logo

сиёсат

МАВҚЕЪ ВА ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар даврони соҳибистиқлолӣ мамлакат тавонист на танҳо бо ҷаҳони хориҷа муносибатҳои судманди тарафайнро ба роҳ монад, балки роҳи беназирро ба дипломатияи дар асоси ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ бунёдшуда, пеш гирад. Ин имкон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масоили глобалӣ ҳамчун кишвари таъсиргузор ва фаъол бошад.
Дар ин самт бояд доир ба ҳамкории судманду натиҷабахши мамлакат бо СММ ёдовар шуд, ки он аз 29 январи соли 1992 баъди дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба сифати аъзо қабул гардидан, шуруъ шуд. 2 марти соли 1992 зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмаи умумии СММ қатъномаи 46/224 оид ба шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ ба иттифоқи он қабул гардид. Пайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СММ пояи устуворро барои рушди ҳамкориҳо бо ин Созмон, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он гузошт. Ҳамин тариқ, кишвари мо тавонист дар муддати кӯтоҳтарин худро ҳамчун давлати дорои сиёсати созандаву бунёдкор ва ташаббускор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Боиси зикр аст, ки таърихи куҳанбунёди давлатдорӣ ва ҳаёти сиёсии тоҷикон замина гузоштанд, ки дипломатияи муосири тоҷик зуд ташаккул ва такмил ёфта, ба сифати дипломатияи густурдаи бисёрҷонибаи ҳамкориҳо дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад. Табиати биҳиштосои Ватани маҳбубамон аз сарватҳои гуногуни зеризаминӣ бой мебошад, вале Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. 
Ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба масоили оби тоза ва роҳандозии густурдаи дипломатияи бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи об нақши фаъол дорад. Ин аст, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар сатҳи ҷаҳонӣ пайваста пайгирӣ мекунад. 
14  декабри  соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми кишвари моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ кард. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд ва  аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол  21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.  Масъалаи мазкур барои кишварамон бисёр мубрам ва наздику пайванд аст, зеро дар Тоҷикистон мувофиқи маълумотҳои мавҷуда 8 492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст. Дар маҷмуъ, масоҳати умумии пиряхҳои кишвар беш аз 8 476 км2  мебошад. Ин пиряхҳо дар баландиҳои аз 3000 то 5300 метр аз сатҳи баҳр қарор гирифта, дар кӯҳҳои Помир, Ҳисор ва Олой ҷойгир буда, сарчашмаи асосии обҳои дарёҳои Сир, Зарафшон, Панҷ, Вахш, Аму ва ғайра мебошанд.  
Ба ҳамагон маълум аст, ки бо рушди босуръати техника, технология, коммуникатсия, энергетика ва саноат авзои экологии ҷаҳон тавозунро гум карда, мушкилоти глобалиро афзунтар гардондааст. Солҳост, ки кишварҳои ҷудогона ва минтақаҳо қудрати бартараф намудани ин ё он мушкилоти глобалиро надоранд ва зарурат ба миён меояд, ки танҳо бо талошҳои дастаҷамъӣ дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳалли мушкилотро имконпазир созанд. Мамлакати мо низ, ҳамчун ҷузъи пайвасти ҷомеаи башарӣ аз мушкилот ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ дар канор буда наметавонад. Вақтҳои охир дар кураи Замин камшавии захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, ба ярч мубаддал гардидани кӯҳу теппаҳо ва дигар ҳодисаҳои табиии  барои ояндаи башарият хатарафзо зиёд ба мушоҳида мерасанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшиш менамоянд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии ин мушкилоти табиӣ ҷалб созанд.
Пешвои миллат Тоҷикистонро имрӯзҳо дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафу ташаббускор оид ба масъалаҳои об муаррифӣ карда, аҳли башарият ин ибтикороти башардӯстонаро бо камоли эҳтиром ва эътирофи том пазируфтааст. Дар маҷмуъ, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон низ ба Ҳадафҳои Рушди Устувори расман зери унвони Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рӯзномаи ҷаласа дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 пайвастагӣ доранд. Об дар кишвари мо, ҳамчунин, сарчашмаи “энергияи сабз” мебошад. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Айни замон кӯшиш ба харҷ меравад, ки мо дар мамлакат аз захираҳои мавҷудаи обӣ ба таври самаранок истифода бурда, рушди устуворро таъмин созем. Дар масири мушкилоти масоили об ин истифода ва таъмини амнияти обӣ, обтаъминкунӣ барои системаи обёрикунонӣ дар ҳолатҳои хушксолӣ, боришоти кам ва дигар омилҳои ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об шомил мегарданд. 
Мушкилоти марбут ба истифодаи захираҳои обӣ, дар маҷмуъ, ба масоили ҳифзи пиряхҳо – сарчашмаи асосии обҳо дар мамлакат ва минтақа пайвасти бевосита доранд. Аз ин рӯ, айни замон масъалаи ҳифзи пиряхҳо низ, яке аз мушкилоти ҷадид рӯи кор омадааст. Мусаллам аст, ки пиряхҳо сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ ва ширин ҳастанд, вале, мутаассифона, тағйирёбии иқлими сайёра барои ҳифзи пиряхҳо монеа эҷод мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи мазкур солҳост, ки таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва Ҳукумати мамлакат баҳри андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои ҷаҳонӣ кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳад. 
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми умедбахшест, ки мушкилоти ҳифзи пиряхҳоро то дараҷаи зарурӣ бартараф хоҳад кард, зеро дар ин самт чораҳо ва корҳои зиёде анҷом хоҳанд ёфт ва аксари мушкилот дар ҳамкорӣ, маблағгузорӣ, дастгириҳо бартараф хоҳанд шуд. Эътимод бар он дорем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи робитаҳои хориҷӣ мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада, бо мурури замон мукаммал гардида, манфиатҳои миллиамон дар тамоми арсаҳо ҳифз мешаванд.
 
Абдухалил ҒАФУРЗОДА,
ректори Академияи идоракунии 
давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, 
профессор, 
Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ,
ноиби ректор оид ба илм ва 
инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 759
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед