logo

барқияҳо

МУБОДИЛАИ БАРҚИЯҲОИ ТАБРИКӢ

14 январ миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
 
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров омадааст:
«Муҳтарам Садир Нургожоевич!
Ба Шумо табрикоти худро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ирсол менамоям.
Тайи се даҳсолаи сипаришуда кишварҳои мо дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо ба натиҷаҳои муайян ноил гардиданд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи сохторҳои бисёрҷониба таҷрибаи мусбат андӯхта, дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд ва якҷоя ташаббусҳои глобалиро пеш мебаранд. 
Итминон дорам, ки густариши минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷавобгӯи манфиатҳои аслии шаҳрвандони кишварҳои мо буда, ба нигоҳ доштани сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.
Бовар дорам, ки мо бо талошҳои муштарак минбаъд низ ба таҳкими робитаҳои байнидавлатиамон ҳамаҷониба мусоидат намуда, онҳоро бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ хоҳем гардонд. 
Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳо, ба мардуми дӯсти қирғиз сулҳу некрӯзӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти маро ба муносибати 30-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.
Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак ва мутобиқ ба манфиатҳои мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон мо метавонем афзоиши минбаъдаи тамоми маҷмуи муносибатҳои дуҷонибаамонро, ки бар усулҳои эҳтироми мутақобила, соҳибихтиёрии давлатӣ, тамомияти арзӣ ва халалнопазирии марзҳои давлатӣ асос ёфтаанд, таъмин намоем.
Бар он назарам, ки муносибатҳои байни ду кишвар бояд дар руҳияи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ бар нафъи мардумони Қирғизистон ва Тоҷикистон рушд ёбанд.
Бо истифода аз фурсат ба Шумо сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2023    №: 17    Мутолиа карданд: 375
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед