logo

Хабарҳо

САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши фаъолияти молия-вию хоҷагидории мақомот дар соли 2022 дархост ирсол намуд.
Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
 
 
 
ДАРХОСТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ФР
Дар шабакаи Интернет навори латукӯби шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайёра Дусаева дар қаҳвахонаи «Хинкалная Тбилисо», воқеъ дар хиёбони Астрахови шаҳри Москва, ки бар асари захми корд ташаббускори низоъ ба ҳалокат расид, паҳн гардидааст.
Вобаста ба ин, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Россия аз 21 декабри соли 2009 ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия ҷиҳати таъмини назорати тафтиши холисона ва ҳаматарафаи қазияи мазкур дархост ирсол шуд. Тафтишот идома дорад, – хабар дод маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
 
 
ИШТИРОКИ БАҲОДУР ШЕРАЛИЗОДА  ДАР НИШАСТИ ВАЗИРОНИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар нишасти вазирони ҳифзи муҳити зисти мамлакатҳо дар доираи баргузории “Саммити Овози Ҷануб” таҳти унвони “Ба мувозинат овардани рушд бо муҳити зист – тарзи ҳаёти бехатар”, ки бо мизбонии Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон доир гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар саммит намояндагон аз 140 кишвари дунё иштирок карда, масоили рушди устувор, иқдомҳо дар ҷодаи пешгирии тағйирёбии иқлим, авлавиятҳои кишварҳои ба тағйирёбии иқлим осебпазир, эҳёи амалияҳои анъанавии ҳассос ба тағйирёбии иқлим ва дигар ҷанбаҳои марбут ба соҳаро баррасӣ намуданд.
 
 
 
ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНАИ ХОНАНДАГОН   ТО 20 ЯНВАР ТАМДИД ГАРДИД
Вазорати маориф ва илм бо назардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагонро то 20 январи соли 2023 тамдид намуд.  
Машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегарданд. Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022 – 2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн мешаванд.
 
 
 
МАОРИФ.  ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ОЗМУНҲОИ  «ДОНИШҶӮИ СОЛ – 2023» ВА ИХТИРОЪКОРОНУ  НАВОВАРОНИ ҶАВОН ДОИР МЕШАВАНД
Дар вилояти Суғд озмунҳои вилоятии «Донишҷӯи сол – 2023» ва ихтироъкорону навоварони ҷавон баргузор мегарданд. Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Ҳамасола озмуни мазкур бо мақсади дарёфти донишҷӯёни беҳтарин, лаёқатманд, ташаббускор ва соҳибмаърифат байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят ташкил гардида, муҳассилини беҳтарину пешқадам бо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадр мешаванд.
Ҳамзамон, озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илму истеҳсолот ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас эълон гардида, дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерӣ, металлургия, кӯҳкорӣ, техникаву технология ва илмҳои табиатшиносӣ доир хоҳад шуд.
Дар озмун наврасон ва ҷавонони то 30-сола метавонанд иштирок намоянд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 9626
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед