logo

иқтисод

АШТ. СОЛИ 2022 - СОЛИ РУШДИ ИҚТИСОДӢ, СОЗАНДАГӢ ВА ОБОДКОРӢ БУД

 
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кории худ моҳи апрели соли 2022 ба ноҳияи Ашт дар маросим ба истифода додани чандин иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ширкат варзида, дар маҷлиси фаъолони ноҳия аз иқдомҳои созандагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳия самимона, изҳори сипос карда, аз ҷумла иброз дошта буданд: “Он корҳои ободонӣ ва созандагие, ки дар ноҳияи Ашт, хусусан ҷамоатҳои деҳот, анҷом дода шуданд, ин худ муҳаббат ба ҳамин сарзамину масъулиятшиносиву боиси дастгирист ва таҷрибаи ин иқдомҳову тасмимҳо бояд дар дигар манотиқи кишвар мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гиранд”.
 
Ана ҳамин ташаббускориву талошҳо ҷиҳати ҳаллу фасли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд, ки нишондиҳандаҳои иқтисодиву истеҳсолии ноҳияи Ашт дар  соли 2022  дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст мешавад. Муваффақияти ноҳия  ҷиҳати саноатикунонии босуръат  мавриди зикр аст. Бино ба иттилои бахши иқтисодии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, соли 2022 тавлиди маҳсулоти саноатӣ ба 288 миллиону 58,5 ҳазор сомонӣ  расид, ки  нисбат  ба ҳамин давраи соли 2021 наздик ба 75 миллион сомонӣ  зиёд мебошад.
Ҷиҳати татбиқи амалии “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди саноат (2022-2026)  ва  рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар ноҳия иқдому тасмимҳои мушаххас роҳандозӣ шуданд.
Соли 2022 бо ташаббуси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия  ҷиҳати бунёди корхонаи ресмонбарорӣ ва фабрикаи ҷуроббофӣ корбарӣ оғоз гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳия  апрели соли 2022  барои бунёди корхонаи ресандагӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, бо таъсиси 450 ҷойи нави кор ва бо арзиши лоиҳавии  6 миллиону 104 ҳазор доллари амрикоӣ, фабрикаи ҷуроббофӣ бо 200 дастгоҳи ҷуроббофӣ бо иқтидори истеҳсоли 30,0 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як шабонарӯз, бо ташкили 150 ҷойи нави кор  санги асос гузошт. Ҳоло дар ноҳия бунёди  коргоҳи нави мурғпарварӣ, коргоҳи нигаҳдории маҳсулот (сардхона барои 250 тонна), коргоҳи истеҳсоли консерви моҳӣ оғоз гардида, бомаром идома дорад.  
Дар назди ҶДММ “Шукронаи бахмал” хоҷагии моҳипарварӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дорои се  ҳавзи хурду бузург буда,  намудҳои гуногуни моҳӣ парвариш мешаванд. Бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ соли 2022 дар ҳудуди ноҳия ҶДММ “Сумани Ҷамшедзод” бо иқтидори солонаи 5 ҳазор дона либос бо таъсиси 6 ҷойи кор, ҶДММ “ТИ Технокомпани” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 20,0 ҳазор дона хишти сементӣ бо таъсиси 20 ҷойи кор, ҶДММ “Бунёдкори Ашт” бо иқтидори солонаи истеҳсоли  1000  метри мукааб дару тирезаи  пластикӣ бо таъсиси 6 ҷойи корӣ, ҶДММ “Ҳусниддин” бо иқтидори солонаи истеҳсоли 40,0  ҳазор  дона  хишти  сементӣ  бо таъсиси 4 ҷойи кор бун-ёд шуданд. Бо ҷалби сармоягузории соҳибкорони ватанӣ, ҳамчунин, иловатан боз корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ, бахшҳои нави тавлидотӣ дар назди ширкатҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бо истеҳсоли  даҳҳо номгӯйи маҳсулоти бозоргири саноатии рақобатпазир баҳри рушду нумӯи иқтисодиёти ноҳия саҳми арзанда гузоштанд. Масалан, танҳо ҶДММ “Рахшона” соли 2022 бо  роҳандозии  бандубасти меваи хушки фарогирии ҳамаи намуди мағзҳои меваҳои донакдор, чормағзи зеризаминӣ ва меваҳои хуч, нахӯд, наск,  маҳсулоти қаннодӣ тавонист ба миқдори зиёда аз 810 ҳазор сомонӣ  маҳсулот истеҳсол кунад. Ва ё ба фаъолият шуруъ намудани коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳраки Шайдон  бо иқтидори 24 ҳазор дона сарулибоси мактабӣ дар як моҳ ва бо ҷойи кор таъмин кардани 40 бону шароит фароҳам овард, ки,  аллакай, дар соли аввали фаъолият наздик ба 600 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намояд.         
Боз бунёди чандин коргоҳи қаннодӣ, истеҳсоли хишт мавриди истифода қарор дода шуда, бешубҳа, дар ғанигардонии буҷети маҳаллӣ, болоравии иқтисодиёт ва  ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат карданд ва ин раванд боз солҳои баъдӣ вусъати тоза пайдо менамояд.
– Воқеан ҳам, соли 2022 аз лиҳози корҳои созандагӣ ва ободкорӣ то дер дар ёди мардум хоҳад монд. Ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ин самт лоиҳаҳои зиёд аз ҷониби худи соҳибкорони маҳаллӣ рӯи кор омаданд, ки аз шиори “Ободкорӣ ба хотири ватандорӣ” бармеояд ва месазад барои тақвияти ин андешаҳо ба мисолҳо рӯ орам. Масалан, маркази фароғатӣ, ошхонаи таомҳои миллӣ ва таомҳои хосса аз гӯшти моҳӣ, меҳмонхонаи замонавӣ барои 10 ҷойи хоб, маркази солимгардонии бонувон барои 20 нафар дар як баст, маркази логистикӣ ва хизматрасонии нақлиёти мусофиркашони байнишаҳрии ҶДММ “Рахш Р.М.”, бозори замонавии “Меҳргон” (барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокворӣ, либосҳои гуногун, асбобу анҷоми хоҷагӣ) имрӯз дар хизмати аҳолӣ қарор гирифтанд, – мегӯяд Шӯҳрат Муҳаммадзода, раиси ноҳияи Ашт.
Ҳамчунин,  бо иштироки соҳибкорон бунёди 4 синфхонаи иловагӣ барои 80 хонанда дар МТМУ № 67-и деҳаи Нурафшони деҳоти Ориён, сохтмони дорухона, чойхона, ду  маркази шустушӯи нақлиёт, ба истифода додани се чоҳи амудӣ дар деҳоти Ориён, бинои нави замонавии беморхонаи минтақавии № 5 барои  80 кати бистарӣ бо арзиши 16 миллиону 763 ҳазор сомонӣ дар деҳаи Понғози деҳоти Понғоз, Муассисаи таълимии томактабии “Бунёд” барои 80 нафар дар шаҳраки Шайдон аз тарафи соҳибкор Истамой Мадалиева, филиали МТМУ №7 барои 240 хонанда дар деҳаи Бободархони деҳоти Понғоз аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 4 миллиону 500 ҳазор сомонӣ,   МТМУ № 65 барои 360 хонанда дар шаҳраки Шайдон аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо арзиши 14 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, таъмир ва азнавсозии се  пул дар ҳудуди деҳоти Понғоз, хатти оби нӯшокӣ дар деҳаи Гулшани деҳоти Шодоба дар масофаи 1,5 километр, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳудуди маҳаллаҳои деҳаи Ашти  деҳоти Ашт ба маблағи 125,1 ҳазор сомонӣ бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ анҷом дода шуданд.
Ташаббуси раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода оид ба таври ҳашари умумӣ таъмир кардани роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳалливу ҷумҳуриявидошта  аз ҷониби  мардум, соҳибкорон бо самимият пазируфта шуда, дар маҷмуъ, зиёда аз 270 километр роҳҳои мошингард таъмири ҷорӣ гардид, ки солҳои охир нишондиҳандаи балантарин мебошад.   
Ба хотири тарбияи насли наврас дар руҳияи муҳаббат ба ин марзу бум, ҳисси ватандорӣ дар муҳити даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази ноҳия лавҳаи Шарафмандони меҳнат, Ифтихори диёр, Қаҳрамонони Тоҷикистон бо тарҳи муосири инфрасохторӣ гузошта шуд.
– Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  аз оғози соли нави 2023  татбиқи даҳҳо лоиҳаҳои дигари бунёдкориву созандагӣ дар назар аст, ки ба рушди иқтисодии ноҳия, ободу сарсабзу хуррамии шаҳраку деҳот мусоидат хоҳанд кард, – таъкид намуд Шӯҳрат Муҳаммадҷонов, раиси ноҳияи Ашт.
Ҷовиди АШТӢ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.01.2023    №: 19    Мутолиа карданд: 496
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед