logo

иқтисод

БМТ. ФАЪОЛИЯТИ НИЗОМИ СУҒУРТАИ КИШВАР ДАР СОЛИ 2022

Риояи талаботи қонунгузории соҳа, ҷобаҷогузории дурусти дороиҳо тибқи тартиби муқарраршуда, татбиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО), пешбурди фаъолият ва ҳисоботи муҳосибӣ дар асоси таҳлилҳои молиявии соҳавӣ, вусъат бахшидани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ дар байни аҳолӣ оид ба фоидаи суғурта, иҷрои принсипҳои асосии суғурта дар бозори суғурта, интихоби дурусти ширкатҳои аудитории беруна ва дигар масъалаҳои муҳими соҳа дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар соли 2022, ки 10 январи соли 2023 таҳти сарварии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ, Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон ва масъулони воҳидҳои сохтории бонк баргузор гардид, мавриди баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Фирдавс Толибзода зикр намуд, ки новобаста аз вазъи сиёсӣ ва  идомаи таъсири бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба рушди иқтисоди ҷаҳон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кам кардани таъсири манфии ин омилҳо ба иқтисоди миллӣ пайваста чораҳои зарурӣ андешид, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои асосии иқтисодиёт, аз ҷумла низоми суғурта, ки яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявӣ маҳсуб меёбад, мусбат ҷамъбаст гардиданд. 
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба рушди бозори суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он дастуру роҳнамоиҳои мушаххас медиҳад. Аз ҷумла, қабул гардидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 оид ба “Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ва дар он пешбинӣ гардидани як қатор ҳадафҳои мушаххас дар бахши суғурта, аз ҷумла рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, ворид намудани тағйироти дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа, бартараф кардани инҳисор ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани суғуртаи исломӣ (такаффул) аз он шаҳодат медиҳанд.
Ҳамчунин, бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ соли 2022 бо қарорҳои раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Талабот ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ” ва “Талабот ба мазмуни шартнома ва санади қабулу интиқоли портфели суғуртавӣ” таҳия ва тасдиқ гардиданд. Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили молиявии ташкилотҳои суғуртавиро дар алоҳидагӣ аз рӯи принсипҳои асосии суғурта анҷом дод ва дар робита ба ин, бо мақсади таъмини шаффофият ва эътимоднокии амалиётҳо шакли нави автоматикунонидашудаи ҳисоботи молиявӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ таҳия шуд, ки аз соли равон мавриди амал қарор мегирад. 
Сардори идораи назорати суғуртавии Бонки миллии Тоҷикистон Дилбар Ҳусейнова бо пешниҳоди рӯнамоии муфассал оид ба “Вазъи бозори суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022” аҳли нишастро бо нишондиҳандаҳои асосии бозори суғурта ва тағйирёбии онҳо шинос намуд.
Зикр шуд, ки дар соли 2022 дороиҳои низоми суғурта ба сатҳи баландтарини худ расиданд. Аз ҷумла, дороиҳои пардохтпазири низоми суғурта дар соли рафта ба 82,9 фоиз баробар шуданд. Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумоти фаврӣ саҳми дороиҳои низоми суғурта нисбат ба дороиҳои умумии низоми молиявӣ 2,1 фоизро ташкил намуда, назар ба ММД бошад, ба 0,6 фоиз баробар шуд. Сармояи худӣ дар соли 2022 ба андозаи 20,6 фоиз афзоиш ёфта, сармояи оинномавӣ бошад, 18,6 фоиз зиёд шуд. Таъкид гашт, ки Бонки миллии Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати ҳалли ҳамагуна мушкилоти ҷойдоштаи ташкилотҳои суғуртавии ватанӣ дар доираи ваколатҳои худ мусоидат намояд. 
Дар ҷаласа роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ва Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани суғуртаи фосилавӣ бо истифода аз барномаҳои махсус, ҷоннок кардани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти суғуртакунонии маҳсулоти бонкӣ андешаҳои бикр баён намуданд. 
Фирдавс Толибзода дар ҷамъбасти ҷаласа аз масъулони ташкилотҳои суғуртавӣ даъват ба амал овард, ки дар самти таъмини раванди иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31 марти соли 2020, №211, таъсис додани шурои нозирон дар ташкилотҳои суғуртавию намояндагиҳо дар минтақаҳои кишвар, пешниҳоди хизматрасониҳои нави суғуртавӣ ба аҳолӣ, вусъат додани робита бо ҷомеа дар самти маърифатнокии суғуртавӣ, аъзошавии ташкилотҳои суғуртавӣ ба Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон, сода ва шаффоф анҷом додани пардохтҳои суғуртавӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 540
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед