иқтисод
ИҚТИСОДИ ҶАҲОН. ОЁ ОН ИМСОЛ БА ТАНАЗЗУЛ МУВОҶЕҲ МЕШАВАД?
Иқтисоддонҳо таназзул давраеро меноманд, ки муддати шаш моҳ ё бештар аз он афзоиши сарват, истеҳсолот ва фаъолияти тиҷоратӣ коҳиш меёбад. Мардум камбағалтар, корхонаҳо муфлис мешаванд, хароҷоти иҷтимоӣ коҳиш ёфта, бекорӣ меафзояд ва сармоягузориҳо ба маориф, истеҳсолот ва технология ба нобудӣ мерасад.
КОРШИНОСОНИ РУС ДАР ИН БОРА ЧӢ МЕГӮЯНД?
Иқтисоди ҷаҳониро соли душвор дар пеш аст: пас аз афзоиши таъсирбахши суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 6 дарсад дар соли 2021, афзоиши он то охири соли 2022 то 2-3 дарсад коҳиш ёфта, дар соли 2023 аз 2 дарсад зиёд нахоҳад буд, чунин меҳисобанд коршиносоне, ки бо мухбири ТАСС суҳбат кардаанд.
Ба гуфтаи коршиноси пешбари Маркази технологияҳои сиёсӣ Никита Масленников, аз таназзули ҷаҳоние, ки бо буҳрони бузурги солҳои 2008-2009 муқоиса карда мешавад, пешгирӣ кардан мумкин аст, аммо як қатор давлатҳо дорои иқтисоди бузург (пеш аз ҳама, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА) метавонанд бо зуҳуроти маҳаллии худ – ба таназзули нисбатан суст ва на он қадар тулонӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Михаил Головнин, директори Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Россия, ба ин назар аст, ки эҳтимолияти таназзул дар иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад дар сурати ба ҳам омадани омилҳои манфии гуногун: афзоиши таҳаввулоти геополитикӣ, рушди пандемияи COVID-19 ё паҳншавии пандемияҳои нав, боқӣ мондани сатҳи баланди таваррум дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва идомаи шиддатнокии сиёсати пулию қарзӣ дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ, ба вуҷуд омадани таконҳо дар ҷаҳони молиявии система ба вуқуъ биёяд.
Ба андешаи Андрей Клепач, сариқтисоддони VEB.RF, иқтисоди Ҳиндустон ва Чин ҷаҳонро аз афтодан ба таназзул наҷот медиҳад. Эҳтимолияти таназзули ҷаҳонӣ кам аст. Бо вуҷуди хатарҳои баланди таназзул дар як қатор кишварҳои калидии Ғарб, иқтисоди бузурги Чин ва Ҳиндустон эҳтимоли идомаи афзоишро дорад. Айни замон ҳеҷ пешгӯӣ барои коҳиши онҳо вуҷуд надорад.
ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР ВА ИҚТИСОДДОНҲОИ ФОРУМИ ҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ ЧӢ НАЗАР ДОРАНД?
Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева мегӯяд, ки рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2022 якбора то 3,2 дарсад коҳиш ёфт ва мо ба ин назарем, ки он дар соли 2023 то 2,7 дарсад коҳиш меёбад. Рақамҳои ахир аз эҳтимоли бадтар шудани пешгӯиҳо шаҳодат медиҳанд.
Барои аксари иқтисоди ҷаҳонӣ, соли нави 2023 вазнин хоҳад буд, зеро муҳаррикҳои асосии рушди ҷаҳонӣ – ИМА, Аврупо ва Чин – бо коҳиши афзоиш ва заифии фаъолияти иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.
Қаблан, Кристалина Георгиева борҳо дар бораи хатари таназзули ҷаҳонӣ дар соли 2023 ҳарф зада буд. Ҳоло, мегӯяд, ки агар Чин ба сабук кардани маҳдудиятҳои зидди COVID-19 идома диҳад ва муноқиша дар Украина "бадтар нашавад", метавон аз таназзул пешгирӣ кард. Рушди иқтисодии ҷаҳон дар охири соли 2023 ба барқароршавӣ шуруъ мекунад ва ҷаҳон, эҳтимол, метавонад аз таназзули глобалӣ канорагирӣ намояд.
Бо вуҷуди дурнамои хушбинона, Георгиева ҳушдор дод, ки он "соли вазнин" хоҳад буд ва иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамчунон "заиф боқӣ мемонад".
Тибқи гузориши Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ), дар соли 2023 вазъияти муташанниҷи геополитикӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расондани худро идома медиҳад. Ба гуфтаи иқтисоддонҳои ФҶИ, дар соли 2023 таназзули ҷаҳонӣ рух хоҳад дод. Аз се ду ҳиссаи онҳо ба ин боваранд, ки таназзул дар соли 2023 эҳтимол дорад ва 18 дарсадашон ба гумони зиёд ба он ишора мекунанд. Сеяки иқтисоддонҳое, ки аз ҷониби ФҶИ пурсида шуданд, таназзулро аз эҳтимол дур медонанд. Ба гуфтаи иқтисоддонҳои Форум, рушди иқтисодӣ соли 2023 дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле заиф хоҳад буд. Ҳамчунин, 57 дарсади иқтисоддонҳои ФҶИ, ки дар назарсанҷӣ ширкат кардаанд, бар ин назаранд, ки таваррум дар Аврупо меафзояд.
НИГАРОНИИ ИҚТИСОДДОНҲО АЗ ИҚТИСОДИ ИМА ВА ИТТИҲОДИ АВРУПО
Иқтисоддонҳо бештар аз иқтисоди ИМА ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) нигаронанд. Ҳамин тариқ, Клепач бар ин назар аст, ки Аврупо ба далели вобастагии шадид аз воридоти нафту газ, неруи барқ ва сатҳи баланди таваррум зери хатар қарор дорад. Иқтисодиёти бузургтарини ҷаҳон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Британияи Кабир дар соли 2023 шояд ба таназзул дучор гарданд.
Эҳтимолияти таназзул дар ИМА дар соли 2023 ба гуфтаи як қатор иқтисоддонҳои амрикоӣ, ки аз ҷониби The Wall Street Journal пурсиш шудаанд, 61 дарсад хоҳад буд.
Бино ба иттилои хабаргузории «REGNUM», 14 январ вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳор доштааст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро буҳрон таҳдид мекунад. Агар Конгресс лимити қарзи давлатиро боло набарад, он метавонад дар моҳи июни соли 2023 рух диҳад.
Иқтисоддонҳои клуби кишварҳои сарватманди Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд чунин мепиндоранд, ки рушди иқтисоди ИМА ва ИА якбора коҳиш ёфта, аз чор се ҳиссаи рушди иқтисодӣ дар соли 2023 аз ҳисоби иқтисодҳои рӯ ба тараққии Осиё таъмин хоҳад шуд. Ба мушоҳидаи онҳо, дар ним асри охир иқтисодҳои пешрафта танҳо вақте ба таназзул мувоҷеҳ гаштаанд, ки хароҷот барои воридоти асосии худ, яъне маводи сӯзишворӣ ва неруи барқ, якбора боло рафта буд. Ягона истисно таназзули соли 2020 буд, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омад.
ПЕШБАРАНДАГОНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ
Ба гуфтаи Клепач, пешбарандагони иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2023 кишварҳои Осиё, аз ҷумла Чин ва Ҳиндустон хоҳанд буд, ҳатто бо назардошти он, ки баъзе маҳдудиятҳои зидди COVID-19 дар Чин боқӣ мемонанд.
"Умедҳои асосӣ ба афзоиши босуръати ММД дар кишварҳои Осиё, пеш аз ҳама, дар Ҳиндустон аст. Илова бар ин, иқтисоди Чин аз ҳисоби рафъи аксари маҳдудиятҳои COVID-19 иқтидори хуби рушд дорад", – гуфт Клепач.
Профессори Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Ершов бар ин аст, ки Чин ва ИМА муҳаррикҳои рушд хоҳанд буд.
Михаил Головнин зикр мекунад, ки Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар соли 2023 дурнамои хуб доранд. "Дуюмин локомативи муҳими иқтисоди ҷаҳонӣ Ҳиндустон аст, ки ММД-и воқеии он дар соли 2023 метавонад нисбат ба Чин бо суръати баланд (беш аз 6%) афзояд. Маводи сӯзишвории арзон, ки Ҳиндустон ба миқдори калон аз Россия мехарад, аз як тараф, ва ниёзи бозори дохилӣ бо афзоиши аҳолӣ, аз тарафи дигар, дар ин самт нақши муҳим мебозад. Тибқи анъана барои минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкониятҳои хуб дида мешаванд. Он бо занҷирҳои истеҳсолӣ бо иқтисоди Чин зич алоқаманд аст ва худ як бозори хеле пуриқтидор мебошад. Илова бар ин, кишварҳои Осиё алҳол аз мушкилоти таваррум дар ҷаҳон нисбатан камтар осеб мебинанд", – мегӯяд коршинос.
БОНКИ РУШДИ АВРУОСИЁ: «ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023 БОСУРЪАТ РУШДЁБАНДА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ХОҲАД ШУД»
Таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё дар пешгӯии макроиқтисодии худ барои соли 2023 гуфтаанд, ки иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023 босуръат рушдкунанда дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дар ин бора ба SNG.Today дафтари матбуоти Бонки рушди Авруосиё хабар додааст.
Бонки рушди Авруосиё таъкид кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон аз ҳисоби рушди саноат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ рӯ ба афзоиш аст.
Таҳлилгарони Бонки мазкур дар охири соли гузашта афзоиши ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2023-юм 6,5 дарсад пешбинӣ намудаанд. Инчунин, онҳо тахмин мекунанд, ки имсол таваррум дар Тоҷикистон 0,9 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.
ХУЛОСА
Коршиносон ва иқтисоддонҳо дар мавриди таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ихтилофи назар доранд. Дар ин самт сатҳи хеле баланди номуайянӣ вуҷуд дорад. Барои ҷилавгирӣ аз таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ зарур аст, ки кишварҳои ҷаҳон дар чаҳорчӯби ҳамдигарфаҳмӣ ҳамкории зич дошта бошанд.
Сайфулло АШУРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2023 №: 22 Мутолиа карданд: 404