иҷтимоиёт
ЭКОЛОГИЯ. БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲО ҲАЛЛИ БЕТАЪХИР МЕХОҲАНД
Масъалаи экологӣ яке аз масъалаҳои асосии замони муосир ба шумор рафта, мамлакатҳои олам барои ҳалли он аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ба ҳалли масъалаҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Маърифати экологӣ асоси сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд.
Барномаи инкишофи маърифати экологии аҳолии кишварамон дар асоси Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки мамлакатамон онҳоро эътироф намудааст, таҳия шудааст. Бо вуҷуди он ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ ва муҳофизати муҳити зист таваҷҷуҳи махсус медиҳад, вале имрӯзҳо маърифати экологии аҳолии кишвар беҳбудӣ мехоҳад. Аҳолии кишварамон барои тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва тозагии оби ҷӯйҳою дарёҳо чандон аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Як қисми сокинони шаҳри Душанбе партовҳои хонаашонро дар куҷое, ки рост ояд, мепартоянд. Ин амали баъзе шаҳрвандон боиси ифлос гаштани муҳити зист шуда, табъи касро хира месозад.
Яке аз манбаъҳои ифлоскунандаи атмосфера, махсусан ҳавои шаҳри Душанбе, нақлиёти автомобилӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо шумораи автомобилҳо чунон зиёд шудаанд, ки аз ҳисоби гази ихроҷкардаи онҳо аз ҳавои шаҳри Душанбе нафас кашидан душвор мегардад. Яке аз тадбирҳое, ки ин ҳолатро барҳам мезанад, гузаштан ба нақлиёти истифодабарандаи неруи барқ – электромобилҳо мебошад.
Дигар манбаи ифлоскунандаи ҳаво марказҳои гармидиҳӣ ва корхонаҳои сементбарорӣ мебошанд. Яке аз роҳҳои пешгирии ин камбудӣ ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия гузаштани ҷумҳурӣ мебошад. Дар шароити имрӯза кӯшиш ба харҷ додан лозим аст, ки манбаъҳои асосии ифлоскунандаи атмосфераро дар кишвар ба миқдори ниҳоят кам расонем. Мо бояд аз ҳама усулу воситаҳо истифода бурда, оби нӯшиданию ҳавои нафасгириамонро тоза нигоҳ дорем ва баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешем.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки доир ба баланд бардоштани таъмини амнияти экологӣ ва маърифати экологии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ягон тадқиқоти мукаммал гузаронда нашудааст.
Барои ҳалли масъалаҳои экологии кишварамон, махсусан пойтахти Ватани азизамон – шаҳри Душанбе, якчанд тавсияҳо пешниҳод менамоем, то ки барои ҳифзи саломатии аҳолии кишварамон саҳми муайяне гузорем.
1. Доир ба баланд бардоштани таъмини амнияти экологӣ ва маърифати экологии аҳолӣ тадқиқоти пурра гузарондан лозим аст.
2. Барои кам кардани партовҳои марказҳои гармидиҳӣ ва корхонаҳои сементбарорӣ ба таври доимӣ ва сари вақт дар гулӯлаҳои онҳо филтрҳо тоза ва иваз карда шаванд.
3. Дар сатҳи зарурӣ маърифати экологии аҳолии кишварро баланд бардоштан лозим аст.
4. Сӯхтани ангиштро дар дохили кишвар кам карда, аз энергияи электрикӣ зиёдтар истифодабариро ба роҳ мондан ба мақсад мувофиқ мебошад.
5. Дар шаҳри Душанбе истифодаи автобусҳои бо газу бензин ва солярка коркунандаро ба пуррагӣ барҳам задан зарур аст.
6. Дар дохили шаҳри Душанбе барои мусофиркашонӣ танҳо аз троллейбусҳо ва нақлиёти бо энергияи электрикӣ коркунанда истифода бурдан ба мақсад мувофиқ мебошад.
7. Истифодаи троллейбусҳоро то маркази шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Бохтар, Рӯдакӣ ва Шаҳринав ба роҳ мондан лозим аст.
8. Агар банди 7 иҷро карда шавад, он гоҳ ба шаҳри Душанбе омадани автомобилҳои бо газу бензин ва солярка коркунанда ниҳоят кам мегардад ва ҳавои шаҳри Душанбе аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ дошта шуда, зиёда аз 1 миллион аҳолиро бо ҳавои тоза таъмин менамоем ва дар ҷодаи ҳифзи саломатии онҳо саҳми арзанда мегузорем.
9. Имрӯзҳо истеҳсоли энергияи электрикӣ дар ҷумҳурӣ меафзояд. Мо бояд аз энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза баҳри ҳифзи саломатии аҳолии кишварамон истифода барем.
Ҳамид МАҶИДОВ,
Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон,
доктори илмҳои техникӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ
ва соҳибкории Тоҷикистон,
Амина АБДУЛЛОЕВА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.01.2023 №: 17 Мутолиа карданд: 455