logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ. СОҲА БА НИҲОДИ АЛОҲИДА НИЁЗ ДОРАД

Коршиносон ба ин назаранд, ки дар Тоҷикистон бояд сохтори алоҳидаи соҳаи варзиш фаъолият намояд, зеро ниҳоди ҷудогона метавонад ин самтро пурра ва самаранок идора бикунад. Ин иқдом ҳам ба нафъи варзиши тоҷик, ҳам ба нафъи варзишгарон буда, сатҳи касбият боло меравад. Ҳоло дар кишвар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ду самтро пеш мебарад. Қаблан, сайёҳӣ низ ба он шомил буд. Таҷрибаи ташкили ниҳоди алоҳидаи соҳаи сайёҳӣ –  Кумитаи рушди сайёҳӣ нишон дод, ки мақомоти ҷудогона метавонад соҳаро тезтар рушд диҳад ва натиҷабахш бошад. 
 
ЧАРО БОЯД СОҲАИ ВАРЗИШ СОХТОРИ АЛОҲИДА БОШАД? 
Ба андешаи Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, варзиш ҷузъи фарҳанги миллӣ буда, рушди он қисми ҷудонашавандаи сиёсати давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, таъмини солимии ҷисмонӣ ва маънавии он мебошад.  
Варзишгарон ва дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ дар мусобиқоти бонуфуз натиҷаҳои баланд нишон дода, ба ин васила обрӯи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ, таҳким мебахшанд. Фароҳам овардан ва боз ҳам беҳтар намудани шароит барои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои аҳолии кишвар, рушди варзиши калон аз самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад.
– Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Бунёди варзишгоҳҳои нав ва тармиму таҷдиди иншооти мавҷудаи варзишӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд. Дар баробари муҳайё намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба рушди соҳаи варзиш як силсила қарорҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ низ, қабул шудаанд. Вале бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо, мушкилот дар соҳа хеле зиёд аст ва ҳалли масъалаҳо бе кумаку дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад, – гуфт Н. Латифов.
Мутахассис бо нигаронӣ иброз дошт, ки натиҷаҳои варзиши тоҷик дар ду соли охир ғайриқаноатбахш аст. Соли 2021 варзишгарони мо натавонистанд дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио медал бигиранд, ҳол он ки дар се Олимпиадаи пешин – Пекин – 2008 ду медал (як нуқра ва як биринҷӣ), Лондон – 2012 як медали биринҷӣ ва Рио-де-Жанейро як нишони тилло ба даст оварда буданд. Зимнан, дар Олимпиадаи Токио – 2020 аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд. 
Соли 2022 бошад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ (Куния, Туркия) бе медали тилло баргашт, дар ҳоле ки варзишгарони кишварҳои минтақа – Ӯзбекистон 40 нишони тилло, Қазоқистон 19 тилло, Қирғизистон 7 тилло ва Туркманистон 3 медали тилло гирифтанд. 
Инчунин, варзишгарони тоҷик чандин сол аст, ки наметавонанд дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба намудҳои олимпӣ медал ба даст оранд. Илова ба ин, соли гузашта ягон намояндаи Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш ба гирифтани медали тиллои Чемпионати Осиё мушарраф нашуд.
Хотиррасон мекунем, ки пас аз пирӯзии варзишгари машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ соли 1995 (Ҳётеборг, Шведсия) дигар касе аз Тоҷикистон дар намудҳои олимпии варзиш медали тилло ба даст наовардааст. 
Бо овардани ин мисолҳо Нарзулло Латифов гуфт, ки бояд бахши варзиш дар Тоҷикистон куллан бозбинӣ ва ба соҳа муносибат ҷиддӣ шавад. Бовар дорам зарурати таъсиси як ниҳоди алоҳидаи давлатӣ оид ба варзиш бо мақсади додани мустақилияти бештар ба соҳа ва рушди минбаъдаи варзиш мусоидат хоҳад кард. Бешак, зарурати таъсиси мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш талаби замон аст. Ба андешаи ман, таҷдиди мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, яъне ба сохтори нав – Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - табдил додани он, мутаассифона, ба идора ва танзими самаранокии фаъолияти соҳа таъсири манфӣ расонда, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар монеаҳои зиёд эҷод кардааст. Фаъолияти мақомоти идораи давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бахусус дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хеле заиф гардидааст, зеро ба вазифаи роҳбарӣ кадрҳои соҳаи ҷавонон таъин шудаанд, ки мутахассиси соҳаи варзиш нестанд ва таҷрибаи кофӣ дар ин самт надоранд.  
Мутахассиси варзида чунин пешниҳод намуд, ки таъсис додани сохтори алоҳидаи Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешрафти соҳа фаъолияти пурсамартар анҷом хоҳад дод.   
Варзишгари маъруфи кишвар Зебунисо Рустамова мегӯяд, ки сохтори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бояд ҷудогона бошад, чунки он сиёсати соҳавӣ ва касбист. Муҳимтар аз ҳама, соҳа муаррифгари давлат мебошад. Воқеан, ҳамин тавр аст. Вақте Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро қаҳрамон шуд, як нишони тилло мавқеи кишвари моро дар миёни 207 давлати иштирокчӣ ба зинаи 58-ум бурд. Мутаассифона, мо аз Токио бе ҷоиза баргаштем. Тавре маълум аст, дар Бозиҳои олимпӣ ба сатҳи варзиши мамлакатҳо баҳо медиҳанд, ки кӣ қавитар, зӯртар ва баландтар аст. 
Парвиз Нориён, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Варзиш”, пешниҳоди ҳамчун сохтори алоҳида фаъолият намудани соҳаи варзишро ҷонибдори намуда, иброз дошт, ки барои варзиш ин иқдом муфид ва зарурӣ хоҳад буд. 
– Пешниҳодҳо оид ба дар алоҳидагӣ фаъолият намудани кумитаи варзиш чандин сол боз идома доранд. Ба назари ман, барои рушди минбаъдаи варзиш дар кишвар ва омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ ин андешаҳо асос доранд. Аммо, ташкили сохтори давлатӣ кори Ҳукумати кишвар аст. Агар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз уҳдаи кор бароянд, мушкилӣ нест. Лекин муносибати Кумита нисбат ба варзиш ҳамин гуна давом кунад, беҳтараш варзиш аз ин сохтор ҷудо шавад, – иброз дошт Сайфиддин Қараев, коршиноси соҳа. 
Таҷрибаи кишварҳои дигари пасошуравӣ нишон дод, ки дар чанде аз давлатҳо соҳаи варзиш сохтори алоҳида мебошад. Масалан,  дар Россия – Вазорати варзиш, Туркманистон – Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва Ӯзбекистон – Вазорати рушди варзиш. Ҳарчанд, дар дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Беларус варзиш бо дигар сохторҳо якҷоя бошанд ҳам, натиҷаҳои варзишии назаррас доранд. 
То соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вазорати сайёҳӣ ва варзиш амал мекард, ки сохтори мазкур таҷдид гардида, ба ду сохтори алоҳида – Вазорати рушди варзиш ва Вазорати сайёҳӣ ва меъроси фарҳангӣ тақсим шуд. Яъне, ин нишон медиҳад, ки дар алоҳидагӣ таъсис додани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи варзиш талаботи замон мебошад.
– Бубинед, дар Ӯзбекистон имрӯз сохтор дар алоҳидагист ва маблағгузориаш зиёд шудааст. Ин боис мегардад, ки варзиши давлат ба пешравиҳои назаррас ноил гардад, – гуфт Зебунисо Рустамова.
Ҳоло дар дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вобаста ба самти варзиш як раёсат (раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш) ва як шуъба (шуъбаи кор бо дастаҳои мунтахаб) фаъолият мекунад, ки дар маҷмуъ, қариб 15 корманд дорад. Худ қазоват кунед, ки чӣ тавр 15 нафар метавонанд ба ҳама самтҳои варзиш расидагӣ кунанд? Дар маҳалҳо низ, чунин ҳолат аст.
Аз ин нуқтаи назар, таҷдиди сохторӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба сохтори алоҳида табдил додани соҳаи варзиш ба нафъи кор хоҳад буд. Зеро дар кишвар заминаи ҳуқуқии ин сохтор гузошта шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» (23 декабри соли 2021) амал мекунад, ки Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Гузашта аз ин, пас аз сохтори алоҳида шудани соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш маблағгузорӣ ба соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ бештар гардида, сарпарастон низ, пайдо хоҳанд шуд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  “Ҷумҳурият” 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.01.2023    №: 22    Мутолиа карданд: 940
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед