logo

порлумон

ҚОНУНГУЗОРӢ. РЕЙТИНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРЗЁБИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БОЛО МЕРАВАД

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо зуҳуроти номатлуби ҷаҳон – ҷинояткории фаромиллӣ рӯ ба рӯ шуда, мубориза бо ҷинояткориро ба сифати афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар эълон намуд. Ҳанӯз соли 1998 дар ҷумҳурӣ қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ба сифати кирдори ҷиноятӣ эътироф гардида, ҷавобгарӣ барои он муқаррар шуд. Бо назардошти хусусияти фаромиллӣ доштани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маблағгузории он низ, зарурати ҳамоҳанг сохтани низоми муқовимати давлатҳоро дар самти мазкур тақозо менамояд.
 
Ин нуктаро Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иброз дошт.
Зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани қонунгузории кишвар ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (The Financial Action Task Force (FATF)) арзёбӣ гашт. 
Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” соли 2011 қабул гардидааст. Давоми 12 соли амали қонун дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, усулҳои нави хизматрасониҳои молиявӣ пайдо шуданд. Инчунин, дар тавсияҳои FATF низ, ки стандартҳои байналмилалӣ дар ин самт ба ҳисоб мераванд, бо рушди хизматрасониҳои молиявӣ як қатор тағйирот ворид гардидаанд, ки роҳандозии онҳо зарурист. 
– Новобаста аз он, ки 5 маротиба тағйироту иловаҳо ба Қонуни амалкунанда ворид шудаанд, аммо пайваста коршиносон ва намояндагони институтҳои байналмилалӣ оид ба пурра ҷавобгӯ набудани ин санад эродҳо мегирифтанд. Номукаммалӣ ва камбудиҳои ҷойдоштаи қонунгузории кишвар дар ин самт, инчунин зиёд шудани хавфу хатарҳо дар минтақа, ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, хусусан бо бонкҳои хориҷӣ низ, таъсири манфӣ мерасонад. Барои мутобиқ намудани Қонуни амалкунанда ба талаботи муосир, аз ҷумла ба тавсияҳои FATF ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, ба матни он бояд тағйиру иловаҳои зиёд дохил карда мешуд, ки он зиёда аз нисфи матни онро ташкил намуд. Бинобар ин, бо назардошти талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ  мувофиқи мақсад шуморида шуд, ки Қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия шавад. Агар Қонуни амалкунанда аз 5 боб ва 20 модда иборат бошад, лоиҳаи нав 9 боб ва 43 моддаро дар бар мегирад, – иброз дошт Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон . 
Ба андешаи Рустам Шоҳмурод, лоиҳаи нав барои тақвият бахшидани низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар ин самт ва баланд бардоштани рейтинги кишвар вобаста ба амалӣ намудани талаботи тавсияҳои FATF, инчунин ба рушди хизматрасониҳои молиявӣ, мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 аъзо ва яке аз муассисони Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм буда, ташкилот, аз ҷумлаи мақомҳои минтақавии FATF мебошад. 
– Тибқи тартиб Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мунтазам Ҳисобот оид ба пешрафтро ба Гурӯҳи Авруосиё вобаста ба рафъи камбудиҳои зимни баҳодиҳии тарафайн ошкоргардида манзур менамояд. То кунун се маротиба ҳисобот манзур гардидааст, ки танҳо дар як ҳисобот дархости баланд бардоштани рейтинги кишвар аз рӯи баъзе тавсияҳои FATF шудааст. Ҳангоми қабули лоиҳаи қонуни нав имкон пайдо мегардад, ки ҳисоботи навбатӣ оид ба пешрафт ба Гурӯҳи Авруосиё аз рӯи як қатор тавсияҳое, ки манфӣ арзёбӣ гардидаанд, бо дархости баланд бардоштани рейтинги кишвар манзур карда шаванд, –  гуфт раиси Бонки миллӣ.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 420
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед