logo

Хабарҳо

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

 
CentralAsia (CA). Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Имангали Тасмагамбетов 16 январ бо Дабири масъули Ассамблеяи парлумонии СААД Сергей Поспелов мулоқот анҷом дод.
Бино ба иттилои СААД, ҷонибҳо чорабиниҳои муштарак барои соли 2023 ва ҳамкории мутақобилаи Котиботи СААД бо Котиботи АП дар соли ҷорӣ тибқи нақшаи қаблан тасвибшударо баррасӣ намуданд.
Сергей Поспелов ба Имангали Тасмагамбетов дар бораи рафти корҳо оид ба татбиқи барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии  Созмон оид ба ҳамгироӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои узви СААД барои солҳои 2021-2025 маълумот дод.
Созишнома ҳосил гардид, ки нақшаҳои Котиботи СААД ва Ассамблеяи парлумонӣ барои солҳои 2023 ва 2024 ҳамоҳанг карда шаванд.
 
 
 
СҲИ ҳайатеро ба Афғонистон мефиристад, то бо «Толибон» масоили маориф ва ҳуқуқи занонро баррасӣ намояд
CentralAsia (CA). Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) тасмим гирифтааст, як ҳайатеро ба Афғонистон бифиристад, то дар бораи ҳуқуқи занон ба таҳсил ва шуғл бо ҳукуматдорони «Толибон» гуфтугӯ кунад. 
Ин тасмим дар нишасти ғайринавбатии СҲИ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ бо ибтикори Туркия баргузор шуд, то бар  нигарониҳо дар мавриди маҳду-диятҳои ахири ҷори-намудаи мақомоти «Толибон», ки монеи таҳсили занон дар донишгоҳҳо ва кор дар созмонҳои ғайридавлатии ёрирасон мешавад, таъкид гардад. Ҳусейн Броҳим Таҳа, Дабири кулли СҲИ, дар ин нишаст гуфт, ки ҳайат ба иқдомоти ҳукумати «Толибон» алайҳи ҳуқуқҳои асосӣ ба таҳсил, шуғл ва адолати иҷтимоии духтарону занони афғон тамаркуз хоҳад кард, зеро ин ҳуқуқҳо авлавияти аслии ҷаҳони ислом ҳастанд.
Ҳусейн Броҳим Таҳа гуфт, вақти он расидааст, ки нигарониҳо дар бораи маҳдудиятҳоеро, ки «Толибон» ба занон дар Афғонистон бештар ҷорӣ мекунанд, таъкид намоем.
 
 
 
Токаев: «Барои мубориза бо тағйирёбии иқлим сармоягузорӣ лозим аст»
Мир 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев  зимни ифтитоҳи саммити «Ҳафтаи рушди устувори Абу-Даби», ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, изҳор дошт, ки баландшавии ҳарорати ҳаво дар ҷаҳон метавонад ҳосили зироатҳоро коҳиш  диҳад. 
«Ҳамаи ин чораҳои таъҷилӣ ва муассирро талаб мекунад. Барои наҷоти сайёра сармоягузории бесобиқа лозим аст. Мо умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро дар маблағгузории чораҳои мубориза ба тағйирёбии иқлим афзоиш хоҳад дод. Бинобар ин, маҷлиси имрӯза аҳамияти калон дорад. 
 
 
 
Суҳбати телефонии Эрдоган бо Путин
Известия.  Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган  зимни гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин омодагии Анкараро барои миёнарав шудан дар ҳалли муноқишаи Украина таъйид кард. 
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат раҳбарони ду кишвар масоили долони ғалла ва содироти аммиакро баррасӣ карданд. Ҳамин тариқ, президентҳо   дар мавриди лоиҳаи коркарди ғаллаи Россия ба орд дар Туркия барои интиқоли минбаъдаи он ба кишварҳои ниёзманди Африқо  низ, гуфтугӯ намуданд.
Қаблан Кремл дар шарҳи гуфтугӯи Путин ва Эрдоган зикр кард, ки раҳбарони ду кишвар  вазъи атрофи Украина, аз ҷумла масъалаи табодули асирон, пеш аз ҳама, маҷруҳонро баррасӣ кардаанд.
 
 
 
Аҳолии Чин дар соли 2022 бори аввал дар 60 соли ахир коҳиш ёфт
Gazeta.ru. Аҳолии Чин дар соли 2022 ба 1 миллиарду 411 миллион нафар расид, ки нисбат ба охири соли 2021-ум 850 ҳазор нафар камтар аст.  
Бино ба хабари матбуоти маҳаллӣ, коҳиши аҳолӣ дар кишвар бори аввал дар 60 соли охир ба амал омад. 
Дар соли 2022-юм  9,56 миллион нафар таваллуд шуда, 10,41 миллион нафар фавтид.
Бар асоси  натиҷаҳои соли гузашта,  ба ҳар 100 зан қариб 105 мард рост меояд. Дар мамлакат мардон  722,06 миллион ва занон 689,69 миллион нафар мебошанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9733
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед