иқтисод
ҲАРОРАТИ ҲАВО ТО 4-5 ДАРАҶА ХУНУК БОҚӢ МЕМОНАД. САБАБ ЧИСТ?
Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ оғоз аз 18 январ ҳамагӣ 4-5 дараҷа сард боқӣ мемонад. Ин дар ҳолест, ки рӯзҳои гузашта ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои ҷумҳурӣ якбора аз 10 то 25 дараҷа поин рафта буд. Ягона минтақае, ки нисбат ба дигар минтақаҳо гармтар мебошад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар ин ҷо сардии ҳаво ҳамагӣ 15 дараҷаро ташкил дод.
Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносӣ, дар ин бора изҳор дошт, ки аз 11 январ якбора хунук омадани ҳарорати ҳаво дар натиҷаи дохилшавии ҳавои сард аз қисмати аврупоии Федератсияи Россия бисёр тағйирот ба миён овард. Масъулони соҳа зимни таҳлили вазъи боду ҳаво гуфтанд, ки дар ҷумҳурӣ тайи 16 соли охир чунин тағйирот дар боду ҳаво ба амал наомадааст. Моҳи январи соли гузашта дар тамоми минтақаҳои кишвар ҳарорати ҳаво аз меъёри муқаррарӣ 4-5 дараҷа гарм буд, вале имсол ҳарорат дар моҳи январ то 3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуд.
Албатта, якбора сард омадани ҳарорати ҳаво ба таъсири тағйирёбии глобалии иқлим рабт дорад, ки аз гардиши атмосферӣ вобаста аст. Бинобар ин, ҳарчанд чунин вазъи боду ҳаво хоси минтақаи мо нест, вале эҳтимоли дар даҳсолаҳои минбаъда ба вуқуъ пайвастани он ҳаст. Аз ин рӯ, дар бисёр маврид тамоми сохтору идораҳо ва муассисаҳои иҷтимоӣ бояд ҷиҳати мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйири вазъи боду ҳаво омода бошанд. Бо мақсади омодагӣ ба чунин вазъи боду ҳаво ва пешгирии хавфи сар задани офатҳои табиӣ аз ҷониби Агентии обуҳавошиносӣ 9 январ огоҳинома ба ҳама сохтору идораҳои дахлдор ирсол шуд. Тағйири боду ҳаво кори кормандони Агентии обуҳавошиносиро ҷиҳати сари вақт ба аҳолӣ пешниҳод кардани маълумоти дақиқ дучанд зиёд намуд. Кормандони Агентӣ, хусусан маркази обуҳавосанҷии он, бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидаанд. Қариб 70 дарсади мукаммалсозии техникии Агентӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Бонки ҷаҳонӣ анҷом дода шуда, мутахассисони соҳа бо марказҳои обуҳавошиносии кишварҳои ҷаҳон пайваста ҳамкорӣ доранд. Ин ҷо фақат набудани моделҳои нави обуҳавосанҷӣ дар маҳалҳо ба кори мутахассисон мушкилӣ эҷод мекунад. Набудани моҳвораҳо, родарҳои (ҳароратсанҷи) муосири метеорологӣ якҷо бо мутахассисони баландихтисос низ, ба кори заҳматталаби обуҳавосанҷон монеа эҷод мекунад. Бовар дорем, ки ин мушкил дар кӯтоҳтарин фурсат ҳалли худро меёбад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.01.2023 №: 21 Мутолиа карданд: 401