иҷтимоиёт
МОДАРИ ШУҲРАТ: «ПИСАРАМ БАЧАИ ҲУКУМАТ БУД…»
Дар як маҳфили ба Рӯзи Парчами давлатӣ ихтисосёфта дар таърихи 22 ноябри соли гузашта қиссаи қаҳрамонии капитани мақомоти корҳои дохилӣ Шуҳрат Наҷмиддиновро нақл кардам. Ӯ ба ҳамсангараш мегӯяд: «Агар ман шаҳид шавам, манаҳи маро бо парчам мебандӣ, агар ту шаҳид шудӣ, ман ин корро мекунам. Баъди бастани паймон ба ҷайби либоси ҳарбӣ ишора мекунад, яъне парчам он ҷост.
16 сентябри соли 2022. Авҷи муноқишаҳои марзӣ дар Чоркӯҳ. Ҳуҷуми ногаҳон ва истифодаи бесарнишинҳо аз он тарафи сарҳад. Миёни корзор ду аскари танҳои тоҷик, овози гӯшхароши тиру туфанг, умедҳо зарра-зарра кам мешуданд, вале ҳисси ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ дар сиришти онҳо заррае намекост, баръакс дар хуни онҳо ғурури ниёгон нуҳуфта буд ва инак, он хуни гарми мардонагӣ ба ҷӯшу хурӯш меомад. Шуҳрат меҳри беинтиҳои Меҳанро дар ҳаҷми як парчами кисагӣ гунҷонда буд ва онро муқаддастарин ёдгори вопасини умр дар дили захмин медонист…
Қиссаро мухтасар карда, арзиши Парчами давлатиро барои далерони Ватан собит намудан хостам. Вохӯрӣ ба поён расиду вақти рафтан дасте ба кифтам расид. Нигаристам, бонуе дар сар қарси сапед бесадо ва бо дидаи пурашк истодааст. Ҳайрон шуда ҳол пурсиданӣ будам, ки худаш суханро оғоз кард. Писарҷон, ҳамон Шуҳрате, ки дар борааш гуфтӣ, хоҳарзодаи ман аст, раҳмат ба шумо, Шуҳратҷон, дар ҳақиқат, содиқу ошиқи миллату Ватан буд.
Дар поёни ин суҳбати кӯтоҳ ба қароре омадем, ки бо падару модари Шуҳрат – Ҷамшед Наҷмиддинзода ва Момогул Мирзоева аз ноҳияи Ховалинг суҳбате ороем барои хонандагони рӯзномаи «Ҷумҳурият».
Инак, мухтасари он суҳбати сесоата пешорӯи шумост.
– Модари азиз, лутфан мегуфтед, ки Шуҳрат байни 5 фарзанди дигар бо чӣ хӯю хислат фарқ мекард ва таърихчаи ба мақомоти қудратӣ пайвастани ӯ чӣ гуна буд?
– Замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ 6 моҳ дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун фелдшери ҳарбӣ фаъолият доштам. Ба захмиёну беморон ёрӣ мерасондам ва ҳамроҳам Шуҳратҷонро, ки фарзанди хурдӣ буд, мебурдам. Ӯ байни аскарону афсарон ва маҷруҳон бозӣ карда мегашт, гоҳо ба ман ёрӣ мерасонд. Ҳамзамон, падараш ва бародари калонӣ – писари аввалини мо низ низомӣ ҳастанд ва ба фикрам, чунин муҳит тадриҷан меҳру таваҷҷуҳи ӯро ба соҳаи ҳарбӣ зиёд кард. Махсусан, ба либоси милисагии бародараш бо ҳавас менигарист ва ҳангоми хатми мактаб аз мо хоҳиш кард, ки дар ин ё он мактаби ҳарбӣ таҳсилашро идома диҳад. Ростӣ, мо чунин имкон наёфтем ва ӯ донишҷӯи риштаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Бо ҳамин ихтисос соҳиби маълумоти олӣ шуд, вале оташи шавқи ҳарбӣ будан дар дилаш фурӯзон буд. Вақте Донишгоҳро ба поён овард, аллакай соҳиби андешаи оянданигарӣ буд ва хидмати ҳарбиро интихоб кард. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ӯ дар Хуҷанд ба хидмати Ватан пардохт. Баъди адои рисолати мардонагӣ ба сафи милитсияи тоҷик пайваст ва ҳамзамон, магистранти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, ба орзуи деринааш расид. То ба шаҳодат расидан муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Исфара (шуъбаи Исфара-2) буд. Писарам чун марди қавлу қарор боре ҳам аз розҳову мушкилоти кори худ намегуфт.
– Падари арҷманд, Шумо чун собиқадори соҳаи низомӣ розӣ будед, ки Шуҳрат ҳам ба ин ҷодаи мушкилгузар пайвандад?
– Аслан, дар ҷомеа соҳаи бемушкилӣ нест. Дуруст аст, ки шахси ҳарбӣ маҳрумиятҳои бештар дорад, шабҳои бехобӣ, изтиробу омодабошӣ, аз оилаву фарзандон дурӣ, сафарҳои гуногуни пурхатар, асаби оҳанину иродаи қавиро мехоҳанд. Аммо саволе дорам. Агар ҳама писарони худро ба хотири душвор ва пурмасъулият будани соҳаи ҳарбӣ аз сафи Артиши миллӣ ва мақомоти қудратӣ дур нигаҳ доранд, оянда чӣ мешавад? Ин сарзамин, сарҳад, нангу номуси Зан – Модар, низоми ҷомеа ва бақои миллатро кӣ таъмин мекунад? Ҳаргиз ба қарори марди ҳарбӣ шудани Шуҳрат норозӣ набудам, баръакс, дуои хайр медодам.
– Медонем, ки муноқишаҳои марзӣ дар моҳи апрели соли 2021 низ ба вуқуъ пайваста буданд. Он вақт ҳам Шуҳрат иштирок дошт?
– Бале, Шуҳрат дар он муноқиша низ корнамоиву диловарӣ нишон дода, бо Ифтихорнома ва медали «Шуҷоат» қадр шуд. Бояд моҳи ноябри соли 2022 дар Рӯзи милитсия рутбаи майориро мегирифт, аммо насиб набудааст.
– Вақти реҳлати Шуҳрат хабар ёфта будем, ки ҳамсари ӯ аз вилояти Суғд аст.
– Дуруст, ӯ як духтари ятими куллро аз шаҳри Хуҷанд интихоб намуд ва мо бо шодиву нишоти бепоён базми хонадоршавии онҳоро барпо карда будем. Ҳамсараш соҳиби маълумоти олӣ аст ва ҳоло бо ягона духтарчаашон, набераи ширини мо дар Хуҷанд зиндагӣ доранд.
– Охирин дидор ва суҳбататонро бо Шуҳрат ёд доред?
– Рухсатии корӣ гирифта, ҳамроҳи оилааш ба дидани мо ба ноҳияи Ховалинг омад. Ҳамзамон, дар Академияи ВКД ғоибона бояд 20 рӯз мехонд. Падару писар як шабонарӯз суҳбат оростему дидори гарм доштем. Рӯзи дуюм ё сеюми рухсатӣ мегузашт, ки аз Душанбе дӯстонаш занг зада, ба пойтахт даъваташ карданд. Ба ман рӯ оварда гуфт, ки падар дуо диҳед. Ҳамин қадар гуфтам, ки дар як сол як бор меойӣ, бо мо бош, аммо посух дод, ки бояд равад. Дар охир як хоҳиш кард: «Падарҷон, ҳамин духтараки ман бисёр нозук асту як одат дорад, ҳар гоҳ дар набудани ман аз фарқи сараш бӯсида монед». Ман дуояш додам, пеши модараш рафт. Аз куҷо медонистам, ки ин охирин дидор аст…
- Модари азиз, пеш аз рафтан ӯ ба Шумо чиҳо гуфт?
