фарҳанг
НИШОНИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛИСТ
Дар ҷаҳон ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Нишону Парчами давлатӣ ва Суруди милливу пули миллӣ, шинохта мешавад. Ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалист. Тибқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ аст”.
Нишони давлатӣ баёнгари соҳиб-ихтиёрии давлат буда, дар дохил ва хориҷ он тавассути ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ягонагӣ ва мустақилияти кишвар, шахсияти шаҳрвандон ва моликияти мамлакатро собит менамояд ва бинобар ин, яке аз муқаддасоти ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Тасвиру рамзҳои Нишони давлатии мо баёнгари таърихи қадима ва иқлими камназири мамлакат буда, кӯҳҳои сарбаланд бо қуллаҳои худ ишора ба кӯҳсори тоҷик, шуълаи Хуршед нишонаи иқлими офтобии кишвар, шаҳодати нуру зиё ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи заррин рамзи фарру шукӯҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сӯи ояндаи ободу осуда мебошанд.
Ҳар яке аз аносири мазкур, ки дар Нишон таҷассум ёфтаанд рамзҳои меҳвариеро ифода мекунанд, ки хоси миллати куҳанбунёди мо мебошанд. Масалан, китоб, ки рамзи донишу маърифат ва илму хирадро доро мебошад, шаҳодат аз он медиҳад, ки мардуми тоҷик соҳиби илм, таърих, тамаддун, адабиёт ва фарҳанги ғанӣ буда, дар ин радиф дар пешрафти тамаддуни башарият нақши меҳварӣ дорад. Фарзандони донишмандаш бошад, тавассути осори мондагори хеш дар кулли улуми динӣ, фалсафӣ, астрономӣ, алҷабр, адабиёт, ахлоқ, тиб, физика, кимиё ва ғайра ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар остонаи Ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Нишони давлатӣ (бо баландии 45 метр) эъмор гардид. Ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ифтихору эҳтиром нисбат ба муқаддасоти миллӣ ва нишонаи сарбаландиву сарфарозии халқи кишвар мебошад. Маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат он номи “Майдони Нишони давлатӣ”-ро гирифт. Ҳоло ин анъана дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошта, дар аксар манотиқи кишвар майдонҳои Нишони давлатӣ бунёд гаштанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло бо даҳҳо давлати хурду бузурги ҷаҳон робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, дар аксари онҳо сафоратхонаҳову намояндагиҳои кишвари мо фаъолият доранд ва Нишону дигар муқаддасоти Ватанамон дар ин мамлакатҳо муаррифгари доимии давлати тоҷикон мебошанд.
Биноан, моро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодӣ ва осудагии кишвар ба қадри муқаддасоти Ватан, аз ҷумла Нишону Парчам, Суруди миллӣ расем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки бидуни ин муқаддасоту рамзҳо мо наметавонем давлату мардуми соҳибтамаддуни хешро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем.
С. ШАРИФОВ,
А. БОБОЕВ,
устодони ДТҶТ ба номи С. Раҳимов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.01.2023 №: 22 Мутолиа карданд: 491