иҷтимоиёт
«ХУДАМ ШОҲУ ТАБЪАМ ВАЗИР». ХУДПАРАСТИИ ҶАМЪИЯТҲОИ МУСОФИРКАШ НИГАРОНКУНАНДА БОҚӢ МЕМОНАД!
Қариб як сол аст, ки роҳи мошингарди даврашакли назди бозори марказии шаҳри Турсунзода ба терминали ғайриқонунӣ табдил ёфтааст. Бетартибию бенизомии нақлиётӣ дар ин гӯшаи хиёбони марказии шаҳр ҳукмфармост. Автомашинаҳои сабукрав ва «Мерседес-Спринтер»-ҳои мусофиркаш дар хатҳои якуму дуюми ин роҳ таваққуф карда, ба рафтуои мунтазами дигар воситаҳои нақлиёт монеъ мешаванд. Ронандагон ба аломати роҳи «Таваққуф манъ аст», ки дар канори роҳи ин макон насб шудааст, комилан эътибор намедиҳанд.
– Ҳолате мешавад, ки аз роҳи даврашакл гардиш намудан мушкил мегардад. Мусофиркашон мошинҳояшонро дар байни роҳ таваққуф карда, мусофир мекобанд. Агар даҳҳо бор ҳам сигнал диҳӣ, тавре худро вонамуд мекунанд, ки гӯиё тамоман намешунида бошанд. Бо баъзеаш то муноқишаи лафзӣ накунӣ, автомашинаашро аз байни роҳ канор намегузорад, – бо нигаронӣ изҳор кард ронанда Отабек Амонқулов. Ҳайратовараш он аст, ки як нафар дар ин «терминал» истода, аз мусофирбарон пули чек талаб мекунад. Пурсуҷӯ собит кард, ки ӯ танзимгари ширкати мусофиркашонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фирӯз» будааст.
Шоҳзод Муҳаммад Шоҳ, сардори шуъбаи Турсунзодаи Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Ҳисор, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт:
– Алъон дар шаҳри Турсунзода чор ҷамъияти мусофирбарию боркашонӣ амал мекунад. Онҳо фаъолияти худро дар асоси иҷозатномаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Ҷамъиятҳо дар 34 хатсайри дохилишаҳрӣ ва хатсайри Турсунзода – Ҳисор, Турсунзода – Душанбе ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Масири мусофиркашонии Турсунзода – Душанбе ба ҶДММ «Фирӯз» мутааллиқ аст. Воситаҳои нақлиёти мусофиркашоне, ки дар роҳи даврашакли назди бозори марказӣ меистанд, аксарияташон дар ширкати фавқуззикр ба қайд гирифта шудаанд. Ҷамъияти зикршуда барои нақлиёти мусофиркашонӣ таваққуфгоҳ дорад ва танзимгарони он танҳо аз ронандагону мусофирбарони дар таваққуфгоҳи «Фирӯз» меистода салоҳияти пули чек талаб карданро доранду халос. Онҳо ҳуқуқ надоранд, ки роҳи мошингузар, аз ҷумла даврашаклро, ба терминал мубаддал намоянду пул ситонанд. Бо ҳадафи ба танзим даровардани ин минтақа дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр рейдҳои муштарак гузаронда, нисбат ба чанд ронанда протоколҳои маъмурӣ тартиб додем.
– Борҳо аз мутасаддиёни ҶДММ «Фирӯз» талаб кардем, ки роҳи мошингузарро бетартиб насозанд, вале онҳо эътибор намедиҳанд. Аз роҳбарияти ҷамъият дархост намудем, ки маълумоти заруриро доир ба фаъолияти ширкат ба шуъбаи Хадамот пешниҳод созанд. Мутаассифона, талаби ниҳоди ваколатдори давлатиро иҷро накарданд. Масъулон бояд дар нақлиёти мусофиркашонии дар ҷамъият бақайдгирифташуда аломати фарқкунанда насб намуда, хатсайри онҳоро муайян созанд, аммо ин ҳолатҳоро низ, сарфи назар кардаанд. Кормандони мо зимни санҷиш ошкор намуданд, ки шартномаи байни як ронандаи мусофиркашу ҷамъият ба анҷом расидааст, вале масъули ҷамъият ҳар рӯз ба ронанда роҳхат медодааст. Барои ин амал, нисбат ба як корманд санад мураттаб кардем.
Ба хотири риояи тавозуни андеша, хостем бо роҳбари ҶДММ «Фирӯз» мусоҳиб шавем. Мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистем. Ба ҷойи роҳбар механики ҷамъият – Насриддин Холмирзоев барои суҳбат ҳозир шуд. Мавсуф гуфт, ки ҳудуди таваққуфгоҳи марбут ба ҷамъият панҷарапеч шуда, роҳи мошингузар ба ҷамъият рабт надорад. Мутаассифона, номбурда ба дигар суолҳо посухи пурра дода натавонист.
Дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи терминали мусофирбарии «Ваҳдат-2012» фаъолият мекунад. Он ба Фирӯз Замонов, писари роҳбари ҶДММ «Фирӯз» тааллуқ доштааст. Қаблан нақлиёти мусофиркашони самти Турсунзода – Ҳисор ва Турсунзода – Душанбе дар он ҷо меистоданд. Ҳудуди як сол аст, ки он ҳамчун терминали мусофирбарӣ истифода намешавад. Зимнан, дар як тарафи он корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, эҳтимолан ба бозор табдил мешавад. Дар як тарафи дигараш бошад, мошинҳои боркаши хориҷӣ таваққуф кардаанд. Ба гуфтаи масъулон, ҶСП «Ваҳдат-2012» иҷозатномаи ба таваққуфгоҳаш роҳ додани мошинҳои боркаши байналмилалиро надорад. Фаъолияти терминалҳои байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Чанд моҳ қабл низ Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ҳолати мазкурро таҳқиқ карда, нисбат ба дастандаркорони ҶСП «Ваҳдат-2012» парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суди шаҳри Турсунзода ирсол карда будааст. Суд чӣ чора дидааст, ба мо маълум нест.
Ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ то кай «худамон шоҳу табъамон вазир» – гуфта, ба худсарӣ идома медиҳанд, суолест беҷавоб. Пас, кӣ бояд ба ин ҳама дарҳамию барҳамӣ дар терминалҳои мусофирбарӣ нуқта гузорад? «Ҷумҳурият» сари ин мавзуъ боз хоҳад гашт…
Ёқуби СОДИҚ,«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.01.2023 №: 20 Мутолиа карданд: 1679