logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҲИССАИ ВИЛОЯТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР НАЗАРРАС АСТ

 
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид баргузор гашт.
Ҷаласаро Давлаталӣ Саид оғоз намуда, иброз дошт, ки соли 2022 ба кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон соли хотирмону таърихӣ боқӣ хоҳад монд. Фаъолон ва сокинони  вилоят ҳидоятҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳамешагии худ намуда, дар соли Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Сипас, зимни гузориш оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2022 муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин зикр намуд, ки дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои муайян ва заҳмати софдилонаи сокинон, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 январи соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуддати рушди минтақавӣ дар сатҳи 108,1 фоиз  таъмин шуд.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сол ба сол тамоюли пешравии устуворро касб намуда, давоми соли рафта дар миқёси мамлакат 24,8 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52,9 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ, 23,8 фоизи гардиши мол, 12,4 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 33,5 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 17,4 фоизи мусофиркашонии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.
Нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар соли 2022-юм 103 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 54,8 миллион сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба нақша 60,8 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли пеш аз ин 188,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар самти ҷамъоварии андозҳо 5552 қарорҳои  ситондани қарз ба маблағи 188,9 миллион сомонӣ қабул ва аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 167,7 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияпулиҳои андоз 168,2 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қарздорӣ 14,6 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба масъалаи зиёд намудани музди меҳнати кормандони соҳаи истеҳсолӣ равона намуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1289,2 сомонӣ баробар шуд. Ба зиёда аз 273,2 ҳазор нафар нафақахӯр 1 миллиарду 57,2 миллион сомонӣ пардохт гардид. 
Ба самтҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят 66 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гашт, ки 58 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 52,1 миллион доллар зиёд мебошад.
Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят, 40 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мегардад, маблағи азхудшуда 760 миллион сомониро ташкил медиҳад. Соли сипаригашта соҳибкорони вилоят дар 16 форуму намоишҳои тиҷоратӣ ширкат варзида, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ 84 шартномаю ёддоштҳои тафоҳумро ба маблағи беш аз 4,3 миллиард сомонӣ ба имзо расонданд. Дар вилоят 4 форуми иқтисодию сармоягузорӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии содиротии «Бохтар Фуд-2022» дар шаҳри Бохтар, Форуми рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Норак, Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» дар шаҳри Кӯлоб, Форуми соҳибкорони байниминтақавии вилояти Хатлон ва шаҳри Кунияи Туркия дар ноҳияи Данғара баргузор гаштанд.
Бо мақсади амалигардонии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 қабул шудааст, ки мавриди амал қарор дорад. Тибқи натиҷаи мониторинги иҷрои Барномаи мазкур, ба ҳолати 1 декабри соли 2022 дар 112 лоиҳа ба маблағи 3 миллиард сомонӣ корҳо иҷро гардидаанд, ки дар маҷмуъ, иҷрои нишондиҳандаҳои солҳои 2021-2022 ба 107,2 фоиз баробар аст.
Гардиши савдои хориҷӣ ба 498,2 миллион доллари амрикоӣ расонда шуд, аз ин 238,2 миллион ба содироти молу маҳсулот ва 260 миллион ба воридот мутааллиқанд. Ҳаҷми содирот аз соли 2021-ум 62,2 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ, 1,2 ҳазор тонна матоъ, 1,7 миллиард кв/соат неруи барқ, 418,4 ҳазор тонна семент, 269,4 ҳазор тонна ангишт аз ҳудуди вилоят содирот шудаанд.
Масъалаи шуғлнокӣ ва таъмини бекорон бо ҷойи корӣ таҳти таваҷҷуҳ ва корбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дошта, дар ин давра аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 56693 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, аз ҳисоби баргузории 432 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 5584 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва 8002 нафар бо шуғли мавсимӣ фаро гирифта шуданд.
Соҳаи кишоварзӣ, яке аз самтҳои афзалиятнок ва калидии рушди  иқтисодию  иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ҳаҷми маҳсулоти умумии соҳа ба 26,4 миллиард сомонӣ (106,7 фоиз) расид. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рустанипарварӣ 106,2 фоиз ва чорводорӣ ба 107,9 фоиз баробар гардид. Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1115,6 ҳазор тонна ғалладона, 273,2 ҳазор тонна пахта, 224,6 ҳазор тонна картошка, 1644,8 ҳазор тонна сабзавот, 237,8 ҳазор тонна мева, 125,5 ҳазор тонна ангур ва 676,8 ҳазор тонна полизиҳо истеҳсол гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум хеле зиёданд.  
Тибқи маълумоти оморӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 433,8 ҳазор гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3293 гектар зиёд мебошад.
Пахтакорӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Соли 2022 дар майдони 121694 гектар пунбадона кишт шуд, ки 9596 гектари онро кишти зери плёнка ташкил дод. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш 286 ҳазор тонна пахта рӯёнда шуд, ки 100,5 фоизи дурнамост. Ба корхонаҳои коркард 273,2 ҳазор тонна пахта интиқол ёфт. Кишоварзони вилоят ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва аз як қитъа гирифтани се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ба рушди соҳаи тухмипарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар 134500 гектар кишти такрорӣ гузаронданд, ки нисбат ба солҳои пеш собиқа надорад. Ҳамчунин,  аз 52,9 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 770 гектар гармхонаҳои мавсимӣ, 28,5 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар намуди сабзавот рӯёнда шуд. Дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Беларус 23,8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол гашт. Маҳсулоти содиротӣ асосан аз сабзавот (6044 тонна), аз ҷумла пиёз (4157 тонна), полизиҳо (330 тонна), мева ва лиму (5038 тонна), ангур (10863 тонна) ва ғайра иборатанд. 
Корхонаҳои саноатии давлатӣ якҷо бо бахши хусусӣ ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли 2021-ум 1,5 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ  ба 16,7 дарсад ва бо нархҳои муқоисавӣ ба 15,5 дарсад расид.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки дар соли ҷорӣ диққати хешро ҷиҳати иҷрои нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, равона карда, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гарданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.01.2023    №: 17    Мутолиа карданд: 446
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед