иҷтимоиёт
ПИСАРАМ ҲОМИИ МАРЗ БУД...
Дар ҳама лаҳзаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бари ҳамватанонашон ҳастанд. Махсусан, дар рӯзҳои вазнин, таскинбахшу дастгири халқи азизи Тоҷикистон мебошанд.
Писари ман подполковник Муҳаммадҷон Пиров, ки барои ҳимояи Ватан – Модар сина сипар кард, 29 апрели соли 1988 дар деҳаи Правдаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба дунё омад. Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кард.
Фарзанди мо субҳи 16 сентябри соли 2022 дар як муноқишаи марзӣ ба ҳалокат расид. Писарам аз соли 2010 то охирин лаҳзаҳои ҳаёт барои оромиву осудагии Ватан, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар шабу рӯз рост истод. Ӯ хидматчии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ буд.
Хидматҳои хастанопазири фарзанди қаҳрамони мо борҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти қудратӣ қадр шудааст ва шуруъ аз соли 2020 ҳамчун командири взвод дар вилояти Суғд адои вазифа мекард. Пас аз марг бо фармони раиси КДАМ ба Муҳаммадҷон унвони ҳарбии подполковник дода шуд.
Барои поси хотираи шаҳиди роҳи Ватан ва баёни ҳамдардӣ роҳбарияти вилоят ва аксари сардорони мақомоти қудратӣ ба хонаи мо омаданд ва дар рӯзҳои вазнину аламбор моро танҳо нагузоштанд. Ҳамон гунае ки Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд: «Қаҳрамонҳо ҳаргиз намемиранд».
Роҳбарияти вилоят то ҳол аз ҳоли мо ва се фарзанди ятиммондаи Муҳаммадҷон Пиров хабар мегиранд. Замоне ки писари мо фидои ватандорӣ шуд, фарзанди севумаш Умар Пиров якмоҳа буд.
Ин ҳама амалҳои хайр ва халқпарварона бешак, аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ки боиси сипосгузории алоҳида аст. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал содиқона рисолати хешро иҷро мекунанд ва ҳамдаму ҳамрози халқанд.
Бовар дорем, ки оянда фарзандони Муҳаммадҷон Пиров аз ғамхории давлату Ҳукумат баҳравар гардида, мехонанд ва мисли падарашон шахсиятҳои зарурии ин ҷомеа мешаванд.
Мерган ПИРОВ,
сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.01.2023 №: 18 Мутолиа карданд: 732