Хабарҳо
ШАМЪИ ХОТИРА
"Шамъи хотира" китоби нави журналист, муҳаққиқ, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода мебошад, ки дар арафаи Соли нав ба нашр расид.
Дар ин маҷмуа хотира, таассурот ва бардоштҳои муаллиф аз зиндагӣ, устодону ҳамкорон, ки бозтоби мушоҳидаҳои солҳои донишҷӯӣ (1975 - 1989) ва омӯзгории ӯст (аз соли 1996 инҷониб), фароҳам омадаанд.
Мақсади муаллиф аз таҳияи ин маҷмуа ёд овардан аз устодону ҳамкорон буда, бо ин роҳ шамъи хотираи бузургони рафтаро фурӯзон намудааст.
Мурод Муродӣ, доктори илмҳои филология, профессор, муҳаррир ва муаллифи сарсухани китоб чунин ёдовар мешавад: "Ин зумра имрӯз бо мо нестанд, кору пайкорашон, ки созандаву тарбиятбахш будааст, дар замири садҳо шогирдону ҳаммаслакон завқи касб, умеди камолот ва такомули одамиятро эҳдо намудааст. Ин маҷмуа ҳосили ҳамон меҳру садоқат аз дили як нафар мухлису муниси чунин нафарон ба тасвир омадааст."
Бояд гуфт, ки Қироншоҳ Шарифзода пештар китобҳои “Асосҳои ҳамкории иҷтимоӣ”, “Аввалин рӯзномаи тоҷикӣ”, “Мушкилоти озодии сухан”, “Озодӣ ва масъулияти сухан”, " Чаҳор мақола" ва чандин дастурҳои методиро ба нашр расондааст.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
"Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 12073