иқтисод
ГУЛИСТОН. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АЗ 4 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ГУЗАШТ
Шаҳри Гулистон ҷиҳати татбиқи барномаи Солҳои рушди саноат (2022-2026) қадами ҷиддӣ гузошт. Соли сипаришуда бо мавриди истифода қарор гирифтани 8 корхонаи нави замонавии тавлидотӣ миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Гулистон наздик ба 40 адад расида, дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 4 миллиарду 396,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки ин баландтарин нишондод дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад.
Омӯзиши амиқи бозор, дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо ширкатҳои пешрафта ва вориди хатҳои нави технологӣ шароит фароҳам оварданд, ки 27 корхонаи саноатии шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар қиёс ба соли 2021 то 2,5 маротиба афзоиш диҳад.
– Гулистон дар баробари шаҳри энергетикҳову қолинбофону сайёҳӣ машҳур буданаш, бо мақоми саноатиаш низ, дар ҷумҳурӣ эътироф шудааст, – мегӯяд Раъно Ҳошимзода, раиси шаҳри Гулистон, – аз 39 корхонаи саноатии шаҳр 27-тоаш афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 дарсад то ба 2,4 маротиба зиёд намуда, иҷрои онро барзиёд таъмин карданд. Ин ҷо бо назардошти омӯзиши бозори ҷаҳонӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 88 намуди аслӣ ба роҳ монда шуда, аксари онҳо содиротианду вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят имрӯз 18,2 дарсадро ташкил медиҳад.
Шумораи миёнаи кормандони корхонаҳои саноатии шаҳр, ки ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, дар ин давра 5 270 нафарро ташкил дод. Музди меҳнати миёнаи онҳо ба 2 663 сомонӣ баробар шуд, ки баландтарин дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.
Ҷиҳати амалисозии стратегияи чоруми мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва барои иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022-2026) соли гузашта 7 корхонаи нави саноатӣ, аз қабили ҶДММ “Лаззати Хуҷанд”, ҶДММ “Шириниҳои Гулистон”, ҶДММ “Тиглат”, ҶДММ “Мурғи бебаҳо”, ҶДММ “Маҳина” таъсис дода шуда, дар ин раванд соли 2023 боз 5 корхонаи дигари истеҳсолӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои то 200 нафар бунёд хоҳад шуд.
Ба хотири амалисозии дастури Сарвари давлат оид ба афзудани содироти маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Гулистон аз тарафи мутахассисон тадбирҳои мувофиқ ба талаботи рӯз роҳандозӣ мешаванд ва Гулистон бо 16 давлати хурду бузурги хориҷии наздику дур ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дорад. Ҳамин аст, ки соли гузашта ҳаҷми содироти маҳсулоти корхонаҳои шаҳр ба хориҷи кишвар аз 161 миллион доллари амрикоӣ гузашт, ки ин рақам нисбат ба соли 2021-ум 30,4 миллион доллар зиёд аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2023 №: 21 Мутолиа карданд: 350