қарорҳои ҳукумат
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, №19, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Агентии
миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сиддиқ С. Р.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Сиддиқ Саидалӣ Раҷабалӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 20, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Каримзода Т.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Каримзода Тоҳир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 21, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи сардори Хадамоти назорати
давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Муродзода Д. Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Муродзода Дустмурод Ҳайит бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 22, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Баротзода Б. Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Баротзода Бобохон Хол бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 23, ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи
телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон озод намудани Шамсиддинзода С. Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 24, ш. Душанбе
Дар бораи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Давлатзода Қ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Давлатзода Қиёмиддин муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 25, ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ашурализода А. А.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ашурализода Абдураҳмон Ашуралӣ директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 26, ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Маҳмадзода С. М.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Маҳмадзода Сафарали Маҳмад сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 27, ш. Душанбе
Дар бораи сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати
меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Нодирзода И.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Нодирзода Иматшо сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 19 январи соли 2023, № 28, ш. Душанбе
Дар бораи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шамсиддинзода С. Ш.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Шамсиддинзода Субҳиддин Шамсиддин директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.01.2023 №: 20 Мутолиа карданд: 614