logo

маориф

БОРГОҲИ ИЛМУ ДОНИШ

Дастгирию ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон дар сиёсати давлату Ҳукумати кишвар дар авлавият қарор гирифта, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат доим  таъкид ба он мешавад, ки  кулли ҷомеа ба ин қишри ояндасоз бояд эҳтироми хосе дошта  бошад. Чун ҳамеша Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи  Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат  23 декабри соли 2022 аз қадру манзалати беҳамтои ин қишри ҷомеа  бо меҳру муҳаббат ҳарф заданд, ки барои мо – омӯзгорон, дар фаъолияти ҳаррӯзаамон  равони тозае бахшид: 
“Мо мактабро ҳамчун боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва, муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад”.
Баробари ин, барои боз ҳам 20 дарсад баланд бардоштани музди маоши кормандони соҳаи маориф  Президенти кишвар супориш  доданд, ки ба беҳтар гардидани зиндагии онҳо равона шудааст, зеро беҳбудии ҳаёти омӯзгор, беҳбудии ояндаи миллат аст. Бо ин иқдом Пешвои миллат бори дигар равшангари роҳи фардои миллат, яъне омӯзгоронро ба касбу кори пуршарафашон дилгармтару  руҳбаланд намуданд. Сарвари давлат бисёр бамаврид таъкид карданд: “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”. 
Чунин дастгириҳо ва арҷгузории Президенти мамлакат ба фаъолияти омӯзгорон моро водор менамояд, ки ба таълиму тарбияи босифати хонандагон диққати бештар дода, барои омодасозии кадрҳои баландихтисоси замонавӣ саҳми назаррас гузорем. 
 
Озар ҒАФУРОВ,
директори МТМУ № 13-и 
ноҳияи Лахш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2023    №: 15    Мутолиа карданд: 701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед