшад бахти тобони ятим.
 
Дар куҷо дидед сарвар бо муҳаббат чун падар
Гарм мегирад ба дастонаш зи дастони ятим?
 
Мекунад оғӯш ӯро, лутфу эҳсон мекунад,
Баъд аз ин оё чӣ мемонад зи армони ятим?
 
Як ятиме нест андар Меҳани мо бепадар,
Мо падар дорем мегӯянд тифлони ятим.
 
Бе падар мо нестем, то Пешво бо мо бувад,
Зинда бод ин меҳри поянда ба чашмони ятим!
 
Нусраташ резад ба дӯши бебизоатҳо басе,
Медурахшад меҳраш аз чашми дурахшони ятим.
 
Ҳабазо, меҳру муҳаббат, хайрхоҳиҳои ӯ
Мешавад табъи хушу боғу гулистони ятим.
 
Камол НАСРУЛЛО, 
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2023    №: 15    Мутолиа карданд: 561
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед