logo

фарҳанг

«ХОКРО БИГИРӢ, ЗАР ШАВАД»

Мегӯянд, модар ягона мавҷудотест, ки ҳама чизро, ҳама касро иваз карда метавонад, аммо ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас модарро иваз карда наметавонад. Ин ҳақиқат аст ва ниёз ба собит сохтан надорад. Бо шунидан тасдиқаш мекунанд ва ҳамзамон, симои нурониву пур аз меҳри модар пеши назар меояд.
Ҳама кас, ҳама чиз бо гузашти рӯзгор ва имтиҳонҳои давр тағйир меёбад, аммо ӯ ҳеҷ гоҳ, ба ҳар ҳолат тағйир намеёбад.
Модарро ба фаришта монанд мекунанд, нисбат медиҳанд, аммо болотар аз фаришта мебошад, чунки дар дилу вуҷудаш, замираш меҳр дорад, меҳре қиёс нашуданӣ ва ин меҳрро ба фарзанд мебахшад. Ин дар ҳолесст, ки намедонад, оқибати кор ба чӣ меанҷомад. Дар ин андеша нест, ки фарзандаш накуиҳои ӯро ба ҳангоми пирӣ, он гоҳ ки нотавон мешаваду дастнигар, бармегардонад?!
Мабодо, ки дилозурдааш бикунем ва бонг бар сараш бизанем. Дар асрҳои пеши номада: «Вақте ба ҷаҳли ҷавонӣ бонг бар модар задам, дилозурда ба кунҷе нишаст ва гирён ҳамегуфт: «Хурдӣ, фаромӯш кардӣ, ки дуруштӣ мекунӣ:
Чи хуш гуфт золе ба фарзанди хеш,
Чу дидаш палангафкану пилтан.
Гар аз аҳди хурдит ёд омадӣ,
Ки бечора будӣ дар оғӯши ман.
Накардӣ дар ин рӯз бар ман ҷафо,
Ки ту шермардию ман пирзан.
Оре, модар мебахшад, аммо дар дилаш захми ин гуфтаҳо мемонад, онро фаромӯш намекунад, хосса агар ба ҳангоми пирӣ аз фарзанд ранҷ бубинаду қадрношиносиро эҳсос бинамояд.
Бе ҳеҷ умеде, бе ҳеҷ интизори подоше фарзандро ба дунё меорад. Дар ин ҳол бо марг рӯ ба рӯ мешавад. Ба яқин, агар аз ӯ интихоби яке: зиндагии худ ё фарзандро бихоҳанд, фарзандро бар хеш авлотар медонад. Ҳатман хоҳад гуфт: «Ман аз зиндагӣ баҳрае бурдам, навбат акнун фарзандрост». Фақат модар аст, ки бар чунин интихоб рӯ меорад ва мепиндораду медонад, ки дар он хато накардааст.
Аз ранҷи ӯ низ ёдовар шудаанд ва ба он арҷ гузоштаанд:
Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Ҳамин як ранҷи якшабааш бар ҳар хирадманду фозил хоҳад гуфт, ки ӯ ҳазор ранҷро таҳаммул мекунад.
Барҳақ аст, ки изҳор доштанд: «Ҳеҷ зане ҷуз модар дар зиндагӣ пайдо намешавад, ки ишқу ҷавонӣ ва орзуҳои худро муфт ва муссалам дар ихтиёри кас бигузорад».
Ва ҳам боз баён доштаанд: «Барои модар вожае зеботар аз «фидокор» наметавон ёфт». Ба ҳар ҳол вожаи «модар» - ро ба ҷуз «модар» вожае иваз карда наметавонад. Модар, яъне ҳама чиз ва ҳама кас ва ҳам инсоне, ки ба ҳеҷ чиз, ба ҳеҷ кас монанд нест. Оре, вақте ҳам ин ҳақиқатро донистаанд, собит кардаанд: «Ҳеч гуле, атре рангу зебоӣ ва бӯи модарро надорад».
