Хабарҳо
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Дар доираи баргузории ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Тошкент вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов вохӯрд.
Ба иттилои Вазорат, роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҷадвали тамосҳои сатҳи олӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима гардиданд.
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон
Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо 13 – 20 январи соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гашт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид. Дидори навбатии тарафҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад.
Таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ бо Қазоқистон
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар ҳошияи сафар ба Қазоқистон бо директори Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Еркин Тукумов мулоқот анҷом дод.
Ба иттилои МТС, Хайриддин Усмонзода вобаста ба мавқеъгирии сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои сиёсати хориҷӣ ва амният, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инфрасохтор, фарҳанг ва гуманитарӣ, ҳифзи муҳити зист, инчунин роҳҳои асосии тараққиёти инсониятро дар давраи миёнамуҳлат, баррасӣ карданд.
Табодули таҷрибаи табибони тоҷик ва эронӣ
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳо дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ, дар ҳоли густариш қарор доранд.
Як гурӯҳ мутахассисони кишвар бо шумули намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии мамлакат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд.
Ҳадафи асосии сафари намояндагони Тоҷикистон, пеш аз ҳама, шиносоӣ бо истеҳсолкунандагони маводи дору, молҳои тиббӣ, густаришу тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии ду кишвар ва дар ин замина, афзоиш додани гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 4295