logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ


Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
СКАНВОРДИ ТОҶИКӢ
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
Таҳияи Манучеҳри САИД, 
сокини шаҳри Душанбе
Масъули рубрика 
Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
РУБРИКАИ НАВ! ҲАМВАТАНОНИ МУВАФФАҚИ МО
Рубрикаи “Ҳамватанони муваффақи мо” барои муаррифии ҳамватанони муваффақ, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, пешниҳод мегардад. 
ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ИМА УСТОИ ТАОМҲОИ ОСИЁӢ ШУД
 
Ҳамватани мо Ҷаъфар Умарови 29-сола дар тарабхонаи "Little Vietnam" (Ветнами хурд) дар Вашингтон ба ҳайси сар-ошпаз кор мекунад. Волидон мехостанд Ҷаъфарро дар самти ҳуқуқшиносӣ бинанд, аммо ӯ дар дигар соҳа комёб шуд. Чанде пеш нашрияи амрикоии The "Washington Post"  дар бораи ӯ барои хонандагонаш мавод таҳия намуд.
Ҷаъфар 15 сол боз бо аҳли хонаводааш муқими Амрикоанд. Дар "Ветнами хурд" ӯ барои муштариёнаш таоми Caesar Summer Rolls - роллҳои тобистонаи сезар омода мекунад, ки маҳз барои ҳамин хӯрок бисёриҳо ба ин тарабхона меоянд. Ҷаъфар, ҳамчунин аз уҳдаи пухтани ошу самбӯса, қурутоб, манту ва дигар таомҳои миллӣ, хеле хуб мебарояд. 
Бино ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба муваффақият сабр мебояду меҳнат ва ахиран, набояд фаромӯш кард, ки аз куҷо омадеду кӣ ба шумо аввалин имкониятро фароҳам овард.
 
Таҳияи Оламбегими НЕКҚАДАМ
 
 
ЭҲСОСИ ДИЛИ ХОҲАР
Хоҳари чеҳраи барҷастаи футбол Криштиану Роналду - Катя Авейру бародарашро қаҳрамони асосии зиндагиаш меҳисобад ва мегӯяд: 
«Агар рӯзе наберагон дар бораи чи будани мубориза, шараф, шуҳрат, меҳнат, фидокорӣ, монаеву талошҳо ва ба мақсад расиданҳо пурсанд, дар бораи ҳаёти тағояшон ба онҳо қисса хоҳам кард. Дар бораи нафаре, ки дар хонаи одие миёни уқёнус, дур аз маркази кишвар ба дунё омад ва имрӯз бо номи ӯ мамлакаташро мешиносанд. Дар хонае, ки бо сатил ва коса оби борон ҷамъ мекардем, аксаран оби борони сел... Дар хонае, ки фаршаш аз хоку лой буду дар бистари дунафара чор кас мехобидем. Падар дар ҷангҳои хориҷӣ иштирок мекарду модари дар ятимхона калоншудаамонро касе намешинохт... 
Бародарам ваъда дод, ки оиларо аз фақру нодорӣ, аз ин вазъият мебарорад ва ба танҳоӣ бо қудрати худ ба ин ноил гашт. Ҳеҷ гоҳ бар ноомадҳо таслим нашуд ва худро сохт. Ӯ қаҳрамони шикастнопазир аст ва зиндагиаш филми ҳақиқиест барои ибрат». 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГӮШТИГИРӢ ҲАМ ДАСТУ БОЗУИ ҚАВӢ ДОРАНД
 
Соли 1997 зимни мусобиқаи гӯштии миллӣ дар Корхонаи нассоҷии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғайриинтизор дар тан либоси гӯштигирӣ ба майдон баромаданд. Хайрулло Иззатов, собиқадори гӯштии миллӣ, ки шоҳиди ҳамин лаҳзаҳо буд, зимни як суҳбат дар телевизиони “Варзиш” ин манзараро чунин ба ёд овард: “Сарвари давлат бо ҷасорат ба майдон баромада, бо Султон Наботов ва Бачабеков зӯрозмоӣ карданд”. 
Табиист, ки ҳузури Пешвои миллат дар майдони гӯштӣ нишони ҷуръат, иродаи матин ба ҳар кору амал ва муҳимтар аз ҳама, тарғиби гӯштии милливу солимии ҷомеа аст, ки натиҷаҳои баланд ба миён овард. 
 
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
КӢ ДЕВОНА?
Дар комиссарияти ҳарбӣ:
- Рафиқ полковник, маро носолим гузаронед, 5 ҳазор пора медиҳам.
- Дурӯғ намегӯӣ?
- Не.
- Баъди шом қабристон биё, маслиҳат мекунем.
- Чавон вақте ба ҷойи ваъдагӣ мерасад, ҳолати аҷибро мебинад: полковник болои санги мазор нимурён нишаста суруд мехонад ва дар даст шасти моҳигирӣ дорад.
- Бандчаи пулро дар чангак руст карда мону рафтан гир, сарашро набардошта, - мегӯяд полковник.
- Пагоҳ вақте дар комиссарияти ҳарбӣ ҷавонро солим ёфта, барои хизмати 3-сола дар флот тавсия медиҳанд, якбора девона барин дод мезанад:
- Рафиқ полковник шаб панҷ ҳазор гирифтиву рӯзона ваъдаатро фаромӯш кардӣ?
- Кадом шаб, писарам, кадом панҷ ҳазор, барои туҳмат суд шуданат мумкин.
- Чӣ хел туҳмат? Шаб қабристон рафтам, дидам, ки шумо болои санги мазор, нимурён ашӯлахонон моҳӣ медоред, бандчаи пулро дар чангак руст карда омадам.
- Ё тавба, рафиқон аъзоёни комиссия, дидед ин бечора ақли худро хӯрда девона шудааст, ӯро на танҳо ба флот, умуман ба хизмат роҳ додан даркор нест, - мегӯяд полковник.
 
 Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ДАР ҶАҲОНИ САЙЁҲӢ
5.  ТАМОЮЛИ АСОСИИ САЙЁҲӢ ДАР СОЛИ 2023 
Солҳои охир дар соҳаи сайёҳӣ тамоюлҳои нав ташаккул ёфтанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти аз ҷониби хизматрасонии маъруф оид ба бандкунии манзил Booking.com анҷомдода, шаҳодати ҳамин гуфтаҳоянд.
1. САФАРҲОИ АВТОНОМӢ. Ҷаҳонгардони зиёд омодаанд, ки телефонҳои мобилии худро хомӯш карда, ба табиат наздиктар шаванд. Наздики 60 дарсади пурсидашудагон изҳор доштанд, ҷӯёи истироҳатгоҳе мебошанд, ки ба онҳо имкони дур шудан аз воқеият ва пурра буридан аз интернетро фароҳам меорад. Тақрибан ҳамин миқдори пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки  онҳо ба омӯзиши малакаи зиндамонӣ, аз қабили афрӯхтани гулхан ё ҷустуҷӯи хӯрок омодаанд. Бармало маълум, ки маъруфияти кемпинг, ҳамчунин сафарҳои экологӣ бо роҳбалад ва "глемпинг" - ҳои бо ҳузуру ҳаловат афзудан мегиранд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
НИМШӮХИВУ   НИМҶИДДӢ
ҲИЛА
 
Дар комиссарияти ҳарбӣ:
- Ҷавони хуб, шумо дар ҷадвал чиро мебинед?
- Мебахшед, духтурҷон, ман худатонро намебинам.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
БАЙТҲО
Боз ин дили шикаста хаёли висол кард,
Чизе хаёл кард, ки натвон хаёл кард.
* * *
Даст ар сияҳ шавад, набувад бок, эй рафиқ,
Дилро нигоҳ дор, ки монд ба асли хеш.
* * *
Эй мурдадил, ороиши марқад чӣ таманност?
Номи ту ҳамон беҳ, ки лаби гӯр нагирад.
 
Таҳияи А. РАҲИМ
 
 
 
РУБРИКАИ НАВ! АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
 
КОРТИ САФЕД   “муҷозот” барои корҳои одилона дар футбол
Бозии дастаҳои занонаи «Бенфика» ва «Спортинг» дар Ҷоми Португалия ҳоло вирди забони тамоми ҳаводорони футбол мебошад, зеро бори аввал дар таърихи футбол довар Катарина Кампуш  на корти зард ё сурх, балки корти сафед нишон дод, ки аз ин футболбозон ва мухлисон дар ҳайрат афтоданд.
Пеш аз анҷоми нимаи аввали вохӯрӣ вазъи саломатии яке аз футболбозони эҳтиётӣ бад шуд. Дарҳол табибони ҳар ду тим шитофта, ба бемор ёрӣ расонданд. Амали онҳо аз мадди назари довар дур намонд. Катарина ба табибони ҳар ду даста корти сафед нишон дод, ки ин онҳоро ҳайрон намуд, зеро одатан кортҳо ҳамчун ҷазо барои амали муайян ҳангоми бозӣ нишон дода мешаванд. Аммо ин дафъа не. Корти сафед ташаббуси нав дар Португалия буда, ҷиҳати эътироф ва ситоиши клубҳо барои бозии одилона нишон дода мешавад. 
Ҷорӣ намудани корти сафедро соли 2015 Президенти вақти УЕФА Мишел Платини пешниҳод карда буд. Аммо, бино ба пешниҳоди ӯ, корти сафед байни зард ва сурх буда, барои аз майдон хориҷ кардани бозигар танҳо барои 10 дақиқа пешбинӣ шудааст.
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
ҶОЙИ МАМНУЪ ДАР САЙЁРА
25.  10. ДАРВОЗАҲОИ ПРАВЧИТСК, ЧЕХИЯ
 
Дарвозаҳои Правчитск (Pravcicka Brana) яке аз машҳуртарин ёдгориҳои табиии Чехия буда, он бузургтарин дарвозаҳои регсангӣ (пештоқҳои сангин) - и Аврупоро дар бар мегирад. Аз соли 1982 барои кам кардани фишор ба ин ҷинси ба фарсоиш гирифторшуда, баромадан ба пештоқи сангин ба сайёҳон манъ карда шудааст. Вале харобшавии пештоқ ҳоло ҳам идома дорад ва геологҳо тахмин мекунанд, ки он ба наздикӣ мисли Равзанаи нилгун (Azure Window, ёдгории динии Малта, пештоқи оҳаксангӣ, ки соли 2017 фурӯ рехт) фурӯ мерезад.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН  
 
СЕ ПАНД
 
Зиндагӣ монанди зан аст, агар ҳам даркаш накардӣ, дӯсташ бидор.
 
***
Агар фақир ба дунё биёӣ, иштибоҳ аз ту нест, вале агар фақир бимирӣ, иштибоҳ аз ту аст.
 
***
Сукут беҳтарин ҷавобе барои ҳамаи пурсишҳост. Лабханд беҳтарин ҷавоб барои ҳар вазъияте аст.
 
Таҳияи Абдулқодири  РАҲИМ
 
 
 
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ 437 САВОЛИ КӮДАКИ ЧОРСОЛА ТО БЕНОМӢ ДАР ҶОПОН
 
1. Кӯдаки 4-сола дар як рӯз ба ҳисоби миёна 437 маротиба савол медиҳад.
2. Ақидае роиҷ аст, ки Ҷоизаи Нобел ба математикҳо барои он супурда намешавад, ки гӯиё ҳамсари Алфред Нобел бо олими математик гурехта бошад. Ин муҳобот аст. Алфред Нобел, умуман зан, нагирифта буд. 
3. Беш аз ҳама олимоне ба Ҷоизаи Нобел мушарраф гаштаанд, ки 28 феврал ва 21 май ба дунё омадаанд. 
4. Умри мардуми Шведсия аз мардуми дигар давлатҳо зиёдтар аст.
5. Ҳисси шунавоӣ ва биниши инсон баъд аз пурхӯрӣ коста мегардад.
6. Дар Ҷопон кӯчаҳо ном надоранд.
7. Шаҳпарак ҳангоми заминҷунбӣ наметавонад парвоз намояд.
8. Чашми шутурмурғ аз мағзи сараш калонтар аст.
9. Ҳар сония дар Офтоб 700 миллиард тонна гидроген нобуд мешавад. Вале ин боиси ташвиш нест, чунки ба ҳисоби олимон бо ин суръати маҳвсозӣ Офтоб боз 5 миллиард соли дигар умр хоҳад дошт.
10. Агар 10 доллараи Австралияро ду пора намоем, ҳар яки онро қонунан метавон чун 5-доллара истифода бурд.
11. Тимсоҳҳо ба хотири он ки боз ҳам ба умқи дарё чуқуртар раванд, санг фурӯ мебаранд.
12. Уштур метавонад дар пушти худ то 500 кило борро бардорад.
13. Мӯрчаҳо на танҳо хоб намераванд, балки шуш ҳам надоранд.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
ДАР ОЛАМИ АҶОИБОТ
ТӮЙИ СЕРХАРҶТАРИН
 
Дар асри миёна Вилгелм Гозенбург Крумау ном сокини Олмон тӯйе барпо кард, ки дар таърих яке аз тӯйҳои серхарҷтарин ба шумор мерафт. Дар он 398 сар хук, 113 гавазн, 320 барзагов, 1 ҳазору 579 ҷувона, 2 ҳазору 292  харгӯш, 2 ҳазору 687 гӯсфанд, 12 ҳазору 887 сар мурғи зотӣ ва боз бисёр дигар ҳайвоноту ҷонварҳо кушта шуданд.
Таҳияи 
Холназар КАСИРОВ
 
 
 
ҚОНУНСОЛОРӢ
Полис Сарвазири Британияро барои қоидаситезӣ ҷазо дод
 
Сарвазири Британия Риши Сунак барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби полиси кишвараш ҷарима шуд.
Кормандони ҳифзи тартибот қоидаситезии Сарвазирро тавассути наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид, сабт намудаанд. Дар навор дида мешуд, ки Риши Сунак ҳангоми идораи воситаи нақлиёт тасмаи бехатариро набастааст. Дар ҳамин ҳол, мансабдори олимақом ба гуноҳи худ иқрор шуда, дафтари матбуотиаш дар баёнияе эълон дошт, ки Сарвазир ҷаримаро пардохт хоҳад кард.
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
ЛИОНЕЛ МЕССИ ДАР КИШТЗОРИ ҶУВОРИМАККА 
 
Пас аз пирӯзии мунтахаби Аргентина дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол як мухлис ба ҳаяҷон омада, тасмим гирифт то акси азими бозигари дӯстдоштааш - Лионел Мессиро дар майдони ҷуворимакка тасвир намояд. Тасвир 50 гектари мавзеъро ишғол кард. Барои ин фермер Максимилиано Спинатсе алгоритмеро ҳисоб карда баровард, ки ҷиҳати анҷом додани акс бояд тухмиҳо дар саҳро дар куҷо шинонда шаванд. Ин шоҳкорӣ акнун фермаи ӯро дар музофоти Лос-Кондорес зеб медиҳад ва онро аз коинот ҳам, дидан мумкин аст. 
«Барои ман Месси мағлубнопазир аст. Акнун ӯ қаҳрамони ҷаҳон мебошад ва ман шодам, ки инро бо кишти ҷуворимакка таҷлил менамоям», - нақл мекунад фермер.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.01.2023    №: 24    Мутолиа карданд: 1310
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед