logo

Хабарҳо

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

 
ТАСС. Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки интихоботи президентӣ ва парлумонӣ дар ҷумҳурӣ 14 май баргузор мегардад.
Эрдоган дар мулоқот бо ҷавонони музофоти Бурса, воқеъ дар шимолу ғарбии мамлакат, изҳор дошт: "Ман намояндагони ҷавонони моро, ки бори аввал дар интихобот ширкат меварзанд, даъват мекунам, то дар ҷараёни овоздиҳӣ, ки  14 май баргузор мешавад, интихоби дуруст намоянд". 
Ӯ иброз дошт, ки 10 март фармонеро дар бораи баргузории интихобот дар рӯзи 14 май имзо хоҳад кард. "Мо аз ваколатҳои расмиамон  10 март истифода хоҳем бурд ва пас аз он муҳлати 60 рӯзе, ки қонун барои баргузории интихобот пешбинӣ намудааст, оғоз мешавад", - гуфт Президенти Туркия. 
 
 
Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвои миллии Туркманистон эълон шуд
Мир24. Раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон, Президенти пешини кишвар Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро пешвои миллии Туркманистон эълон кард. Дар ин бора барномаи иттилоотии "Ватан"-и телевизиони расмии Туркманистон хабар додааст.
Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ баромадкунандагон ба ҷонибдории аз тариқи қонунгузорӣ муқаррар намудани мақоми Президенти собиқи кишвар ҳамчун пешвои миллии халқи туркман изҳори назар карданд. Дар маҷлис лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионӣ дар бораи дохил намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Конститутсияи Туркманистон баррасӣ ва қабул гардиданд.
Президенти феълии кишвар Сердор Бердимуҳаммадов лоиҳаҳои қонунҳои қабулшударо тасдиқ ва имзо кард.
 
 
Барои ИМА оқибатҳои фалокатбори хушксолиро пешгӯӣ карданд
Lenta.ru. Нашрияи «Newsweek» менависад, хушксолии тулонӣ, ки ба нимаи ғарбии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зарба зад, ба захираҳои оби тамоми минтақа фишори ҷиддӣ меорад. 
Ба гуфтаи коршиносоне, ки ин нашрия бо онҳо мусоҳиба кардааст, агар вазъ дар 10-20 соли оянда тағйир наёбад, ин метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор барои тамоми кишвар гардад. Яке аз раҳбарони Институти идоракунии муҳити зист ва энергетика Ҷонатан Дисон гуфт, ки хушксолӣ қабатҳои обиро кам мекунад, ки ин на танҳо боиси аз байн рафтани захираҳои обҳои зеризаминӣ, балки ба фурӯ рафтани заминҳо низ, оварда мерасонад, ки боиси вайрон шудани инфрасохтори ҷамъиятӣ мешавад. Иёлатҳои аз ҳама бештар зарардида Юта, Орегон, Небраска, Канзас ва Оклахома мебошанд, зеро дар ҳар кадоми онҳо ноҳияҳое ҳастанд, ки  хушксолии шадидро аз сар мегузаронанд.  
 
 
Макрон: «Фаронса ва Олмон бояд дар эҳёи Аврупо пешоҳанг бошанд»
АИР «Новости».  "Олмон ва Фаронса бояд пешоҳангони эҳёи Аврупо, пеш аз ҳама, пешравони сохтмони муштараки модели нави энергетикӣ, гарданд. Мо бояд дар сатҳи Аврупо сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусиро, ки барои тағйир додани муҳити зист заруранд, суръат бахшем. Бояд диверсификатсияи манбаъҳо ва таъминоти энергетикии худро ба анҷом расонем ва истеҳсоли энергетикаи бидуни карбонро дар қитъаи худ ташвиқ намоем", – гуфт Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Сорбонна ба муносибати 60-умин солгарди имзои созишномаи Фаронсаву Олмон.
Ӯ, инчунин зикр кард, ки Фаронса ва Олмон бояд пешоҳангони инноватсия ва технология барои бунёди ояндаи шукуфон ва сабзи Аврупо шаванд ва истеҳсолоти аврупоиро ташвиқ намоянд, то қитъаро "қаҳрамони технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ" созанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5736
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед