иқтисод
ОТАШИ ҶАШНИ САДА ОТАШИ МЕҲРИ ВАТАН АСТ
Маҳз тавассути ташаббусҳои наҷибонаву шоистаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд ва имрӯз мо ифтихор дорем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орзуҳои миллӣ дубора эҳё ва таҷлил мешаванд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад.
Ҳама анъанаҳо, расму оин аз насл ба насл мегузаранд ва пасомадагон мероси гузаштагони худро пос медоранд. Баъди расидан ба истиқлолият дар Тоҷикистон як қатор суннатҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки садсолаҳо аз назари халқ дур монда, таҷлили баъзеашон манъ шуда, қисми дигарашон танҳо дар хотираи таърихиву фарҳангии халқамон маҳфуз буданд, эҳё гардиданд. Мо солҳои тулонӣ ба Ҷашни Сада аҳамият намедодем, имрӯз, ки он қонунан аз нав эҳё шудааст, бояд чун иди таърихӣ ва миллӣ ҷашн гирифта шавад. Садаро ба дин, махсусан ба дини зардуштӣ алоқаманд донистан, мутлақо хатост. Ин идест, ки аҷдодони дуру наздикамон ба шукронаи пайдо гаштан ва гиромидошти оташ – муъҷизаи худодод, яке аз чор унсури офаранда (дар қатори обу хоку бод) онро ҷашн мегирифтанд.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши Ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонд ва Ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим Ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди ихтирои оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истихроҷи филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, алайҳи аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Хуллас, тибқи маълумоти манбаъҳои таърихӣ ва навиштаҳои уламою удабои маъруф Сада ин ҷашни ихтироъ, ҳосилу кашфи оташи сеҳрангез аст, ки ба шарофати он аҳли башар ба ҷойи олоти чӯбину сангин асбобу олоти оҳанин ба даст овард, ки туфайли он барзгарони олам ранҷи заҳмати хешро афзун гардонданд.
Ҳамин тариқ, Ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи бузургдошти Митра (Меҳр), омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва муждаи Наврӯз пазироӣ мешуд. Сада бо гулхани рӯшноиафзои хеш сардиҳои зимистонро бо рӯшноиву гармиҳои баҳор мепайваст ва 50 рӯзу 50 шаби фарорасии Наврӯзро мардум бесаброна шумурда, ба пазироии бузургтарин ҷашни баҳор ва истиқболи Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯз омода мегаштанд.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
Сада сад роҳ кушояд сӯйи Наврӯз,
Ба рӯйи мо намояд рӯйи Наврӯз.
Сано гӯям ба ин ҷашни ниёгон,
Ки дар сармо расонад бӯйи Наврӯз.
Иди Сада аз рӯйи ҳаракати бурҷҳо ва тақвими Яздигурдӣ (хуршедӣ ва имрӯза) ба 29 январ – рӯзи аввали чиллаи хурди зимистон рост меояд.
Ба андешаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов, Ҷашни Сада марбут ба бузургдошти оташ аст. Дар шаҳри Кирмон то имрӯз суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки, бахусус деҳқонон, якчанд рӯз пеш ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро, ки баландиаш тақрибан ба 5-6 метр ва қутраш 12-14 метр мерасад, гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо одам ҷамъ омада, хурсандӣ ва сайругашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ баъзе деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд.
Таърихи нишонаҳои пайдоиши Ҷашни Сада марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба Хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани Ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасанд. Ин амал, аз як тараф, ифодаи рамзи ҷовидонии Хуршед ва муқаддас донистани оташ бошад, аз тарафи дигар, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии ногусастанӣ дорад, зеро ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудоти олам зиндаанд ва ҳаракат мекунанд.
Хушбахтона, Сада дар замони соҳибистиқлолӣ қабои нав ба бар карда, тайи чанд сол мешавад, ки бо шукӯҳу манзалати баланд дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад. Таҷлили Сада яке аз рукнҳои худшиносии миллӣ ва огоҳӣ аз таърихи гузаштаи миллат аст.
Хулоса, дар ин давра корҳои гуногуни тайёрии агротехникӣ, аз қабили омода намудани тухмиҳо ба кишт, гузарондани шудгор ва кишти зерзимистонаи зироатҳо, пошидани нуриҳо, таъмир ва омодасозии мошинолоти кишоварзӣ, тозагардонии заҳкашу заҳбурҳо, яхобмонии боғу токзор, обшӯйикунии хокҳои шӯр, нармсозии бехи дарахтон, мубориза бар зидди ҳашарот ва касалиҳо, нигоҳдории барфҳову захираи намӣ, хокпошӣ ва ғайра, амалӣ гардонда мешаванд. Дар анборҳо маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералию органикӣ захира мегарданд. Яхобмонии баъзе қитъаҳо ба роҳ монда мешавад.
