фарҳанг
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Олим Камолзода дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Номбурда яке аз мусаввирони маъруфи кишвар, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошад. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов саррассоми миниатюраи фабрикаи «Армуғон», саррассоми кооперативи «Туҳфа» ва муддате омӯзгор будааст. Бо вуҷуди ин, номи ӯ, асосан, баъди машғул шудан ба миниатюра вирди забонҳо шуд.
Олим Камолзода бисту ду сол бо санъати миниатюра машғул буда, аз ворисони воқеии Камолиддини Беҳзод аст. Замоне мусаввири китоб дар нашриёти «Адиб» буд. Инак, ҳашт сол боз омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст.
Асарҳояшро дар офиси ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон, меҳмонсаройи байналмилалии «Сирена», Сафорати Туркия дар Тоҷикистон ба намоиш гузоштаанд. Иштирок дар Фестивали байналмилалии миниатюранигорон дар Алҷазоир, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус ва Ҳиндустон, нигористонҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Финляндия, дар коллексияҳои хусусии ИМА, Фаронса, Олмон, Словакия, Украина, Швейтсария ва Осорхонаи давлатии шаҳри Телемсени Алҷазоир номи ӯро чун рассом дар миёни аҳли фарҳанг маъруфтар кард.
Олим Камолзода ҳамчун аввалин миниатюранигор дар Тоҷикистон ба рушди ин равияи санъат муваффақ шуд. Дар Ҷашнвораи байналхалқии миниатюранигорӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон байни 27 кишвари ҷаҳон асари «Интихоби аспҳо» - и ӯро сазовори ҷойи дуюм донистанд.
Сарвиноз Ҳоҷиева, ки, аслан, ороишгари маҷаллаву китобҳо ва рассоми телевизион буд, ҳамаро раҳо карда, ба ёрии пайвастаи ҳамсараш Олим Камолзода камар баст. Духтари калониаш Бону низ аз пайи падар рафт. Дар ин замина, Маркази рассомии «Мино» - ро боз намуданд ва он ягона Марказ аст, ки дар рӯйхати марказҳои ҳунарии ЮНЕСКО шомил шуд. Ҳамин тавр, ба зинда мондани миниатюра шарораҳои умед падид омаданд.
Олим Камолзода то имрӯз 90 шогирд тарбия кардааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Бешак, ӯ аз ворисони воқеии Беҳзод аст, ки дар давоми қариб 25 сол сабку салиқаи вижа ёфта, мактаби худро сохтааст. Дар ташкили намоишгоҳҳо ба ғояҳои духтари хурдиаш Мумтоз, ки дар яке аз донишгоҳҳои Амрико дараҷаи магистрии таърихи санъатро гирифтааст, такя мекунад. Мумтоз ҳоло дар Англия пайи дифои унвони докторӣ аст.
Намоиши корҳои эҷодии Камолзода Олим, аз ҷумла «Нусхаи мактаби Камолиддини Беҳзод», «Сино бо шоирон», «Тоҳир ва Зуҳро», силсилаи миниатюраҳо барои девони Камоли Хуҷандӣ: «Ноки ширин», «Дин», «Маҷнун дар биёбон», «Баҳроми Гӯр ва аждаҳо», «Хусрав ва Ширин» (аз «Хамса» - и Низомӣ) сабки миниатюранигории ӯро ба таври барҷаста инъикос кардаанд.
Дар асарҳои офаридаи Олим Камолзода табиати нотакрору афсонавӣ, таъриху тамаддун, расму оин ва фарҳанги чандҳазорсолаи ниёгонамон бо назокати хос таҷассум ёфтаанд.
Рассом Олим Камолзода ба ҷуз аз корҳои эҷодӣ дар тарбияи донишҷӯён низ саҳми калон дорад. Дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шогирдон дарс медиҳад. Дар рафти машғулият ва дарсҳо бисёр мекӯшад, ки шогирдонаш аз нозукиҳо ва талаботи миниатюранигорӣ огоҳ бошанд ва ин жанри фаромӯшшударо дар кишвар ба пуррагӣ эҳё ва равнақ диҳанд.
Б. ЁҒИБЕКОВА,
муаллими калони кафедраи санъатшиносии ДДСТД Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.01.2023 №: 15 Мутолиа карданд: 514