Бузурге барақ фармуда: «Дар танҳоӣ ҳам танҳо нестам, чун нигоҳи модар бо мост. Марг ҳам нигоҳи ӯро аз мо намегирад».
Чи неруи бузурге ба модар ато шуда, ки метавонад тамоми умр бар фарзанд модарӣ бикунад, ӯро дӯст бидорад, барояш ҳама чизу ҳастияшро фидо бинамояд.
Як нафар мегуфт: «Роҳи зиёдеро дар дунё тай кардаам, аммо ҳеҷ роҳеро азизтар, беҳтар аз роҳи хонаи модар дарнаёфтам. Замоне ки дар ин роҳ гом мениҳам, аз нав ҷавон, балки кӯдак мешавам. Чун ба дидори модар мерасам, ӯро ҳамчунон ҷавон, зебо мебинам, агарчи пиразане аст, ки беш аз ҳафтод сол умр дорад».
II
Ман ҳам ки ба роҳ мебароям, ба деҳа, ба зодгоҳам меравам, нахустин симо, симои модарам пеши чашмонам ҷилвагар мешавад. Гӯё ба пешвоз, ба истиқболи ман баромадааст. Дар хаёлу пиндорам ҳамчунон ҷавон асту зебост. Дар ҳамин сурат, дар ҳамин ҳолат моро бо падар вогузошту худ рафт. Гуфт, ки ҳеҷ гоҳ нагирйем, чун боз меояд. Омад, ончунон ки ваъда дода буд: дар сурати руъёҳо, сабзаҳо, гулҳои хандони рӯи ҳавлӣ ва мураббияи мушфиқу меҳрубон дар ятимхона.
Кӯдакон, ятимони ин даргоҳ - ҳар кадоме саргузашти худро ҳикоят мекарданд. Мегуфтанд, ки агар модаронамон намемурданд, зинда мебуданд, моро ҳаргиз намегузоштанд, ки ба ин даргоҳ биёранд.
Мегуфтанд, ки ҳама чиз дорем, гушна нестем, аммо ҷойи модар холист, ташнаи меҳру дидори ӯем.
Падари як ҳамсабақамон ҳар ҳафта меомад ва аз ҳоли фарзандаш бохабар мешуд. Дар назди мо ва омӯзгорамон ваъда медод, ки агар фарзандаш соли таҳсилро «хуб» - у «аъло» ҷамъбаст бикунад, барояш велосипед мехарад. Аммо фарзандаш ба ин ҳеҷ муваффақ намешуд. Дар ин ҳол рӯзе дидем, ки марди ба сол бузург ашк рехт, балки онро манъ карда натавонист ва гуфт: «Охир ман дар назди модари марҳумаш чӣ посух бидиҳам? Гоҳ - гоҳ ба хобам меояд ва аз ман дар бораи хониши писарамон мепурсад». 
Ин ҳолат ва суханҳо бар мо асар кард, ашк рехтему пиндоштем, ки модарони мо ҳам ба хоби падаронам меояд ва дар бораи хонишу ахлоқамон мепурсанд. Он писар чун ашки падарро диду суханҳои падарро шунид, тағйир ёфт, дар як муддати на чандон тулонӣ аълохон шуд ва ба падараш гуфт, ки ба хотири хушнудии модараш мехонад, на велосиипед.
Бачаи як фаррош ҳамроҳи мо таҳсил мекард. Падар надошт, дар чаҳорсолагияш аз дунё реҳлат карда буд. Ин шарикдарси мо «хуб» - у «аъло» мехонд, аммо баъд бемор шуд. Бар асари беморӣ пойҳои ӯро буриданд. Бо асобағале муддате роҳ гашт, аммо баъд аз ин ҳам маҳрум шуд. Модараш аз мо хоҳиш мекард, ки бо навбат фарзандашро ҳамроҳӣ бинамоем, то ранҷи танҳоиро накашад. Мо ашкҳои модари шарикдарсамонро медидем, ҳарчанд мехост, онро аз мо ва фарзандаш ниҳон бидорад. Соле аз ин миён нагузашт, ки фарзандаш аз олами ҳастӣ рахт барбаст. Пас аз он мегирист, ошкоро оби дида мерехт ва дарун - дарун месӯхт.
Мо меандешидем ва ба ҳамдигар мегуфтем, ки «шукр, марги моро модаронамон надида рафтанд. Таҳаммули ғаму андуҳи даргузашти модар дар қиёс бо марги фарзанд осонтар будааст».
Баъдҳо аз модаре ҳикоят карданд, ки беш аз 40 сол чашм ба роҳи омадани фарзанд будааст. Ба номаи сегӯша, ки хабар аз маргаш медод, ҳеҷ бовар намекард. Шабҳо дарвозаро кушода мемонд, ки мабдо ӯ биёяду онро боз набинаду ранҷ бибарад. 
Номаҳои аз майдони ҷанг расидаашро гаштаву баргашта мехонд. Чун нури чашмонаш кам шуданд, аз дигарон хоҳиш мекард, ки онҳоро барояш бихонанд. Агар дар деҳа ҷавоне аз олам дармегузашт, он номаҳоро бо худ мебурду дар назди мотамдорон мехонд, мегиристу нола сар медод. Ҳеҷ кас натавонист пеши роҳи ин амалҳояшро бигирад. Замоне дарёфт, ки маргаш фаро мерасад, васият намуд, то бо он номаҳо ӯро бигӯронанд. Ҷойи гузоштани номаҳоро низ муайян кард: болои ҷигараш. 
Даҳшати ҳама гуна ҷанг пеш аз ҳама вуҷуди модаронро фаро мегирад ва ба ларза медарорад, зеро бузургтарин талафотро онҳо медиҳанд. Яъне, бар асари ҷангҳо фарзандонашон қурбон мешаванд. Ин қурбониро ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас ҷуброн карда наметавонад.
III
Дар як рубоии мардумӣ ин байт аст, ки одамиро сахт такон медиҳад ва дилашро ба дард меоварад:
Мардумо меган, хола ба ҷойи модарай,
Фандум накунен, сӯзиши модар дигарай.
Гӯяндаи он, албатта, нафаре будааст, ки ин сӯзишро эҳсос кардааст. Эҳсоси ин гуна сӯз дар ҳеҷ маврид осон нест.
Воқеан, модар на он фариштаест, ки аз меҳраш сириштаанд, балки ба мақом болотар аз ӯст. Охир фаришта эҳсос надорад, фарзанд ба дунё намеорад ва дар ин ҳол бо марг дастобагиребон намешавад.
Ҷойи модарро дар ҳақиқат, ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас наметавонад иваз бикунад.
Як мард мегуфт, ки ман хоҳарамро боз бештар барои он дӯст медорам, ки симои модарамро пеши рӯи ман меорад, агарчи меҳру муҳаббаташ фарқ мекунад.
Мо - инсонҳо ба ҳамаи неъматҳои дунё пас аз заволашон, нестияшон мерасем. Ба қадри модар низ. Пас аз маргашон ин ҳақиқатро дармеёбем, ки натавонистем он гуна ки бояд, хидматашро ба ҷо биёрем. Ҳатто ин имкони одитаринро барояш фароҳам наёвардем, ки муддате дар паҳлуяш бошем, то аз дидори мо сер бигардад.
Ҳар кадом аз мо бояд аз худ бипурсем, ки бо хушнудӣ, ризоият дуои модарро гирифта тавонистем?!
Оре, агарчи модар ҳеҷ гоҳ аз фарзанд намеранҷад ва дар ҳозиру ғоиби он барояш дуои нек мекунад. Камтарин  дуояш ин аст: «Бачам, хокро бигирӣ, зар бишавад». Не, ин камтарин дуо нест, балки қариб ҳамаи дуоҳоро дар худ ҷамъ меорад. Муродаш, ба яқин, зару ганҷ нест, балки ҳама чизҳои беҳтарини дунё ва охират аст.
Чи хушбахт аст модаре, ки ин гуна дуо додан насибаш мешавад ва иҷобати онро ба чашмони худ мебинад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.01.2023    №: 21    Мутолиа карданд: 366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед