иқтисод
ҲИСОР. РУШДИ САНОАТ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чунин таъкид намуданд: «Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии давлатӣ ва хусусиро, ки аз кор бозмондаанд ё нопурра фаъолият мекунанд, таъмин созанд».
Мутаассифона, дар шаҳру навоҳии мамлакат корхонаҳои саноатии истеҳсолие мавҷуданд, ки баъди мавриди истифода қарор гирифтан, бо ҷурми саҳлангории соҳибмулкону мутасаддиён комилан аз фаъолият боз монда, ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд. Маҷмааи «Даҳбед» ва коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» дар шаҳри Ҳисор, аз ҷумлаи чунин корхонаҳо мебошанд.
Соли 2014 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Ҳисор Маҷмааи хусусии «Даҳбед»-ро, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари бонки ҷамъиятии «Тоҷпромбонк» бунёд ёфта буд, мавриди истифода қарор доданд. Маҷмаа аз меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ бо 200 ҷойи корӣ, маркази савдои дорои 75 фурӯшгоҳ, ошхонаю чойхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ иборат буд. Ҳудуди 500 нафар сокини маҳаллӣ дар Маҷмааи фавқуззикр доимӣ кор мекард, ки 400 нафари онҳоро дӯзандаю гулдӯзон ташкил медод. Ҳамчунин, соҳибкор уҳдадор буд, ки дар шафати Маҷмаа коргоҳи дӯзандагӣ бо 1000 ҷойи корӣ бо тарҳу талаботи замон ҷавобгӯро таъсис диҳад. Соҳибкор дар паҳлуи «Даҳбед» коргоҳи дӯзандагии «Шарофат»-ро бунёд кард.
Ҳангоми боздид аз «Даҳбед» маълум гардид, ки танҳо меҳмонхонаи он фаъолият дораду бас. Дари 75 фурӯшгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ баста буд. Масъулони «Даҳбед» ҳам тасдиқ карданд, ки алҳол ғайри меҳмонхона, дигар ҳеҷ хизматрасонӣ надоранд. Он ҳам ҳамагӣ 5-6 нафар коргар дорад. Даромадгоҳи коргоҳи дӯзандагии «Шарофат», қуфл зада шудааст. Торҳои анкабуту чангу ғубори дару тирезаҳояш гувоҳи солҳо фаъолият надоштани он мебошад. Коргоҳ ҳатто посбон надорад, куҷо расад ба дӯзандаю корманд.
Пайрав Сайфиддинов, мудири бахши саноат, сохтмон ва нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, роҷеъ ба вазъи Маҷмаа ва коргоҳи мазкур чунин иттилоъ дод:
– Маҷмааи «Даҳбед» ва коргоҳи дӯзандагии «Шарофат» аз ҷониби собиқ роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев бунёд ёфта буд. Табиист, ки бонки мазкур муфлис эълом гардида, барҳам хӯрд. Соли 2015, яъне баъди як соли фаъолият коргоҳи дӯзандагии «Даҳбед» аз кор монда буд. Бо ҷалби як соҳибкор дубора эҳё гардида, соли 2017 ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ либос истеҳсол кард. Тахминан, солҳои 2018-2019 мошинаҳои дӯзандагии «Даҳбед» ва «Шарофат»-ро фурӯхта, депозитҳои мизоҷони бонкро пардохт карданд. Зимнан, онҳо таҷҳизоти дӯзандагӣ надоранд. «Даҳбед» ба як соҳибкори инфиродӣ ба иҷора дода шуда, дар фасли тобистон фаъолият мекунад. «Тоҷпромбонк» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи мамлакат қарздор будааст. Вазорати молия коргоҳи «Шарофат»-ро ба ҷойи қарз ба тавозуни худаш гузарондааст. Соли рафта коргоҳи «Шарофат» аз феҳристи корхонаҳои саноатии шаҳр расман лағв гардид.
Сареҳ аст, ки аз мадди назар дур сохтану ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтани чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии саноатӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ғайри зиён, ҳеҷ суде намебахшанд. Гарчанде коргоҳҳои дӯзандагии «Даҳбед»-у «Шарофат» фаъолияти тулонӣ надоштанд, вале барои сокинон умеди калон бахшида буданд. Дар ҳар ду корхона бояд то 1500 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардид. Ҳайҳот, хунукназарию саҳлангории мутасаддиён корхонаҳои мазкурро ба сӯи муфлисӣ кашонд.
Хабарнигори «Ҷумҳури-ят» мавзуъро дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ, пайгирӣ хоҳад кард.
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2023 №: 22 Мутолиа карданд: 587