Нависандаи машҳури муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асараш Ҷашни Садаро «Садасӯзӣ» ном ниҳода, зикр кардааст, ки Ҷашни Сада аҳамияти фалоҳатӣ (кишоварзӣ) дорад, чун баъд аз он аввал ҷараёни базрафшонӣ (омода намудани тухмӣ) сурат мегирад, баъд тайёрӣ ба киштукор шуруъ мешавад.
Яке аз вижагии Ҷашни Сада ҳамкории мардум ва ба таври дастаҷамъӣ ё ҳашар анҷом додани корҳо мебошад.
Баъзе олимони хориҷӣ, ки дар соҳаи таърихи дин ва фарҳанги мардумӣ пажӯҳиш бурдаанд, аз он ҷумла Тумос Ҳоид, ба он ақида аст, ки бидуни ҷанбаҳои достониву ривоятӣ пайдоиши Ҷашни Сада ҷанбаҳои нуҷумӣ низ, дорад. Аз ин айём батадриҷ шабҳо коҳиш ёфта, кӯтоҳтар мегарданд ва рӯзҳо тулонитар мешаванд. Дар ҳақиқат, Сада муқтадири нуҷумӣ дошта, ба ҳаракати ҷирмҳои кайҳонӣ зич алоқаманд буда, аз дониши ҳайратангези гузаштагонамон гувоҳӣ медиҳад ва ҳеҷ рабту таносубе ба оини оташпарастӣ надорад.
Наврӯз, Меҳргон ва Сада, пеш аз ҳама, ҷашнҳои кишоварзӣ мебошанд. Бо дарназардошти ин, дар ҷумҳурӣ ягона боргоҳи илму ҳунари кишоварзӣ – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, раёсат ва ҳайати профессорони он ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашнҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дастпарварони Донишгоҳ – мутахассисони ояндаи истеҳсолоти кишоварзӣ дар баробари омӯзиши дастовардҳои илму истеҳсолоти замонавӣ, дар руҳияи мероси пурғановати аҷдодони тамаддунофарамон, ҳамчун қосидони илму маърифат ба деҳот, тарбия ёбанд. Зеро мақсад на танҳо аз тарбияи соф мутахассис, балки аз тарбияи шахсияти бомаърифат, ки дар руҳияи волои хештандӯстӣ, ватанпарастӣ, шаъну шарафи миллат ва муҳаббат ба касби интихобкардааш тарбия ёфтааст, иборат мебошад.
Имрӯз шукр аз он мекунем, ки ба шарофати даъвату ҳидояти Ҳукумати ҷумҳурӣ Сада басо пуршукӯҳу хотирмон ҷашн гирифта мешавад, ки, бешубҳа, он боиси таваҷҷуҳи аҳли диёр, билхоса насли наврас, ба гузаштаи басо бою рангини илмию фарҳангӣ ва маънавии аҷдодонамон мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари “Тоҷикон дар оинаи таърих” чунин навиштаанд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони худ шуда наметавонад”.
Ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни бузург доштанд: дар баҳор Наврӯз, тобистон – Тиргон, тирамоҳ – Меҳргон, зимистон – Сада. Қобили қайд аст, ки гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд. Ниёгони тамаддунофари мо ҷиҳати талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин оинҳоро таҷлил карда, умеду орзу, нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода менамуданд. Ҷашни Сада дар саргаҳи ин ҷашнҳои миллӣ қарор дошта, ҳамчун рамзи хуррамиву ободӣ, тандурустиву шодкомӣ ва дуркунандаи зиштиву нопоки аҳамияти калони иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад.
Тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ин Ҷашни фархунда муборакбод намуда, ба хонадонашон гармии абадиву меҳру садоқат ва хушбахтиву хуррамӣ ва ба кишоварзон барору ҳосили фаровон таманно дорам.
Оташи Ҷашни Сада оташи меҳри
Ватан аст,
К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби
тор бувад.
МАҲМАДЁРЗОДА Усмон Маъмур,
ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, профессор,
узви вобастаи АИКТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.01.2023 №: 24 Мутолиа карданд: 1229