logo

фарҳанг

ШОИРА МАДАЛИЕВА: «АДАБИЁТ МАЪНИИ ЗИНДАГИИ МОСТ»

Шоира Мадалиева яке аз иштирокдорони фаъол ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии" Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба шумор меравад. Ӯ соли рафта дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани асарҳои адибони классик дар ҳаҷми 250 ғазал, 350 рубоиву дубайтӣ, 150 байт аз қасидаҳо, 300 байт аз достонҳо, 300 байт аз дигар навъҳои шеърӣ ва мутолиаи 50 асари насрӣ соҳиби ҷойи якум гашт. 
Аз миёни ғолибон Шоира нафарест, ки аз солҳои аввали баргузории ин Озмун дар он ширкат меварзад. Метавон гуфт, ки ӯ бо ин Озмун робитаи ногусастанӣ дошта. Бар замми ин, Шоира ҳанӯз донишҷӯи ДМТ бошад ҳам, дар соҳаи журналистика, аллакай, шахси шинохта аст. Доир ба рафти Озмун, хусусиятҳои он ва шаффофиаш бо Шоира мусоҳибае доштем, ки пешниҳоди хонандаи борикбин мегардад. 
- Ҷоиза муборак бошад, Шоира! Нахуст бигӯед, ки оё Шумо маҳз барои ғолиб омадан дар Озмун рӯ ба китоб овардед ё ин бароятон шуғли доимӣ буд? 
- Ҳар кас бояд дар ҳаёт китобхон бошад. Бисёриҳо ба он ақида ҳастанд, ки китоб хондан шуғли танҳо нависандаю рӯзноманигор аст. Ман ба ин фикр розӣ нестам. Адабиёт ин маънии зиндагии мост! Он ба инсон роҳи дурусти зистан, фикр кардан, хулоса бароварданро меомӯзад, бо таърих, хулқу атвори гузаштагонаш ошно месозад. Бисёриҳо ҳатто аз ман мепурсанд, ки ту барои Озмун шуда китоб мехонӣ. Чунин муносибат маро ҳайрон месозад. Китобхонӣ дар вуҷуди ман аз хурдӣ нуҳуфта буд. Ва ин як шуълаест, ки маро ҳамеша дар зиндагӣ муваффақ гардондааст. Ин машғулият барои ман арзиши хоссае дорад.
- Барои аниси нафаре шудани китоб оила ё муҳит таъсиргузор мешаванд, ё ин талаботи маънавии ҳаёти шахсӣ буда метавонад?
- Ба ин савол ҷавоб гуфтан душвор аст. Ҳар хел ҳолат мешавад. Бинед, агар аъзои оила китобхон бошанд, пас онҳо барои насли минбаъда роҳнамое хоҳанд шуд. Баръакс ҳам мешавад. Он гоҳ шахсе, ки ояндааш барояш муҳим аст, барои худро аз он муҳити торик баровардан, ба китобхонӣ рӯ меорад. Яъне, дар ҳолати дуюм ин, аллакай, талаботи маънавии ҳамон инсон мешавад. 
Агар дар бораи худ бигӯям, ба китобхонӣ маро касе маҷбур накардааст. Муҳити оилаву мактаб ҳамеша адабӣ буд. Китобхонӣ бароям принсипи зиндагист. Устоди аввалинам Бунафша Муҳаммадиева бисёр китоб мехонданд ва ба мо низ талқин менамуданд, ки бештар рӯ ба хониш орем. Муаллим Гулмурод Мӯсоев аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс медоданду бо ҷиддият моро ба олимпиадаҳои фаннӣ омода мекарданд. 
- Боре худро беназир ҳис кардаед? Ё шояд атрофиён Шуморо чунин мепиндоранд? 
- Аз осори шоире мисол меорам:
Қонеъ нашавӣ ба ҳар чи ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ!
Ҳисси манманӣ аз ғолибият ё истеъдоди баланд набояд дар инсон пайдо гардад. Эҳсоси аз муваффақиятҳои худ қонеъ набудан, касро ба пеш, барои омӯхтани зиёд, раҳнамун месозад. 
Масалан, аз аҳли оилаамон низ баъзеҳо ақида доштанд, ки китобхонӣ касеро ба мақсад намерасонад. Муҳим, касберо ёд гир, ба монанди дӯзандагӣ. Ҳоло ки ман дар роҳи хондан муваффақ шудам, ҳама аз ман меболанд ва аз ноҳақ будани худ ҳам мегӯянд. Яъне, ман бо маҳорати худ тавонистам ба оилаамон худ собит созам, ки инсони донишманд ҳамеша ғолибу машҳуру комёб аст. 
- Мутолиаи бештари китоб ба фаъолияти журналистӣ монеа эҷод накард? Ҷиҳати мусбату манфии бо ҳам вобастаашон дар чист? Магар Шоира намехоҳад нависанда шавад?
- Дар бисёр тренингҳое, ки иштирок кардаам, омӯзгорон ҳамеша мегуфтанд, ки журналистика филология нест. Дар донишгоҳ мегӯянд, ки бештар китоб хонед, баъд журналисти муваффақ мешавед. Аммо бояд як чиро ҳангоми фаъолияти журналистӣ ба инобат гирифт: дар риоя бо қонуну қоидаҳои рӯзноманигорӣ матлабро омода сохт, аммо навиштани матлаб бе захираи бойи луғавӣ, бе ҷумлаи сара сохтан имконнопазир аст. Бисёриҳо идея доранд, аммо навишта наметавонанд, зеро захираи бойи луғавӣ надоранд. Китобҳо ҳам гуногунанд: таърихӣ, илмӣ, назариявӣ, бадеӣ. Аз ин миён, рӯзноманигор бояд сабку услуби навишти худро пайдо карда тавонад.
 Ман ҳамеша мекӯшам, рӯзе чизе нависам, хоҳиши нависанда шудан дар дилам алҳол нест. Китобхонӣ ҷиҳати манфӣ надорад!
- Аъзои ҳакамон аз иштирокчиён асарро бо тамоми ҷузъиёташ мепурсанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?
- Ба назари тамошобинон, махсусан волидайн, ин кори зиёдатӣ метобад. Аммо суолҳои умумиро ҳама медонанд, аслият, самимият ва шаффофияти озмун вақте зоҳир мегардад, ки ҳам аъзои ҳакамон ва ҳам иштирокчӣ қисмҳои ҷузъии асарро донанд. Ин нишонаи он мегардад, ки иштирокчӣ дар ҳақиқат китобро хондааст. Баҳсҳо барои ин масъала зиёд буданд. Китобро рӯякӣ, барои озмун хондан лозим нест. Бале, барои тамоми ҷузъиёти онро дарку аз ёд кардан, вақти зиёд меравад, аммо он вақт арзиши худро дорад. Баъди як бор мутолиа намудан наметавон мазмуни асарро ҳазм кард. Ҳар сатри китобро бодиққат ва такрор ба такрор бояд хонд, то ба он сарфаҳм рафт.
 
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.01.2023    №: 15    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед