иҷтимоиёт
ҶОМЕА. СОҲИБКОРОН ВАТАНСОЗАНД
Боиси хурсандию сарфарозии мо, соҳибкорон, аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба фаъолияти мо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди соҳа имтиёзу сабукиҳои зиёд пешбинӣ кардаанд. Ҳамин аст, ки кори соҳибкорон сол ба сол равнақ меёбад. Ба ин васила, саҳмгузории онҳо ҳам ба соҳаҳои гуногуни мамлакат, бавижа, иҷтимоиёт афзунтар мегардад. Тавре Пешвои миллат зимни Паём ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд:
“Дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд. То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад”.
Барои мо, соҳибкорон, чунин имтиёзу сабукиҳои мусоиди фаъолият ва ҳавасмандсозанда имконият медиҳад, ки доираи фаъолияти худро тадриҷан густариш бахшему ҳамзамон, дар ободии Ватани азизамон, саҳмгузорӣ намоем. Чунончи, аз рақамҳо бармеояд, соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018-ум 76 ҳазор зиёд мебошад. Пас, дар солҳои оянда ҳар як соҳибкор, агар тавонад соле як ҷойи нави кор ташкил намояд, дар маҷмуъ, ин нишондод соле ба зиёда аз 330 ҳазор ҷойи нави кор мерасад.
Раҳматшо ШОЕВ,
соҳибкори ноҳияи Рашт
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2023 №: 18 Мутолиа карданд: 506