logo

сиёсат

ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ РАҲНАМО

Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб ёфта,  самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Аз як тараф, Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намояд, аз тарафи дигар, дурнамои рушди ояндаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар асоси таҳлилу баҳогузорӣ инъикос месозад.
Паёми Сарвари давлат ҳуҷҷати раҳнамо, китоби рӯйимизӣ, сармашқи кору фаъолияти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. 
Вобаста ба ҳамовозӣ ба  Паём  мо фикру андешаҳоро гирд овардем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
 
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: 
– Дар Паёми навбатии Пешвои миллат масъалаи илму маориф ва омӯзишу таълим нақши калидӣ дошт ва дар қиёс бо паёмҳои дигари Роҳбари давлат тафовутҳоеро низ, дар бар мегирифт. Ин тафовутҳо бештар дар таҳлилҳову эродҳо ва дастуру пешниҳодҳо ба назар мерасиданд. Андеша ва мантиқу мазмуни афкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки илму маориф асоси пешрафти давлат ба шумор меравад. Бо дастгириву роҳнамоиҳои Сарвари давлат ҳамасола дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои замонавӣ  мавриди истифода қарор гирифта, ҳавасмандии омӯзгорону мураббиён то ҳадди муайян боло бурда мешавад. Масъалаи дигаре ки дар Паёми навбатӣ дар соҳаи маориф диққатҷалбкунандаву муҳим буд, ин тарбияи ҷавонони ватандӯсту хештаншинос мебошад.  
Ҳамин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат ба соҳаи маориф аст, ки дар Паём изҳор доштанд: «Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаем.
Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад”.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат танҳо ба мутолиаи насли наврасу ҷавон маҳдуд нагардида, ба мутолиа даъват намудани насли калонсол низ, такомули маънавии ҷомеа дониста мешавад. Ин ҷиҳат бошад, халқияти баланд доштани бандҳои Паёмро бозгӯ менамояд. Яъне, таъкидҳо танҳо рамзиву шиорӣ нестанд ва ба таври ҷузъиву мушаххас нишон додану таъкид гаштани масъалаҳои алоҳида далели он аст, ки ин нақшаҳо хеле зуд амалӣ хоҳанд шуд. Таъкид бояд намуд, ки масъалаи илму маориф ба марҳилаи нав ворид мегардад ва ин пойдевори қавии ҷомеаи пешрафтаву намунаи мо барои наслҳои оянда хоҳад буд. Ин гувоҳи он аст, ки маънавиёти имрӯзаву ояндаи ҷомеа дар маркази диққати Пешвои миллат қарор дорад.
 
