сиёсат
ПАЁМ. БУНЁДИ МИЛЛАТИ МУТАМАДДИН АЗ МАОРИФ ОҒОЗ МЕЁБАД
Имрӯз мардуми тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгари мактаби давлатдории муосири миллӣ ва, дар маҷмуъ, меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллиро мебинанд. Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ин як рамзи арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои шабонарӯзии ин абармарди сиёсат, аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон ва рӯйдоди руҳбахше мебошад, ки дар саҳифаи таърих бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Мардуми сипосгузори тоҷик ба заҳмату талошҳои фидокоронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт бо чашми хирад нигариста, бо азму иродаи қатъӣ ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи ин нобиғаи даҳр, поягузори давлатдории навини тоҷикон, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд.
Ҳамасола Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо Паём муроҷиат менамоянд. Қобили зикр аст, ки Паёми навбатии Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон саршор аз меҳру муҳаббат, ғамхорӣ ба тамоми қишрҳои аҳолӣ буда, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Дар Паём Сарвари давлат оид ба як қатор мушкилоту дастгириҳо сухан гуфтанд. Аз ҷумла, дар мавриди дастгирии занону бонувон чунин баён доштанд: “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд”. Бо сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон тавонистанд мавқеи худро дар ҷомеа устувор намоянд. Рақамҳои дар боло зикр-гардида гувоҳи онанд, ки давлату Ҳукумат ба неруву тавони занону бонувон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим бовар доранд.
Масъалаи дигаре, ки Роҳбари давлат дар паёмҳояшон таваҷҷуҳи махсус медиҳанд, ин касбу донишомӯзии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз гаравидан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад.
Ҷавонон неруи тавоно ва ояндасози миллату давлат мебошанд. Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон бояд садоқат ба халқу Ватан дошта бошанд, арзишу манфиатҳои миллӣ ва давлатро аз ҳама чиз боло донанд. Онҳо бояд ваҳдату якдилӣ ва ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, то ин ки тавонанд сарзамин, миллат ва Ватани худро аз таъсири экстремизм ва терроризми байналмилалӣ ва дигар хатарҳои геополитикӣ ҳимоя намуда, ба арзишҳои миллӣ ва идеологияи он арҷгузорӣ намоянд.
Дар Паёми навбатӣ яке аз масъалаҳои муҳим – илм, сифати таҳсилот дар соҳаи маориф низ, баррасӣ шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд: “... Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Пешрафти Ватан ва ояндаи миллат аз сатҳу сифати дониш вобастагӣ дорад.
Оре, чунин аст. Бинобар ин, омӯзгорон бояд баробари падару модар дар таълиму тарбияи насли наврас нақши созгор дошта бошанд, онҳоро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба халқу Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Мусаллам аст, ки сифати таҳсилот аз сатҳу сифати китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, барномаҳо ва машғулиятҳои назариявию амалие, ки мо – омӯзгорон баргузор менамоем, вобастагӣ дорад. Омӯзгорон вазифадоранд, ки тамоми имконият ва дониши худро барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим равона созанд. Чунки омӯзгор шахси мафкурасозу тарбиятгар аст.
Мавзуна ҒУЛОМОВА, омӯзгори калони кафедраи ҷомеашиносии ДБССТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2023 №: 18 Мутолиа карданд: 770