Хабарҳо
ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ
Чанде пеш дар пойтахти кишвар маросими ифтитоҳи аввалин Маркази миллии ғизои мактабӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин Марказ ба хотири боло бурдани зарфияти Вазорат барои назорати Барномаи ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, таъсис ёфт.
Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали вазири маориф ва илм, Семён Григорев, сафири Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адҳам Мусаллам, директори Созмони ҷаҳонии озуқа дар Тоҷикистон иштирокдорони маросим буданд.
- Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳаҷми умумии маблағҳо, ки барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, 86 миллион (доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Россия ба дастгирии насли ҷавони Тоҷикистони бародар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Моҳи декабри соли гузашта Россия дар ин самт 4 миллион доллари амрикоӣ саҳми иловагӣ ҷудо кард, - иттилоъ дод Семён Григорев.
Ҷамшед Ҷӯразода зикр кард, ки Россия ва Созмони ҷаҳонии ғизо дар таъмини хӯроки хонандагон дар Тоҷикистон саҳми арзанда доранд. Барои таъсиси Маркази мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби WFP 200 ҳазор доллари ИМА ҷудо шудааст. Аз ҳисоби ин маблағ биноҳои вобастаи соҳаи маориф таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардиданд.
Бояд гуфт, ки Барномаи ғизои мактабӣ бузургтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон аст, ки аз соли 2013 то ҳол аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он қариб 440 ҳазор хонандаи 2000 мактаби 52 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таври доимӣ бо хӯроки гарм таъмин мешавад.
Инчунин, аз ҳисоби барнома 50 ошхонаи мактабӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудаанд. Дар заминаи онҳо 9 гармхона, 5 нонвойхонаи байнимактабӣ ва корхонаи коркарди хӯрокворӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, 7 нонвойхонаи хусусӣ бо мактабҳо ҳамкорӣ мекунад.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4244