- Шаби аввали омаданаш бо шӯхӣ пурсид, ки модарҷон кӯрпаи замони кӯдакии ман ҳоло ҳам ҳаст? Онро партоед, мисли замони беғамии бачагӣ болояш хоб кунам. Ман бо ханда посух додам: «Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам. Кӯрпаҳо ҳам нав шуданд». Болои кӯрпаҳои нав дароз кашиду бо духтарчааш каме бозӣ кард. Онҳоро ба хонаи хоб гуселонду бо ман дар суҳбат шуд. Рӯзи дигар ба Душанбе рафту пас аз он надидамаш…
- Бо телефон суҳбат мекардед?
- То рӯзи маргаш суҳбати телефонӣ доштем.
- Падар, вақте Шуҳратро ба Исфара мехонанд, байнатон чӣ суҳбате гузашт ва он суҳбати вопасин буд? Шумо медонистед, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон чӣ мегузарад?
- Албатта, огоҳ будам. Он рӯз занг зад ва каме дар изтироб буд. Охирин ҳарфҳояш ҳоло дар гӯшҳоям садо медиҳанд: «Падарҷон, маро ба Исфара даъват доранд, ба ҷои корам». Гуфтам, ки Шуҳрат, охир таҳсили ту дар Академия ҳоло ба поён нарасидааст. Ӯ афзуд: «Дуруст, аммо наравам намешавад, шербачаҳо бе ман азоб мекашанд. Бояд ман дар сафи аввал бошам. Дуо диҳед, дидем, дидем, агар надидем, дидор дар қиёмат». Вуҷудамро як дарди ҷонсӯз фаро гирифт, худамро ба азобе ба даст гирифта дуояш додам. Чӣ кор кунам, сари ҳар кас як мурдан ҳаст. Вале бояд гӯям, ки ин суҳбати охиринаш бо ман аст, чанд лаҳза пеш аз марг ба модараш занг задааст, ки тафсилоташро худаш медонад.
- Модар, касе, ки Шуҳрат аз байни хешу пайвандон суҳбати вопасин дошт, Шумо будед?
- Дақиқан намедонам, аммо аз рафти суҳбати шояд якдақиқаина тахмин карданам мумкин аст, ки охирин ҳарфҳояш буд. Занг заду аввал садои тир ва монанд ба таркишҳоро шунидам. Дилам дур рафт. Шуҳрат ҳоло чизе нагуфта дод задам: «Шуҳрат, Шуҳратҷон, куҷоӣ?». Аз он тараф садо омад: «Модарҷон, бо бачаҳо дар майдони ҷангам, агар зинда монам, боз мебинем».
Дар муддати чандинсолаи фаъолияташ боре ҳам бо ман чунин суханҳоро нагуфта буд. Ба ҷонам ҳис кардам, ки ба сари писарам чи вазнинии сахте афтодааст, ки чунин мегӯяд. Хайрият, ки мардонагиро аз даст надода, гуфтам: «Писарам, барои ту чӣ кор кунам?» Каме сукут варзиду гуфт: «Аввал, хатми Қуръон кунед, ҳамин ҳоло бароям дуо кардан гиред, дувум, ба ҳамсангаронам ҳам гуфта мондаам, мабодо гузаштам, манаҳи маро бо парчам бандеду рӯйи тобутам парчам монед».
Ин гапҳоро бо кадом матонат ва сабру таҳаммул гуфт, намедонам, аммо чанд сонияи дигар гап назад, аз ин тараф дилам ба таркиш наздик омаду фарёд кашидам: «Шуҳрат, Шуҳратҷон…» ва дигар телефон хомӯш шуд. Ҳар қадар, ки занг задам, бефоида.
- Шуҳрат мисле, ки васияти пеш аз марг кардааст…
- Ҳамин хел, аммо барои ман, барои модар ҳаргиз ин охири роҳ набуд. Пайваста дуо мекардаму ба худ мепечидам, дилам ноором буд. Ниҳоят ҳамон рӯз занг заданду аз ҷароҳат бардоштани Шуҳрат гуфтанд. Хостам садояшро бишнавам, аммо гуфтанд, дар беморхона асту имкони суҳбат кардан надорад. Аз он сӯ дигар гап ба гӯшам мерасиду аз ин сӯ дилам гапи дигар мегуфт.
- Дилатон аз марги писар мегуфт?
- Афсус, ки ҳамин тавр. Худамро бо ҳазор шева фиреб карда, пайи фикру мулоҳизаи дигар мешудам, аммо дил аз кадом як сиёҳӣ дарак медод. Ростӣ, ҳамин огоҳии пешакии дилам буд, ки марги Шуҳратро бо сабурӣ пазируфтам. Баъди ду рӯзи суҳбати ман бо намояндаи мақомоти қудратӣ ҷасади ӯро оварданд. Вақте либосҳояшро аз тан бадар мекарданд, аз ҷайбаш парчам баромад ва он ҳоло дар ҷайби ман аст. Ҳамон парчамро ба манаҳаш бастем ва болои тобуташ ҳам матои серангаи Парчами давлатиро густардем.
Рӯзи овардани ҷасади Шуҳрат аксари намояндагони ниҳодҳои қудратӣ паси дарвозаи мо меистоданд ва дилу гурда надоштанд, ки аз асли воқеа чизе гӯянду пайи таслияти мо шаванд. Гумон доштанд, ки ҳамин ҳоло мо гиребони онҳоро мегирем ва пайи ҷанҷолу хархаша мегардем. Вақте оромиву тамкин ва сабри моро диданд, дар ҳайрат шуданд. Ба мо ҳамроҳ шуда, дилбардорӣ карданд. Сари тобуташ нишаста, ба ҳама ҳамсангарону ҳамсафон ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ гуфтам: «Писарам бачаи Ҳукумат буд ва бачаи Ҳукумат монд! То охирин лаҳза Парчами Ватанашро аз каф нагузошт».
Медонам, ки дар ин ғам ман танҳо нестам. Модарони бисёре шаҳписарони худро аз даст доданд. Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моро руҳану ҷисман танҳо нагузоштанд. Ёрмандиву мадади моддиву маънавии давлат то ҳол расида истодааст. Ба ростӣ, дарди маро танҳо ҳамон модароне ба хубӣ дарк мекунанд, ки рӯзи сиёҳи маро дидаанд. Дар поёни суҳбат мехостам, ки як гӯшаи хурде барои абадӣ гардондани ёди шаҳидони Ватан сохта шавад, то ки мо, модарони ғамдида, ҳамасола ҷамъ оему аз дарду доғ ва фаъолияти ҳамдигар огоҳ шуда истем.
- Сипосгузорем аз ташрифатон ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият». Ташаккур барои тарбияи фарзанди далеру
шуҷоъ – капитан Шуҳрат Наҷмиддинов!
Суҳбаторо Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
P.S: Вақте ки падару модари Шуҳрат Наҷмиддинов бо умедворӣ пешниҳод карданд, ки барои поси хотири дар роҳи дифои Меҳан ҳалокшудагон гӯшаи махсусе сохта шавад ё муассисаҳои гуногун ба номашон сабт гардад, 24 декабри соли 2022 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардондани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» ба имзо расид. Қонуни мазкур барои обод кардан ва нигоҳубини оромгоҳҳои ҳалокшудагон, ҷудо кардани қитъаи замин барои оромгоҳҳо, барои чопи китобҳои ёдбудӣ, пахши барномаҳои вижа аз ҳаёти ибратбахши онҳо, бардоштани филмҳои ҳуҷҷативу бадеӣ доир ба фидоиёни Ватан расман имконият медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2023 №: 22 Мутолиа карданд: 495