сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
27 январ суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов баргузор гардид.
Нахуст, сарварони ду давлат ҳамдигарро ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон табрик гуфтанд.
Президентҳо бо қаноатмандӣ тамоюли рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои ду кишварро мавриди таъкид қарор доданд. Дар ин зимн ҷонибҳо раванди тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва байнипарлумонӣ, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои муносибатҳои байниҳамдигариро дар қолаби шарикии стратегӣ мусбат арзёбӣ намуданд. Омодагии ҷонибҳоро барои идомаи ҳамкории фаъол дар ростои масоили мубрами глобалӣ ва минтақавӣ таъйид намуданд.
Сарвари давлати мо аз таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистон ба пешбурди пайгиронаи тамоми маҷмуи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ёдовар шуданд. Вобаста ба ин, аҳамияти идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва равобити эътимодбахш дар сатҳҳои олӣ ва баланд мавриди таъкид қарор гирифт.
Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.01.2023 №: 25 Мутолиа карданд: 265