сиёсат
ПАЁМ. ТАЪМИНИ АДОЛАТИ СУДӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа аз самаранокии сиёсати ҳуқуқии ҷумҳурӣ вобастагӣ дорад. Бо дарки ҳамин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз доштанд: “Вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ ҷиҳати қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад. Ин масъала дар навбати худ ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд”.
Таҷриба исбот намудааст, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ бе таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, рушди қонунгузории миллӣ, барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими идоракунии давлатӣ, кафолати фаъолияти озоди иқтисодӣ, баробарӣ ва гуногунии шаклҳои моликият, рушди соҳибкорӣ Сарвари давлат дар Паём ба мақомоти судии кишвар чунин дастур доданд: “Бо дарназардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста таҳкиму такмил дода шавад.
Бинобар ин, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.
Ин дастури Пешвои миллат бори дигар кормандони мақомоти судиро ҳушдор медиҳад, ки парвандаҳоро дар доираи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, қарорҳои асоснок қабул карда, яке аз кафолатҳои конститутсионӣ – амалӣ намудани адолати судиро бо дарназардошти принсипҳои қонуният, адолат ва инсондӯстӣ таъмин намоянд. Зеро меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт, ташкил медиҳанд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд.
Гузашта аз ин, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёд ба сомон расонда шуданд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ, чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ, нақши муҳим доранд.
Имрӯз барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат шароиту имконияти воқеӣ ва мусоид фароҳам оварда шудааст. Танҳо меҳнати ҳалол, дарки ҳамаҷонибаи вазифаву масъулият ва сидқан заҳмат кашидан моро ба сӯйи музаффариятҳо роҳнамун месозад. Ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини зиндагии шоиста барои сокинони кишвар ва боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Барои амалӣ гардидани ин маромҳо аз мо – сокинони Тоҷикистон тақозо мешавад, ки дастуру нишондодҳои паёмҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намоем. Зеро ҳар як нуктаи суханрониҳои Пешвои миллат ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дошта, барои пешрафти кишвар нигаронда шудааст.
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
раиси суди ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2023 №: 21 Мутолиа карданд: 494