logo

иқтисод

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАР ИСТИФОДАИ ЗАМИН АДОЛАТ ТАЪМИН АСТ

 
Ба иттилои масъулони Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода марзи маъмурии шаҳр то моҳи январи соли 2022-юм 117 гектару 539 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Майдони умумии заминҳои кишоварзӣ 68 598 гектарро дар бар гирифта, 12 388 гектари он замини корами обӣ мебошад. Чарогоҳҳои ҳудуди шаҳр 49 189 ва ҷангалу бешазораш 997 гектарро ташкил медиҳанд. 
 
Сӯҳроб Каримов, раиси Кумитаи идораи замини шаҳри Турсунзода, зимни суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт: «Соли 2022 дар чаҳорчӯби Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаду меъёрҳои дахлдор, ҷиҳати назорати давлатии ҳифзи заминҳои ҳудуди шаҳр тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудем. Аз тарафи мутахассисони кумитаи идораи замин соли сипаригардида 211 ҳолати қонунвайронкунӣ вобаста ба замин дар майдони 51,71 гектар ошкор гардид. Вобаста ба ин, ба 195 шаҳрванд барои сарҳангом бартараф кардани қонуншиканиҳо ба таври расмӣ дастур дода, нисбат ба 165 протокол ва қарорҳои ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла 2 протокол нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва 11 шахсони мансабдор, тартиб додем. Аз ҷониби истифодабарандагони замин 34 ҳолати вайрон кардани моддаи 143 Кодекси замин, яъне ғайримақсаднок истифода бурдани замин, содир гардидааст. Қонуншиканон ба маблағи 107 ҳазору 448 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021-ум 6 ҳазору 108 сомонӣ зиёд мебошад. То аввалҳои моҳи январ 72 ҳазору 592 сомонӣ маблағи ҷарима ба суратҳисоби давлат ворид карда шуд. 
Давоми соли гузашта шаш маводи аз  тарафи маъмурони кумитаи замин тартибдодашударо барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба мақомоти прокуратураи шаҳр пешниҳод намудем. Прокуратура баъди таҳлил, дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба унвонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр амрнома ирсол намуд». 
Мутасаддиёни кумита, соли 2022 ҳафт ҳолати худсарона аз худ намудани заминро ошкор кардаанд. Ҳамзамон, аз тарафи прокуратураи шаҳр ситод оид ба санҷиши ҳолати риояи қонунгузории замин бо ҷалби коршиносони дигар ниҳодҳои дахлдор таъсис ёфта, дар ин самт назорат мебаранд. Соли сипаригардида, дастандаркорони ситоди фавқ зимни бурдани корҳои санҷишию назоратӣ 15 ҳолати аз тарафи сокинон худсарона ғасб намудани заминро ошкор карданд. Возеҳ сохтанд, ки як гурӯҳи сокинон аз заминҳои ғайрикишоварзӣ ва чарогоҳҳои деҳаҳои кӯҳӣ бидуни ҳеҷ гуна асноди расмӣ порчаҳои заминро забт намудаанд. Дар асоси амри прокурори шаҳр, барои бартарафсозии қонунвайронкуниҳо аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода 15 қарор ба тасвиб расидааст. 
– Ҳар порча замини ҳудуди шаҳр зери назорати қатъӣ қарор дошта, қонуншиканиҳо пинҳон намемонанд. Ҳайати мутахассисон ва дигар маъмурони кумитаи замин ҳамарӯза мекӯшанд, то тамоми категорияҳои замин самараноку оқилона истифода шаванд, – илова кард С. Каримов. 
 
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2023    №: 18    Мутолиа карданд: 547
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед