logo

туризм

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САЙЁҲӢ

 
Шаҳри Турсунзода бо манзараҳои зебою  табиати беназиру нотакрораш диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб мекунад. Сайёҳии экологӣ, туризми фарҳангӣ, шикору пиёдагардии кӯҳӣ аз самтҳои муҳими соҳаи ҷаҳонгардии шаҳр ба шумор мераванд.   
Бино ба иттилои масъули самти рушди сайёҳии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Шерзод Зиёдуллоев, соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр рӯ ба тараққӣ ниҳода, ташрифи ҷаҳонгардони дохилию хориҷӣ сол то сол меафзояд. Дар соли 2022 мутасаддиёни самти туризми шаҳр 17 ҳазору 311 сайёҳро пазируфтанд, ки аз ин шумора 765 нафарро ҷаҳонгардони хориҷӣ ташкил медиҳад. Сайёҳон бештар аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Арабистони Саудӣ, Беларус, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо аз минтақаҳои туристии шаҳр дидан карданд. 
– Таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро бисёртар истироҳатгоҳҳои Курану Ширкент, боғи таърихию табиии Ширкент, Хона-музейи устод Мирзо Турсунзода, Осорхонаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ширкати алюминийи тоҷик», осорхонаи марказии шаҳр, ёдгориҳои таърихии Хоҷа Нақширон ва Офоқхоҷа ҷалб мекунанд. Бо ҳадафи татбиқи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» ва қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 8-уми июли соли 2019 «Оид ба иҷрои стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, барои беҳтар кардани вазъи соҳа дар ҳамкорӣ бо дигар масъулон саъю талош дорем, – афзуд Ш. Зиёдуллоев. 
Ба гуфтаи масъулон, яке аз минтақаҳои овозадори сайёҳии шаҳри Турсунзода – дараи Ширкент буда, он дар қисмати шимолу шарқии шаҳр ҷойгир мебошад. Нуқтаи баландтарини он дар шимол 4500 метр ва дар шарқ тақрибан 1000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Дар ин дара изҳое мавҷуданд, ки онҳоро изи панҷаи динозавр мегӯянд. Атрофи дарёи Ширкент бошад, тамошогаҳу макони фароғати сайёҳони дохилию берунӣ ба ҳисоб меравад. Дарёи фавқ аз шохобҳои дарёи Ҳазорхона ва Сандал ҷорӣ шуда, дарозии он 52 километрро дар бар мегирад. 
Дар кӯҳҳои Ширкент ҳазорон гиёҳу рустаниҳои кӯҳии шифобахш, дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла дӯлона, писта, сиёҳалаф, чукурӣ, пиёзи анзур ва дигар намуди алафҳо мерӯянд. Ҳамчунин, дар ин ҷо даррандаю хазанда ва дигар ҳайвоноти нодир, бахусус хуки ёбоӣ, гурги малла, бузи бухорӣ, суғури сурх, рӯбоҳ, мори афъии осиёӣ, ба сар мебаранд. 
Ш. Зиёдуллоев тазаккур дод, ки алҳол дар шаҳри Турсунзода панҷ ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Барои дидан намудани сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию табиии шаҳр, гурӯҳи роҳбаладон аз ҷониби хоҷагии ҷангали шаҳри Турсунзода, Парки таърихӣ-табиии Ширкент ва ширкати «Follov Tajikistan» таъсис ёфта, дар 12 хатсайри сайёҳӣ фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Шароиту имконот барои ҷаҳонгардон фароҳам буда, мушкилоти дар соҳа ҷойдоштаро сари вақт бартараф месозанд.  
 
Ёқуби СОДИҚ,  “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.01.2023    №: 16    Мутолиа карданд: 2006
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед