сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН
14 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарварони давлатҳо ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Сарварони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тули сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо бадастомада, ҳамчунин, таҷрибаи мусбати ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро зикр карданд. Муҳимияти ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда дар руҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид гардид.
Дар иртибот ба ин, ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Мавриди зикр аст, ки тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмуъ, 625 километр ё 63 фоизи тули умумии онро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ, инчунин, атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2023 №: 17 Мутолиа карданд: 480