Имомназари  КАРИМИЁН, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг ва матбуоти Тоҷикистон:
– Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд.
Бо ҳамин мақсад, барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат таҳия гардид. 
Сарвари давлат дар ҳар Паёми худ бо пешниҳод ва ироаи андешаҳои мушаххас баромад карда, нишондиҳандаҳои мавҷуда, дурнамои соҳаи саноатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ва зарурати рушди саноатро барои ояндаи кишвар шарҳу тавзеҳ медиҳанд.  Доир ба масъалаи мазкур, дар Паёми қаблӣ  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар, солҳои 2022–2026-ро – Солҳои рушди саноат эълон намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022) зикр намуданд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонда шавад.
Саноати Тоҷикистон имрӯз дар марҳалаи эҳё ва рушд қарор дошта, бунёди корхонаҳои саноатӣ меафзояд.  Дар ояндаи наздик рушди саноат имкон фароҳам хоҳад овард, то иқтисодиёти мамлакат рушд намуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар гардад ва ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ асос гузорад. Мавриди зикр аст, ки рушди иқтисоди миллӣ дар солҳои 2000-2022 аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 7 маротиба зиёд гардидааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи саноат, ҳамасола даҳҳо коргоҳу корхонаҳои нав мавриди истифода қарор дода мешаванд. 
Пешниҳоди Президенти  кишвар дар бобати дар шаҳри Душанбе аз оғози соли 2023 марҳала ба марҳала сохта, ба истифода додани 4 корхонаи то истеҳсоли маҳсулоти  ниҳоӣ коркард кардани  филизоти гаронбаҳо зарурӣ ва саривақтист.
Дар маҷмуъ, Паёми имсолаи Пешвои миллат як Паёми ватандӯстона, даъват ба ташаббускорию созандагӣ, доштани ҳиссу ифтихору ҳувияти миллӣ буд. Чуноне ки самимона зикр карданд, доштани ҳисси баланди миллӣ болотар аз доштани  силоҳи ҳастаӣ аст. 
Насимҷон АБДУЛМУМИНЗОДА, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ:
– Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили иқтисодӣ аз оғоз то анҷом нақши марказӣ доштанд ва ин бесабаб набуд. Зеро айни ҳол буҳрони иқтисодии комил ҷаҳонро зери таъсир қарор дода, пайомадҳои ниҳоии он барои касе мушаххас нест. Паём аз он ҷиҳат руҳбаландӣ дошт, ки дар чунин давраи буҳронӣ кишвари мо бо амалӣ гардондани нақшаву барномаҳои мушаххаси иқтисодӣ чандин проблемаҳои мубрамро ба осонӣ паси сар намуд.  Соли 2022 соли бобарор гуфта шуд, ки ин воқеият дорад. Заминаи аслии ин мавҷуд будани ислоҳоти зина ба зинаи иқтисодӣ мебошад, ки дар асоси он рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ба вуҷуд омада истодааст. Омодагӣ ва чораандешиҳои саривақтӣ тавонист, ки на танҳо вазъи иқтисодиро дар ҳолати мутавозун нигоҳ дорад, балки пешравиҳои иқтисодиро низ, таъмин намояд. Ин андеша аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ва баъзе ниҳоду созмонҳои ҷаҳонӣ низ, эътироф гардидааст. Ин нуқта дар Паём бо чандин паҳлуҳои фарогир мавриди таъкид қарор дода шуд: “Соли 2022 корҳо ҷиҳати устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардондани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият пайдо карда, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин карда шуд”.
Таҳлилҳо дар масъалаҳои иқтисодӣ дар Паёми имсола мушаххас буданд ва нишондиҳандаву пешрафтҳо бо факту рақамҳо хеле хуб нишон дода шудаанд. Яке аз омилҳои аслии коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ин таъсиси ҷойҳои кории нав мебошад. Маълум аст, ки ба ифтихори ҷашнҳои бузурги миллӣ бо бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои кори нав ба миён омаданд, ки ин тавонист муҳоҷирати кориро низ коҳиш диҳад. 
Яке аз самтҳои назарраси чунин ислоҳоти самаранок дуруст ба роҳ гузоштани системаи молиявию бонкӣ ба ҳисоб меравад. Қурби асъори миллӣ дар мушкилтарин давраҳо дар сатҳу андозаи муайян нигоҳ дошта шуд. Андешидани тадбирҳои саривақтӣ боис гардид, ки муфлисшавии системаи бонкӣ пешгирӣ карда шавад. Давра ба давра дар шакли муназзам баланд бардоштани маош, нафақа, стипендия ва дигар пардохтҳои молиявӣ сабаб гардиданд, ки сатҳи камбизоатӣ алорағми буҳронҳои молиявӣ торафт коҳиш ёбад. Аммо тавре дар боло зикр гардид, алҳол иқтисодиёти ҷаҳонӣ низоми худро ба таври пешгӯинашаванда тағйир дода истодааст. Аз ин ҷиҳат, як андоза вазифаҳову андешидани тадбирҳои иловагӣ аз назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дур намонданд: “Дар самти сиёсати пулию қарзӣ нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани қобилияти пардохти низоми бонкӣ, дар сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани таваррум, инчунин таъмин намудани фаъолияти самараноки низоми пардохтҳо, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим боқӣ мемонанд”.
Вобаста ба чанд нуктаи боло зикр бояд кард, ки бо шарофати сиёсати оқилонаи иҷтимоиву иқтисодӣ ҷумҳурии мо дар роҳи инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор дорад. Ҳадафи чоруми стратегии давлату Ҳукумат муваффақона амалӣ мегардад, ки онро мантиқи Паёми имсола ифода мекард. Дар ин ҷода танҳо муттаҳидиву меҳнати софдилонаи ҳар як шаҳрванди кишвари мо нақш дошта метавонад.  
 
Оятулло РАҶАБЗОДА, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод:
– Баробари шунидани Паёми  навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки давлат ва Ҳукумати кишвар ба тақдири соҳа бетафовут нест. Президенти кишвар  таъкид доштанд, ки пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакатамон бар дӯши кадрҳои баландихтисоси соҳа меистад.
Ҳамагон хуб дар хотир дорем, ки ба туфайли ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи кор бо ҷавонон мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад. Яке аз нақшаҳои дурнамои соҳа, ки дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад, масъалаи баланд бардоштани мавқеи ҷавонон ва ҳисси ватандӯстии онҳо  мебошад.
Ҳамчун як ҷавон ифтихор аз он дорам, ки имрӯз ҷавонон дар мадди аввали назари Ҳукумати мамлакат қарор доранд ва ҳамарӯза барои баланд намудани мақоми онҳо барномаҳои гуногуни кор бо ҷавонон қабул мешаванд. Имрӯз бояд ҳар як фард дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон саҳмгузор бошад, то мо тавонем бо ҳам арзишҳои миллӣ ва амнияти давлатамонро ҳифз намоем. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд,  ки маҳз  ҷавонон дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо Парчами давлатии Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшон мешавад.
 
З. РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2023    №: 22    Мутолиа карданд: 693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед